ОМӮЗГОР ШАЪНУ ШАРАФИ МИЛЛАТ ВА ИМРӮЗУ ФАРДОИ КИШВАР

 01.10.2025

ОМӮЗГОР ШАЪНУ ШАРАФИ МИЛЛАТ ВА ИМРӮЗУ ФАРДОИ КИШВАР

 
Омӯзгорӣ яке аз пешқадамтарин ва муҳимтарин касбҳои инсонӣ мебошад, ки на танҳо ба таълим ва тарбияи насли нав маҳдуд аст, балки ба шаклгирии маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа низ таъсири калон мерасонад. Агар мо ба таърихи инсоният назар афканем, мебинем, ки ҳар қаҳрамони маърифат ва илм ҳамеша ба маърифатпарварӣ ва интишори дониш содиқ буд. Аз ин рӯ, омӯзгорро на танҳо ҳамчун нафаре, ки дониш меомӯзад, балки ҳамчун шахсе, ки рисолати маънавӣ ва фарҳангӣ иҷро мекунад, метавон эҳсос намуд.
Омӯзгор шахсест, ки барояш на танҳо иттилооти илмӣ муҳиманд, балки тарбия, тарз ва услуби ҳаёт, андеша ва маърифати насли нав низ дар мадди аввали рисолати онҳо қарор дорад. Маҳз омӯзгорон ҳастанд, ки тафаккури насли ҷавонро ташаккул медиҳанд, имконият медиҳанд, ки ҷавонон дарки дуруст аз зиндагӣ, маърифат ва фарҳанг пайдо кунанд. Омӯзгор ҳамчун меъмори маънавии ҷомеа амал мекунад, ки заминаи рушди илм, фарҳанг ва ҷомеаро муайян мекунад.
 
Дар замони муосир, вақте ки ҷаҳон босуръат пеш меравад ва иттилоот ва технологияҳо ҷойгоҳи калидӣ пайдо мекунанд, нақши омӯзгор боз ҳам аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дар ин шароит омӯзгор на танҳо ба донишҳои академӣ диққат медиҳад, балки кӯшиш мекунад, ки насли ҷавонро ба фикрҳои созанда, масъулиятшинос, ватандӯстона ва озодандешона тарбия намояд.
Вақте мо мегӯем, “Омӯзгорӣ вазифа нест, рисолат аст”, ин маънои онро дорад, ки омӯзгор вазифадор ба иҷрои корҳои маъмул нест, балки ӯ барои иҷрои як вазифаи маънавӣ ва ахлоқӣ талош мекунад. Рисолати омӯзгор дар он аст, ки шахсияти ҷавонро ба сӯи камолот, дониш ва маърифат роҳнамоӣ кунад. Ин рисолат танҳо бо омӯзиши доираи муайяни фанҳои таълимӣ маҳдуд намешавад, балки ба тарбияи ахлоқ, эътиқод, меҳанпарастӣ ва худшиносӣ низ масоҳати бештарро ишғол мекунад.
 

Истилоҳи «рисолат» аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш вазифа ва вазифадорӣ нест, балки масъулияти баланди маънавӣ мебошад. Омӯзгор барои иҷрои ин рисолат бояд самимият, масъулиятшиносӣ, дониши васеъ ва фаҳмиши амиқ аз ҳаёти ҷомеа дошта бошад. Аз ин рӯ, ҳар омӯзгор на танҳо омӯзандаи фан, балки роҳнамои маънавӣ ва ахлоқӣ ба шумор меравад.Ҷомеа бе омӯзгор ҳамчун инсон бе равшанӣ мебошад. Омӯзгорон на танҳо донишҳои мавҷудаи илмиро ба донишҷӯён меомӯзанд, балки онҳоро барои зиндагии воқеӣ омода мекунанд. Ҳар як омӯзгор ҳамчун намунаи ахлоқӣ ва фарҳангӣ барои насли нав хизмат мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаҳое, ки ба омӯзгорон аҳамияти зиёд медиҳанд, ҳамеша пешрафт ва тараққиёти илмӣ ва фарҳангиро эҳё мекунанд.

 
Дар Тоҷикистон низ таърихи рисолати омӯзгорӣ бо маъруфият ва эҳтиром маъруф аст. Омӯзгорон ҳамеша ҳамчун роҳбарони маънавӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ шудаанд. Аз замони аввали мавҷудияти миллати таърихсози тоҷик то имрӯз омӯзгорон нақши муҳим дар рушду пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон доранд. Ҳарчанд шароит ва воситаҳои таълим тағйир меёбанд, мо бояд эҳтиром ва қадршиносии омӯзгоронро нигоҳ дорем ва аҳамияти рисолати пуршарафи онҳоро дурусту комил дарк намоем. Ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи Дониш аз 30-юми августи соли равон басо созгору саривақтӣ қайд намудаанд: “Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст.”
 
