Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонид.
Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, ки он аз 6 боб ва 17 модда иборат аст. Қонуни мазкур санаи 2-юми августи соли 2011 бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Қонун ба муҳокимаи умум қайд намуданд, ки Қонуни мазкур ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба ӯҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаҳо ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидонро нисбат ба фарзандон мушаххас карда, татбиқу риояи қонуни мазкур барои тарбияи устувори ахлоқии ноболиғону наврасон ва омода кардани онҳо ба тарзи ҳаёти солими оилавӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст. Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист, ба ҷомеа, хоса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва қонуни мазкур садди роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст.
Аз мазмун ва мундариҷаи қонуни мазкур чунин хулоса бармеояд, ки масъулияти гузоштани хишти аввалро ба ояндаи фарзандон волидон бояд доимо дар мадди назар дошта бошанд. Зеро падару модар дар ибтидои ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонибинии кӯдак нақши меҳварӣ дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсиро бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯи ҳамин захираҳои зеҳнӣ муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд. Ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо намуда, мақому нақши онҳо дар зиндагии наврас як умр боқӣ мемонад. Ба тасвиб расидани ин қонун пеш аз ҳама меъёрҳои ҳуқуқии масъулияти волидайнро дар таълиму тарбияи фарзанд муайян намуд.
Ҳарчанд ин вазифа аз лиҳози биологӣ асос дорад ва ҳам аз лиҳози динӣ-ахлоқӣ тавассути меъёрҳои анъанавии иҷтимоиву ахлоқӣ низ мустаҳкам гардидааст, вале чуноне ки дар солҳои охир ба назар мерасад, ҳанӯз ҳам волидони зиёде нисбат ба ин вазифаҳои тарбиявии худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Бинобар ин, тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба хотири назорати ҳуқуқии раванди таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии волидон қабул шуда, иҷрои он барои ҳар як падару модар, қабл аз ҳама муносибати некбинонаи онҳо ба ояндаи фарзандонашон ва ҳамзамон адои амонати виҷдонию инсонии онҳо дар назди ҷомеа ва Худованд аст.
Барои татбиқи амалии ин қонун пеш аз ҳама низоми сиёсии кунунӣ мувофиқат мекунад, зеро низоми давлати дунявӣ-демократӣ имконият медиҳад, ки чунин масъалаҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим карда шаванд. Ҳадафи асосӣ дар тафаккури насли наврас ҷойгузин кардани эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, меъроси ниёгон, арзишҳои умумиинсонӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, парчам, истиқлолият, забон ва дигар арзишҳои миллӣ буда, мо бояд роҳ надиҳем, ки дар зери таъсири омилҳои бегона тафаккури насли наврас ташаккул ёбад. Зеро дар чунин ҳолат дар тафаккури ин насл як навъи бегонагӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ пайдо мешавад. Агар чунин омилҳо дар ҷомеа тақвият ёбанд ва таъсири аз худ бегонашавии ҷавонон шакл гирад, дар ин маврид, ҳифзи давлати миллӣ метавонад ба мушкилоти зиёд дучор шавад.
Аз ибтидои қабули Қонуни мазкур то имрӯз ҷиҳати омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи он ҳамасола қариб аз тамоми корхонаву вазоратҳо, муассисаҳои таълимӣ мутахассисону коршиносон, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи нақшаҳои муштарак ба тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо сафарбар гардида, бо аҳли ҷамоатчигӣ, хонандагону омӯзгорон, ҷавонону занон, фаъолон ва раисони кумитаи маҳалаҳо вохӯриву мулоқотҳо баргузор менамоянд.
Дар матбуоти даврӣ, хусусан телевизион ва радио, рӯзномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ ва шаҳрӣ барномаҳои мазмуну моҳияти тарбиявидошта таҳия ва нашр карда шуда, бо иштироки масъулини соҳа мизҳои мудаввар, маҳфилҳои гуногуни маданиву фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Мутобиқи моддаи 5-и боби 1-и Қонун «таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа» мебошад. Яъне тибқи мазмуни банди мазкур, тарбияи наврасон вазифаи танҳо падару модар нест, балки вазифаи умумиҷамъиятӣ ва ӯмумишаҳрвандӣ низ мебошад. Аз ин рӯ, новобаста аз касбу кор ҳамаи табақаҳои ҷомеа вазифадор мебошанд, на танҳо дар таълиму тарбияи фарзанд дарки масъулият кунанд, балки онро содиқона адо намоянд.
