ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОДО ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМ

 20.06.2022

Чун ба таърихи тамаддуни халқи хеш назар меафканем, возеҳ мебинем, ки ниёгони мо дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлоли меҳан чи қадар заҳматҳову ҷонисориҳое намудаанд. Бахусус, ҷанги шаҳрвандие,ки солҳои 90-уми асри гузашта мамлакати моро фаро гирифта буд, ба кушта шудан ва гурезаву муҳоҷир шудани ҳазорҳо нафар ҳамдиёрони мо оварда расонид. Кишварамонро бесарусомонӣ ва беҳукумати фаро гирифта буд. Хатари аз харитаи ҷаҳон нест ва маҳв гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Барои мамлакат дар ин вазъият сарваре лозим буд,ки ҷони худро барои сулҳу ваҳдати милли дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғуштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад. Инак, моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.

Аз миёни мардуми заҳматкаш бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ба маснади давлат шахсе баромад, ки ҳамдарди миллат буд. Аз ҷанги бемаънӣ,тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба руи ҳам боз намуда, ба бахти  мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омаданд.

Аз 12-декабри соли 1992 сарвари давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аввалин савганди ёднамудааш гуфта буд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…” Ва ба қавли худ устувор монд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Музокироти байни тоҷикон, ки ҳайати Ҳукуматро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо сарпарастии СММ роҳбарӣ менамуданд, 16 январи соли 1994 баргузор гардид.

Моҳи апрели соли 1994 марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Нахустин Эъломияи муштарак дар ин гуфтушунид оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар шаҳрҳои Алмато,Ашқобод,Бишкек Исломобод,Кобул ва Машҳад гузаронида шуд. Зиёда аз се сол ҷустуҷӯи роҳу усулҳои расидан барои сулҳу амонӣ барои тоҷикон идома ёфт Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро таи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд:

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздику дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево содо медиҳанду бевосита шунавандаро ба фикр водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори осоиштагӣ буда, ватандӯст будани ҳар як фардро инъикосгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дӯсту бародар будани халқҳои дунё, амну оромӣ дар саросари кишварҳо мебошад.

Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

Дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон имрӯз меваҳои шаҳдборе ба бор оврдааст. Бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз, чун як фарзанди бонангу номуси миллат меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст. Мисраҳои зер баёнгари нишоту шодмонӣ ва шукргузорӣ аз ин неъматҳои худодод буда, орзуву омоли ҳар як тоҷику тоҷикистониро бароварда месозанд:

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,

Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,

Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

Одиназода Саидмуҳуддин – донишҷӯйи курси 3-юми ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, факултети Технологияҳои инноватсионӣ


Назад к списку