ИСТИҚЛОЛ –  ЧАРОҒИ РОҲНАМО БАҲРИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

 25.08.2025

ИСТИҚЛОЛ –  ЧАРОҒИ РОҲНАМО БАҲРИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

 

Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Истиқлол қувва ва нерӯи бузурге барои ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, нишон аз пойдории давлат, ба даст овардани шиносномаи байналмилалӣ, пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин ва пайдо намудани шарафу эътибор дар созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Истиқлоли давлатӣ барои мо тоҷикон на танҳо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, рамзи асолату ҳувият, хонаи обод ва зиндагии осоиштаи шахсӣ, балки омили аслии рушду тараққии ҳамаи соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли комили худро баъд аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябри соли 1991 ба даст овард ва дар харитаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Бо шарофати ба даст овардани мустақилият Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, имрӯз онро дар сар то сари ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуда, миллати тоҷикро кулли мардуми сайёра мешиносанд ва пешниҳодҳои онро дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ матраҳ менамоянд.

Маҳз бо талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ва ташаббусҳои глобалӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарият мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфуз, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра мебошад.

Яке аз падидаи дигари муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки ҷиҳати ҳалли як қатор мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дарки баробариву ҳамкориҳои судманд дар сатҳи байналхалқӣ манзур гардиданд.

Дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва барқарор гардидани суботу амнияти сиёсӣ, мо имкон ба даст овардем, ки барномаҳои муҳимми рушди иқтисодиву иҷтимоиро дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегиамон амалӣ намоем ва ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузорем. Дар робита ба ин бояд қайд намуд, ки мо тоҷикон ифтихор аз он мекунем, ки ҳоло ҷумҳурии мо дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун роҳнамои созандагиву бунёдкорӣ ба мо имкон, ки дар давоми 34 сол ба дастовардҳои зиёд аз ҷумла таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, доштани рамзҳои давлатӣ, таъсиси Артиши миллӣ, ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ, бунёди нерӯгоҳҳои барқии хурду бузург аз ҷумла НБО-и “Роғун”, ки яке аз иншооти бузурги аср ба ҳисоб меравад, бунёди роҳҳою пулҳо ва нақбҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар саросари кишвар, аз 10,5 млн сомонии соли 1991 ба 153,4 млрд сомонӣ дар соли 2024 баробар гардидан ҳаҷми ММД, 67,8 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ, аз 358 корхонаи саноатии дар соли 1991 фаъолияткунанда ба 3774 адад расонида шудани онҳо, таҷдиду бунёд намудани зиёда аз 289 иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ, беш аз 9 маротиба зиёд намудани иншоотҳои варзишии кишвар, бунёди 1258 муассисаи нави тиббӣ, ҷиҳати таъмини озуқавории аҳолӣ ҷудо намудани 80 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди 4037 иншооти замонавӣ дар соҳаи маориф инчунин дастгирии соҳаи маориф ҳамчун сармояи инсонӣ ҷиҳати рушди давлат ва дигар дастовардҳо ноил гардем.

Бояд қайд намуд, ки аз замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз соҳаи мактабу маориф ва омӯзгору хонанда ҳамчун ниҳоди калидӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳамаи самтҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Масалан, бунёд ва таҷдиди муассисаҳои таълимии замонавӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳазонидани онҳо, қабул намудани садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ба танзим даровардани соҳа далели суханҳои овардашуда мебошанд.

Ҳамзамон, ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва шароити иҷтимоии он ҳамчун тарбиятгари насли наврас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор"-ро қабул ва барои тасдиқ ба парлумон ирсол намуд.

Таваҷҷӯҳи беандоза ва ғамҳориҳои давлат нисбат ба соҳаи маориф имкон фароҳам овард, ки шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, ҳамасола беш аз 6 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Хулас ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳия ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ талош варзем.

 

 

Убайдзода Қандил – муовини декан оид ба тарбияи факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идораи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ


Назад к списку