Дар ин замина метавон зикр намуд, ки бобати мустаҳкам намудани алоқаи се ниҳод, мактабу оила ва ҷомеа роҳу усулҳои гуногун татбиқ карда мешаванд. Масалан, дар таҷрибаи вилояти Суғд бо мақсади самарабахш намудани татбиқи қонун ва пайванди доимии мактаб, волидайн ва ҷомеа дар аксари шаҳру ноҳияҳои ин вилоят алоқаи мактабу волидайн тариқи паёмакҳои мобилӣ сурат гирифта, ҳамарӯза волидайн аз натиҷаи донишомӯзии фарзандон дар мактаб маълумот мегиранд.
Албатта чунин усули корӣ дар айни замон хеле самарабахш аст, зеро масъулияти тарафайнро зиёд мекунад ва дар сурати имконпазир будани он метавон дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ онро татбиқ кард. Аз истифодаи беҳудаву бозӣ дар телефонҳо бо чунин мақсад истифодаи он беҳтар ва хубтар мебошад. Инчунин таҷрибаи баъзе мактабҳои шаҳр дар бораи ҳаррӯза дар сомонаи мактаб гузоштани натиҷаи хониши хонандагон низ хеле судбахш мебошад, зеро мо волидайн аз натиҷаи хониши онҳо ҳаррӯза маълумот пайдор мекунем ва метавонем таҳсили фарзандонро назорат кунем. Дар ин маврид робитаи мактабро бо волидайн метавон боз ҳам тақвият бахшид.
Моддаи 12-и боби 4-и Қонуни мазкур, ки ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар таълиму тарбияи кӯдак масъуланд, таъмин менамоянд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ ташкили “Рӯзҳои падару модар” ва баррасӣ намудани масъалаҳои асосии марбут ба масъали мазкур низ яке аз роҳҳои беҳтар намудани муносибати волидайн ва мактаб мебошад. Таъсис додани лавҳаи «Оилаи намунавӣ» дар муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии оилаҳои осебпазир ва расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ низ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Мутаассифона, масъалаи аз таълим берун мондани кӯдакони синни мактабӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни онҳо яке аз мушкилотҳои доғи рӯз боқӣ мондааст. Муассисаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам кор мебаранд. Фақат дар вилояти Суғд амалиёти ошкоркунӣ таҳти унвони “Оворагард”, “Ноболиғ” марҳила ба марҳила дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, зиёда аз 1600 нафар наврасон бо ҳар намуди ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва бо волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд.
Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии оила ва ҳифзи кӯдакон чорабиниҳо ва барномаҳои гуногуни маданиву фарҳангӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда шуда, бо ин васила ба таблиғи оилаҳои намунавӣ ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии наврасону ҷавонон тавсеа бахшида мешаванд. Мо бояд таълими ҳисси ватандӯстиро дар тафаккури кӯдак бояд аз синни то мактабӣ оғоз намоем ва дар заминаи ҳамин таълимот онро ба воя расонем, то ин ки дар оянда ин наслҳо ҳомиёни ҳақиқии Ватан гарданд.
Чуноне ки таъкид гардид, Қонуни мазкур бо дарназардошти зарурияти бунёд ва таҳкими оилаи солим ҳамчун муҳимтарин ниҳод ва мактаби тарбияи иҷтимоии насли наврас таҳия ва қабул шудааст. Зарурати ташкили оилаи солим ва пурзӯр кардани нақши тарбиявии он моро водор менамояд, ки барои ин мақсад аз тамоми роҳу усулҳо, воситаҳо ва имкониятҳои дастрас самаранок истифода барем. Яке аз далелҳои асосие, ки зарурияти таваҷҷӯҳи бештар додан ба масъалаи таҳкими асосҳои ҳуқуқии оилаи солим ва ташаккулу танзими муносибатҳои оилавиро собит менамояд, нисбатан суст шудани нақшҳои анъанавии тарбиявӣ- иҷтимоии ин ниҳоди мазкур мебошад. Буҳрони оила барои ҷомеа оқибатҳои хеле бад дошта, яке аз пайомадҳои номатлуби он зуҳури косташавии ахлоқи насли наврас мебошад. Ахлоқ ва рафтори зишт падидаи номатлубест, ки мавҷудияти он ҷомеаро хароб сохта, тамаддунро ба таназзул мекашад. Воқеияти онро дар ҳар як давраи таърихии инсоният ва ҳама халқияти башар мушоҳида намудан мумкин аст, яъне он дар асл маҳдудияти ҷуғрофӣ ва миллӣ надорад. Мо имрӯз шоҳиди ҳоли интиқоли падидаҳои номатлуб аз як минтақа ба минтақаи дигар ҳастем ва дастовардҳои технологии муосир дар интишори чунин падидаҳои номатлуб нақши бориз доранд.
