ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕРОСИ ТАЪРИХИИ НИЁГОН

 04.10.2025

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕРОСИ ТАЪРИХИИ НИЁГОН

Муҳимтарин рукни ҳастиву бақои ҳар як халқу миллат забони ӯ мебошад. Забони ноби модарии мо – забони тоҷикӣ бешакку шубҳа шиносномаву пояи ҳастии ин миллати куҳан ва гиромитарин муқаддасоти миллии мост, ки тӯли садсолаҳо дар қисмати бузурге аз қитъаи азими Осиё аз ҳастии худ дарак дода, ҳамчунон то замони мо асолату покизагӣ ва ширинию шевоии худро нигоҳ доштааст.
Забони тоҷикӣ – забони миллати мо ва забони давлатии кишвари маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, ки таърихи чандҳазорсола дошта, дар иҳотаи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Маҳз забони модарии мо тавонист, ки миллати моро дар тӯли таърих аз саҳнаи кашмакашиву хунрезиҳои зиёди аҷнабиён берун кашида, то замони мо оварда расонад. Ба ибораи дигар, танҳо забони мо тавонист миллати моро то ба имрӯз зиндаву поянда нигоҳ дорад.
 
Забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буда, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони истиқлол низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузурги куҳанбунёд нақши муҳим мебозад.
 
Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд.
Таърихи ташаккули давраи нави забони мо, ки аз асрҳои ҳаштум ва нуҳуми мелод оғоз меёбад, аз ҳамон давр ҳамчун омили пайвандгари ҳама мардумони ин қаламрави бузург қарор гирифтааст. Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ ва таърихӣ дорад. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст. Моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асоси ҳамбастагии миллати мо мебошад.
 
Забони баландҳиммате, ки Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанду ин забонро дар ашъорашон ба шеър, назм, мусиқӣ дароварда дар маҳфилҳо замзама мекарданд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем:

Забон аз Рӯдакӣ оғози худ ёфт,

Зи Фирдавсӣ пари парвози худ ёфт.

Забони тоҷикӣ аз дасти Айнӣ.

Басо зебу фару эъҷози худ ёфт.

 
Ба ифодаи Турсунзодаи ширинкалом: “ Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем” Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии Рӯдакии бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ саҳми босазое гузоштааст. Намунаи содагии забони шеъри Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки ӯ дар таърихи забону адабиёти мо ҳақиқатан ҳам нақши босазое гузоштааст. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Мухолифони миллати тоҷик дар тўли таърих борҳо кўшиши аз байн бурдани ин забон ва тамаддуни миллати тоҷикро кардаанд. Аммо ба мақсади худ нарасидаанд, зеро таърих исбот кард, ки мардуми шарафманди тоҷик аз азал меҳандӯстдор буданд ва ба монеаҳо нигоҳ накарда, забони аждодиро ҳифз намудаанд. Аз ин лиҳоз, кулли мардуми тоҷику тоҷдорро зарур аст, ки ин забон, меҳан, таърих ва ин сарзамини биҳиштосоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
 

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва робитаи дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст. Донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.

Бо заҳмату талошҳои чандин фарзандони сарсупурдаи миллат бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. То соли 2009 ҳар сол дар Тоҷикистон 22 июл ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешуд. Соли 2009 5-уми октябр Қонуни нави забон қабул карда шуд ва рӯзи забон аз 22 июл ба 5-уми октябр оварда шуд. Рӯзи забон, ки дар иртибот ба тасвиби қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5 октябр муқаррар шудааст, аз соли 2009 ба феҳрасти ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

 
Вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Гузаштагони мо ба хотири донистани забон ва арҷ гузоштан ба он, бо ашъори хеш оламро такон доданд. Имрӯз аҳли фарҳанги ҷаҳон, ки мехоҳанд аз забон ва адабиёти мо сухан бигӯянд, ба гузаштаи мо назар мекунанд ва аз ашъори классикони мо огоҳ мешаванд. Имрӯз дар қатори дигар муқаддасот, бояд забонро чун яке аз нишонаҳои асосии ҳастии миллат эҳтиром намоем ва ба он арҷ гузорем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 таъкид доштанд: “Умри миллат ба умри забон вобаста аст”.
 
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шуморо ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ, осудагӣ ва рӯзгори хушу босаодатро орзу менамоям.
 

Қосимзода Момагул – н.и.ф., дотсент,

мудири кафедраи забонҳои ДТТ ба номи акадкемик М.С.Осимӣ


Назад к списку