Рушди иқтисоди сабз кафили истиқлолияти энергетикӣ

 11.03.2023

Дар замони имрӯза яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди сабз ин рӯ ба ташаккулёбии захираҳои оби буда, сиёсати истифодабарии мақсадноки ин захираи бебаҳои табиӣ аз ҷониби олимону мутахасисони соҳаи экологӣ ва сарони давлатҳо дар ҳамоишҳои сатҳи байналмиллалӣ мавриди омӯзишу барраси қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарчашмаҳои бузурги оби ошомиданӣ буда,  захираҳои обӣ  дар таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар нақши муҳим доранд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҳамаи мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ  таваҷҷуҳи худро бештар ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ равона намуд.

Гарчанде  беш  аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон маҳфуз аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати истифодабарии мақсадноки ин неъмати бебаҳои табииро дар ҳамкории муфиди давлатҳо ин минтақа  ва ҷаҳон ба роҳ мондааст.

 Бояд қайд намуд, ки 95%- и барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва асоси иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оби дарёҳо ташкил медиҳанд. Мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ  оби ҳамаи дарёҳои кишварамон ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф шудаанд, ки яке аз манбаи асосии истеҳсоли энергияи  сабз ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор мераванд.

Тӯли 32 соли истиқлолият дар самти бунёди НБО ва азхудкунии захираҳои гидроэнргетикӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз қабили  25 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 2,4 млрд. доллари ИМА , мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670МВт), «Сангтӯда-2» (220МВт), Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» (400 МВт) ва неругоҳҳои барқии обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии  1320 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и «Норак»», хатти интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», ду хатти интиқоли барқи 500 кВ аз НБО Роғун то зеристгоҳи «Душанбе-500», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-и «Норак» ва НБО-и «Қайроққум» ва хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Тоҷикистон — Афғонистон», «Хуҷанд – Айнӣ», «Қайроқум-Ашт»,  «Геран-Румӣ», «Қайроқум-Суғд» ва «Айнӣ–Рӯдакӣ» .

Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 "Соли байналмилалии оби тоза", солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", соли 2013 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" ва ниҳоят солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" эълон карда шуданд.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  23 декабри соли 2022 баргузор гардид оид ба як қатор дастовардҳо дар соҳаҳои муҳими кишвар ёдоварӣ  намуд. Яке аз ин дастовардҳо дар соҳаи сиёсати хориҷии кишвар дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Инчунин, Пешвои миллат борҳо дар баромадҳояшон оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим, таъсири манфии глобалӣ  ва минтақавӣ доштани  он дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим суханрони намуда такид карданд, ки бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» чораҳои зарурӣ андешида шавад. Барои амалӣ намудани «лоиҳаҳои сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки  ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар ин самт таҷриба доранд ва ин лоиҳа амалӣ шуда истодааст, бештар таваҷҷуҳ намуда, аз таҷрибаи онҳо самаранок истифода барем.

 Татбиқи «лоиҳаҳои сабз» хусусан,  истифодаи васеи манбаҳои таҷдидшавандаи “энергияи сабз” ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, бо роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои туризми сабз табдил гардида, ояндаи наздик метавонад дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф бошад.

 

Омӯзгори кафедраи “Физика”-и

ДТТ ба номи М.С. Осимӣ

Зокиров Фурқатшоҳ Шаҳриёрович

 

 

 


Назад к списку