Мувофиқи фарҳангу маданияти тӯлонии тоҷикон омӯзгор ҳамеша ҳамчун шахси дорои мақоми махсуси иҷтимоӣ эътироф мешавад. Ин маданияти воло вазифаҳои омӯзгорро муайян мекунад, ки тайи асрҳо бетағйир боқӣ мондаанд ва аз ҳама муҳим ин аст, ки ҷомеаи мо аз пешина бештар ба омӯзгор эътимод доранд. Омӯзгор бе эътимод ва дастгирии ҷомеа наметавонад рисолати худро пурра иҷро намояд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадрдонии омӯзгорон на танҳо вазифаи давлату ҳукумат, балки рисолати иҷтимоии ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳар як омӯзгор бояд ҳамчун намунаи ахлоқ ва рафтори дуруст барои шогирдони худ зиндагӣ намояд. Ахлоқ, ростқавлӣ, одоб ва самимият муҳимтарин хусусиятҳои омӯзгор мебошанд. Омӯзгорон бо рафтор ва суханони худ насли навро ба роҳи дуруст мебаранд. Агар омӯзгор принсипҳои ахлоқиро риоя кунад, донишҷӯён низ ин арзишҳоро дар ҳаёт истифода хоҳанд кард. Аз ин рӯ, омӯзгорон на танҳо дониш медиҳанд, балки фарҳанг ва ахлоқро низ меомӯзанд.
 
Имрӯз дар замони муосири рушди технологияҳои рақамӣ омӯзгор дар таълиму тарбия бояд натанҳо бо усули анъанавӣ фаъолият намояд, балки тавонад аз технологияҳои мазкур истифода кунад ва ба донишҷӯён муҳити интерактивӣ фароҳам орад. Омӯзгорони муосир бояд қобилияти истифодаи интернет, платформаҳои таълимӣ ва воситаҳои электронӣ барои такмил додани сифати таълимро дошта бошанд. Ин ҳама воситаҳо ба омӯзгор имконият медиҳанд, ки рисолати худро самараноктар иҷро кунад ва насли ҷавонро барои зиндагии муосир омода созад.
Рисолати омӯзгор ҳамчунин дар он аст, ки ӯ бояд эҷодкор бошад. Омӯзгоре, ки метавонад идеяҳои нав пешниҳод кунад, методҳои омӯзишии инноватсионӣ истифода кунад ва шогирдонро ба фикрсозӣ ва эҷодкорӣ водор намояд, воқеан рисолати худро иҷро мекунад. Бо роҳи эҷодкорӣ омӯзгор натанҳо донишҳои навро меомӯзад, балки қобилияти фикрронии мустақилона ва инноватсиониро дар шахсияти шогирдони худ низ ташаккул медиҳад.
 
Омӯзгорон вазифадоранд, ки натанҳо донишҳои маҳдуи фанниро ба шогирдон омӯзонанд, балки ҳиссиёти миллӣ, меҳанпарастӣ ва худшиносии ҷавононро низ дар онҳо тақвият диҳанд. Омӯзгорони боихтисос метавонанд насли навро ба аҳамияти фарҳанг ва таърих, эҳтиром ба анъана ва арзишҳои миллӣ ошно созанд. Аз ин ҷиҳат, омӯзгор рисолати бузург дорад ва дар ҳифзи худшиносӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозад.
 
Омӯзгорӣ вазифа нест, балки рисолат аст, зеро омӯзгор на танҳо дониш меомӯзад, балки маънавият, ахлоқ, фарҳанг ва ҳисси миллиро ба насли нав интиқол медиҳад. Ҳар як ҷомеа, ки мехоҳад рушд кунад, бояд омӯзгорони худро эҳтиром кунад ва онҳоро дастгирӣ намояд. Омӯзгорон барои ҷомеа ҳамчун роҳнамои маънавӣ ва фарҳангӣ хизмат мекунанд ва бе онҳо рушди миллат ва пешрафти ҷомеа имконнопазир аст. Аз ин ҷост ки мутафаккир ва яке аз асосгузорони ҳуқуқи муосири Аврупо Иммануил Кант дар бораи маориф ва омӯзгор баён доштааст: “Маориф на фақат дарёфти дониш, балки омодасозии зиндагӣ аст.” Кант таълимро на танҳо ҳамчун фарогирии дониш, балки ҳамчун омодасозии шахс барои зиндагии воқеӣ медонад. Омӯзгорон бояд насли навро ба ҷаҳони воқеӣ ва қонунҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ омода созанд.
 
Дар натиҷа, ҳар як шахс бояд дарк кунад, ки омӯзгорӣ на танҳо касб аст, балки рисолатест, ки барои амалӣ намудани он эҳсоси масъулияти баланд ва садоқати ҳақиқӣ ба таълим ва тарбия лозим аст. Омӯзгорон ҳамчун меъморони маънавии ҷомеа, роҳбарони фарҳанг ва намунаи ахлоқии насли ҷавон бояд қадр шаванд ва ҳифз гарданд.
Басо саривақтист, ки дар такя ба ин гуфтаҳои худ дар арафаи Рӯзи омӯзгорон нақши ин қишри муҳими ҷомеаро бо суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият дода, ҳастии онҳоро ифтихори ҷомеаи тоҷик унвон намоем: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад.”
 

АНОРА Абдулаҳадова – н.и.п., кафдраи забонҳои ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ


Назад к списку