Сохтмони қадима ва муосири Тоҷикистон муаррифгари санъати миллат дар сатҳи ҷаҳон

 06.01.2023

Сохтмони қадима ва муосири Тоҷикистон муаррифгари санъати миллат дар сатҳи ҷаҳон

Халқи тоҷик аз азал халқи санъаткор, меҳмоннавоз ва зебопараст буд ва то ҳол ин санъати худро насл ба насл давом дода истодааст. Сохтмонҳои муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон далели он аст, ки халқи тоҷик санъати меъмориро  то ба дараҷае аз худ намудаанд, ки ин санъат  давлати онҳоро дар рӯи олам ҳамчун нигини ҷилодиҳанда нишон додааст. Агар мо саҳифаҳои таърихиро варақ гардонем, дар саҳифаҳое, ки номи тоҷикон дарҷ гардидааст, аз санъати меъмории онҳо қалъаҳое низ оварда шудаанд.

         Қалъаҳои Бухорову Самарқанд, Ҳироту Шероз аз ҷумлаи санъати меъмории халқи тоҷик аст. Баъзе таърихшиносон бар он назаранд, ки дар қалъаҳои Риму Юнони қадим, ҳатто дар қалъаҳои Мисри Қадим санъати меъмории халқи тоҷик ба назар мерасад. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки кадом намуди санъати меъморӣ дар халқи тоҷик дида мешуд?. Аз санъати меъморӣ дар халқи тоҷик бештар нақшу нигор дар деворҳо тавассути гаҷ,  офаридани ҳар гуна асарҳои эҷодӣ дар тани чӯб, яъне санъати дуредгариро дидан мумкин аст. Аз сабаби дар ҳайати ИҶШС будани халқи тоҷик санъати меъмории худро каме аз даст дода, ба санъати мардуми рус бештар таваҷҷуҳ мекард, аммо бо ба даст овардани истиқолият ва ба сари қудрат омадани марди шуҷое, ки номашро метавон дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишт, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъату фарҳанги тоҷиконро дубора зинда намуд. Имрӯз биноҳои баландошёнае ки дар сарзамини тоҷикон сохта мешаванд, албатта санъати тоҷиконро ҳар яке аз он дар тани худ нишон медиҳад. Бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳандисони ҷавони тоҷик дар фазои сулҳу субот дониши худро сайқал  дода, баҳри ободии кишвар саҳми худро гузошта истодаанд. Хусусан, бо дастгирӣ ва роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ, шаҳри азизи мо ба яке аз шаҳрҳои зеботарин  дар ҷаҳон табдил ёфта, диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Бинои Кохи Наврӯз, Маҷмааи Бурҷи Истиқлол аз ҷумлаи санъати меъмории муосири халқи тоҷик аст, ки бо зебогии худ ҳар як бинандаро бар ёди таърихи гузаштаи санъати меъмории халқи тоҷик мебарад. Чунки дар биноҳои номбурда санъати меъмории халқи тоҷик пурра иникос ёфтааст, санъати гаҷкорӣ, санъати дуредгарӣ, дар ин биноҳо то ба дараҷае инъикос ёфтааст,ки дили бинандаро мафтуни омӯзиши ин  касбҳо мекунад.

        Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол аз ҳама соҳаи тарақикарда соҳаи сохтмон ба ҳисоб меравад. Бархе аз гурӯҳи одамон бар он назаранд ки сохтмонҳои замони муосир на он қадар устувор буда, талабот ба онҳо хеле кам мебошанд ва ҳамчунин онҳо тарафдори сохтмонҳои замони Шӯравианд. Ин албатта хатост, чунки сохтмонҳои замони муосир дар баробари илму техника пеш нарафта аз ҷониби олимони соҳаи сохтмон як қатор кашфиётҳо гузаронида нашуда соҳаи сохтмонро боз ҳам тараққӣ надодаанд.

           Агар  ба сохтмонҳои замони шуравӣ назар андозем, фақат биноҳои баландиашон то 9 ё 10 ошёнаро дида метавонему халос, аммо агар мо ба сохтмонҳои замони муосир яъне баъди ба даст овардани истиқлолият  назар андозем, сохтмонҳои баландиашон то 20-25 ошёнаро дар Тоҷикистони навин дида метавонем. Сири ин корҳо дар он аст,ки соҳаи сохтмон дар давраи ИҶШС на он қадар чуқур омӯзонида мешуд, масалан дар давраи ИҶШС барои кандан ва тайёр кардани ҷойи як бино чор панҷ моҳ мунтазир мешуданд, то ки замин мустаҳкам шавад. Айни ҳол бошад бо пеш рафтани технология усулҳои гузоштани мехсутун дар зери бино истифода бурда мешавад, ки ин кори  муҳандисро барои сохтани бино хеле осон мегардонад.

Агар мо ҷиҳати  иқтисодии  сохтмонро назар  кунем,  бо баробари рушд ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми иқтисоди бозорӣ аксарият сохтмонҳо аз тарафи соҳибкорон сохта мешаванд, ки ин метавонад ба зебогии кишвари мо  ва ҳамчунин ба беҳтар шудани тиҷорати худи соҳибкорон  оварда расонад.

Ҷонхонов Рустам Саидҷаъфарович

донишҷӯи бахши 3-и гуруҳи 27-0101-17

(иқтисодиёт ва идоракуни дар сохтмон)

факултет: Иқтисодиёти соҳаҳо ва идора


Назад к списку