РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

 05.10.2021

Худшиносӣ яке аз арзишҳои эҷодкардаи инсон мебошад. Зеро он дар ҳалли бунёдкорӣ инсонро ҳамсафар гардида, ба бузургдошти арзишҳои суннатӣ ҳидоят мекунад. Шинохтан пояи устувориест, ки ҳар миллат мавҷудияти худро дар канори хонаводаи миллатҳои мухталифи ҷаҳон барои эҳтиром нишон медиҳад.

Зеро маърифатнокӣ худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди ҷомеа ба таълиму тарбияи дурусти дар руҳияи миллӣ бароҳмонда вобаста мебошад. Ҳар як миллатро шахсиятҳои бонангу бономус ва ватандӯсти он обод намуда, дар тараққиёти он саҳм мегузорад.

Худшинос будан низ нишонаи ватандорист. Инсони хештаншинос танҳо бо донистани таъриху фарҳанги миллати худ маҳдуд нашуда, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва аз фарҳанги халқҳои дигар низ бояд огоҳ бошад.

Беҳтарин дастовардҳои ҷаҳониро омӯхта, барои пешрафти миллати худ истифода намояд. Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надоранд, ки худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башар саҳм гирифтааст”. Ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ аст.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ равонаанд, ки худшиносии миллиро барҳам задан мехоҳанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизм ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.

Илова бар ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараён аён гашта , доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад”.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳад ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунад, аз номи дин баромад мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

Раёсати донишгоҳ мунтазам дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои моҳияти дифои озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ, ки қарзи ҳар як фарди бонангу боори ватандӯсту худогоҳ аст, чорабиниҳо доир намуда, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Исмоилов Хуршед Рустамович –донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 430101 А1 факултети Энергетикӣ


Назад к списку