ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛАТ МУБОРАК ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМ!

 01.10.2021

Воқеан чун ба таърихи тамаддуни халқи хеш назар меафканем, возеҳ мебинем, ки ниёгони мо чи заҳматҳоеро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ кашидаанд.

Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиқлоли Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлоли комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.

Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябри ҳамон сол расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Солҳои соҳибистиқлоли барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худошиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Агар дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти миллӣ дар вазъияти ором ба миён омада бошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти миллии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст.

Бешубҳа, самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Ва бошад, ки иди муқаддаси Истиқлолият, барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Лоиқов Н.М. – донишҷӯйи курси 4-уми факултети Энергетикӣ.


Назад к списку