МАОРИФ – ОШЁНИ МАЪРИФАТ

 30.08.2025

МАОРИФ – ОШЁНИ МАЪРИФАТ
 
Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки он, ки маориф дар рушди давлат нақши асосӣ ва калидӣ дорад, ташаккули маорифи устуворро яке аз афзалиятҳои сиёсатгузории худ қарор дода, иқдомҳои ҷиддиеро дар ин самт роҳандозӣ намуда истодаанд, ки дар баробари бунёди мактабу муассисаҳои замонавӣ соҳаи маорифи рушдкардаро ташаккул медиҳанд.
 
Дар ин замина бо мақсади рушди соҳаи маориф, ҳанӯз соли 2010 дар ҷумҳурӣ “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон гардидан, ҳамчунин роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ва имрӯз таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” баёнгари таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар дар ин самт аст.
Дар тули 34 соли истиқлоли давлатӣ, бунёди зиёда аз 3000 иншооти соҳаи маориф барои ташаккули насли наврас, ватандӯстии талабагон ва донишҷӯён, ҷалби онҳо дар омӯзиши илму ҳунар, аз худ намудани техника ва технологияи навин, рӯ овардан ба доираи васеъи истифодаи шабакаҳои интернет заминаи хуб ва беназир аст.
 
Дар баробари ин замони муосир, пешрафти илм ва техника, технология, муҳит ва воқеияти нави иҷтимоӣ, идеологияи нави ҷамъият дар назди мактабу омӯзгор ва илму маориф дар бобати тайёр кардани мутахассисони баландкасб вазифаҳои наверо мегузорад.
Дар бисёр мавридҳо мушоҳида мегардад, ки барои интихоби касб ба хонандагон падару модар кӯмак мерасонанд, ё дар ҳолатҳои дигар худи волидайн маҷбуран ба фарзандон касб интихоб менамоянд. Дар интихоби касб бояд шавқу рағбати хонанда ба назар гирифта шуда, ба мустақилияти интихоби он монеъа эҷод карда нашавад, зеро эҷоди монеъа ба фарзанд таъсири манфӣ расонида, истеъдоди воқеии он пурсамар инкишоф намеёбад.
 
Дар баробари ин омӯзгор низ рисолати пуршарафи худро дар назди ҷомеаъ аз рӯи дарку масъулият иҷро намояд ва сегонаи ба ҳам пайвастаи аз ҳамдигар бевосита алоқаманд, яъне мактаб – волидайн – ҷомеъа қарзи худро дар назди давлату ватан адо намоянд.
 
ЛОИҚ Қасобов — дотсенти кафедраи неругоҳҳои электрикии
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Назад к списку