ПАЁМ-МУТТАКОИ СОҲАИ МАОРИФ

 24.01.2023

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколати конститутсионии худ, тибқи моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсати дохилу хориҷи  кишвар, дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ менамоянд, ки он дар шакли Паём ироа гардида, аз демокративу соҳибихтиёр будани кишвар шаҳодат медиҳад.

       Паёми Пешвои миллат бори аввал санаи 27 апрели соли 2000 ба парлумони мамлакат ироа гардида, Паёми имсола ( 23 декабри соли 2022) 24-умин Паёми сарвари давлат ба мақоми олии кишвар мебошад.  Ҳар яке аз ин Паёмҳо хусусиятҳои хоси худро дошта, ҳамчун санади муҳими барномавӣ, стратегияи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, рушду дастовардҳоро таҳлилҳои амиқи илмӣ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дурнамои рушди Ватани азизамонро муайян менамояд.

       Рушди соҳаи маориф ва илм, ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, насли наврасу ҷавон, ҳамчун захираи тиллоӣ ва ояндасози миллат арҷгузорӣ мегарданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят намуданд ва мактабро ба ҳайси боргоҳи илму маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас арзёбӣ карданд.

Пешвои муаззами миллат арҷу эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта қайд намуданд, ки: “Агар, мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

        Ин суханони Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат, ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Тибқи унсурҳои Консепсияи миллии тарбия, ки ҳамчун санади беҳтарини раҳнамунсоз барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба шумор рафта,  ин самт бояд дар мадди назари ҳамагон қарор дода шавад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондустӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбия-ташаккули инсони комил, соҳибватан, дорои нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.

Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 зери рақами 94 тасдиқ намудааст, ба масъалаҳои тарбияи миллии насли наврас диққати зиёд дода мешавад.

      Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ, педагогӣ буда, барои ба низом даровардани ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи илму маориф ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва зиёд намудани қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба ин соҳаи афзалиятнок, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ, Пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз баланд бардошта шавад, ки ин омил барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии зиёиён ва омӯзгорони кишвар мусоидат менамояд.

       Барои рушди илму маориф Пешвои муаззами миллат ба масъулин дастур доданд, ки муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъол гузоранд. Инчунин, таъкид намуданд, ки вобаста ба вазъияти илмии кишвар, ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонидан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, тадбирҳои муассир андешида шавад.

       Дар Паёми имсола, Президенти мамлакат ба сифати тайёр намудани мутахассисони касбу кори гуногун, то соли 2026 пурра соҳибӣ касбу ҳунар намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир, пайванди илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, иқтисоди рақамӣ ва таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо донишгоҳҳои пешрафтаи дунё, оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ таваҷуҳи ҳоса зоҳир намоянд. Дастур  доданд, ки масъулин ҷиҳати аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ, ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ табдил ёфтани Ватани азизамон мусоидат намояд.

     Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саршор аз ҳикматҳои дурандешона, созандагиву бунёдкорӣ, даъват ба некиву нексириштӣ, садоқат ба Ватан, дар руҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани мардуми кишвар, махсусан ҷавонону наврасон иборат мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат мардуми моро ба сӯи музаффариятҳо, рушди босубот, донишу маърифати баланд, хайрхоҳиву саховатмандӣ ва фатҳи қуллаҳои баланд бурда мерасонад. 

Сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ
Муродов Амиршоҳ

Назад к списку