Мутаассифона, таблиғи идеяи ҷиҳод ва ифротгароӣ имрӯз ҳазорон ҷавононро аз кишварҳои гуногун ва сатҳи иҷтимоии гуногун ҷалб намуда, онҳоро аз роҳи таблиғи нодурусти дини ислом ба худкуши бурда истодаанд. Ҳазорон ҷавонон дар ин ҷангҳо ҷони худро қурбон карданд. Ва ҷавонони Кишвари мо низ аз таъсири чунин тарғиботҳои ифротӣ канора набуда, теъдоди зиёди онҳо маҳз аз тариқи шабакаҳои интернетӣ бо таълимоти ҳамин гурӯҳҳо шинос шуда, кишварро тарк карда, аъзои онҳо шуданд. Он касоне ки аз миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аъзои ин ҳаракатҳои террористӣ шуданд кам нестанд, вале онҳое, ки дар хонаҳояшон буданд ва ҳаррӯз аз сомонаҳои интернетӣ истифода мебурданд, наход падару модаронашон як бор аз онҳо суол намекарданд, ки шумо чиро аз ин сомонаҳо омӯхта истодаед. Албатта дар ин маврид пеш аз ҳама волидайн айбдор аст, зеро мо барои фарзандонамон ҳамаи шароитҳоро муҳайё карда, ягон бор назорат намебарем, ки онҳо ба чӣ кор машғуланд.
Таҷрибаи ҳаётии мо волидайн собит намуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҳар соату дақиқа эътибори хоса зоҳир намудан зарур аст. Таҳлилу омӯзишҳои гузаронида дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо аён намуданд, ки ҳарчанд ҷиҳати таъмини Қонуни мазкур корҳои муайяне иҷро шуда бошанд ҳам, вале на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шудаанд. То ба ҳол шахсони алоҳида ва масъулини соҳа аз мӯҳтавои Қонуни мазкур маълумоти кофӣ пайдо накарда, масъулият ва ӯҳдадориҳои худро дар тарбияи фарзанд ба таври бояду шояд эҳсос накардаанд.
Аз маълумотҳо бармеоянд, ки дар ҷумҳурӣ то ҳол шумораи назарраси наврасону ҷавонони ба рафторҳои ғайримеъёрӣ ё каҷрафторӣ мисли нашъамандӣ, худкушӣ, танфурӯшӣ ва ғайра тамоил доранд ё чунин рафторҳоро содир мекунанд. Бо вуҷуди баргузории амалиёти ошкоркунӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда то ба ҳол иштироки наврасон дар нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ кам нашудааст. Таҳлилу омӯзишҳо собит намуданд, ки мӯҳтавои барномаи ин гуна марказҳои бозӣ ва дилхушӣ асосан аз зӯроварӣ ва куштор иборат буда, ин омил ба раванди ташаккули шуури кӯдак таъсири манфии худро мерасонад ва кӯдакон дар тақлид аз бозиҳо усули зӯровариро шоҳроҳи зиндагии худ қарор медиҳанд. Бадбахтона чунин наврасон дар ниҳоят ба корҳои зишт даст зада, ҳам ҳаёти худро месӯзонаду ҳам боиси беобрӯ шудани оила мегарданд.
Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар татбиқи қонуни мазкур худро масъул ва ӯҳдадор ҳисобида, зиндагии фарзандро бояд тибқи нақшаи муайян амалӣ намоянд. Дар сурати беэътиноӣ ба қонун ин маънои хиёнат ба фарзанд, Ватан ва ояндаи миллату давлат аст. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.
Самадов Ҳ.Ҳ.
Ҳусейнов Ш.А.