НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 19.11.2025

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани равандҳои геополитикӣ, масъалаи таъмини ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои калидии ҳар як давлати мустақил ба шумор меравад. Дар ин замина, нақши шахсиятҳои барҷаста ва роҳбарони сиёсӣ, ки бо зеҳну заковат, таҷриба ва диди стратегӣ тавонистаанд ҷомеаро муттаҳид созанд, бениҳоят муҳим мебошад. Яке аз чунин шахсиятҳо, ки дар ташаккул ва таҳкими худшиносии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир гузоштааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Муҳаққиқон ва коршиносон бар онанд, ки роҳбарӣ дар ҷомеа на танҳо бо зоҳир намудани қудрати сиёсӣ, балки бо тавоноии таъсиррасонӣ ба тафаккури миллӣ ва ҳувиятсозии мардум муайян карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз арзишҳои фарҳанги - миллӣ, мероси таърихӣ ва таҷрибаи давлатдории ниёгон тавонист дар давраи пасоҷангӣ, ки кишвар бо буҳрони амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи устувори давлатиро гузорад.
Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар миёни ҷавонон мебошад. Дар таҳқиқотҳои илмӣ таъкид мешавад, ки тавассути барномаҳои давлатии рушди фарҳанг, китобу энсиклопедияҳо, ифтитоҳи осорхонаҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ, заминаи устувор барои худшиносии насли нав ба вуҷуд оварда шудааст. Ин ҳама тадбирҳо гувоҳи онанд, ки нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллӣ на танҳо ба сифати роҳбари сиёсӣ, балки ҳамчун шахсияти идеолог ва мутафаккири замони муосир арзёбӣ мешавад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таҳти таъсири равандҳои сиёсиву фарҳангии беруна қарор дорад, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ ба як масъалаи аввалиндараҷа мубаддал гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ роҳи давлатдории мустақилро пеш гирифт, дар марҳилаҳои нахустини истиқлол бо буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ гардид. Дар чунин вазъияти ҳассос, зарурати пайдо шудани роҳбари воқеӣ, ки тавонад миллатро муттаҳид созад ва пояҳои давлатдории миллиро барқарор намояд, ба миён омад.
Шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар чунин шароити таърихӣ зуҳур кард. Ӯ тавонист бо хирад, ирода ва диди сиёсиву миллӣ роҳи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардумро таъмини устувор бахшад.
Таърихи башар собит намудааст, ки бе худшиносии миллӣ ҳеҷ миллат наметавонад ҳувияти худро ҳифз кунад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалат пайдо намояд. Мутахассисон бар онанд, ки худшиносии миллӣ на танҳо аз омилҳои таърихӣ ва фарҳангӣ вобаста аст, балки ниёз ба роҳбарии дуруст, сиёсатгузорӣ ва пуштибонии давлатдорӣ низ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ба зарурати эҳёи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Дар суханрониҳо ва паёмҳои ӯ таърихи давлатдории тоҷикон, фарзонагони илму адаб ва асолати фарҳанги миллӣ мавқеи марказӣ доранд. Бо ташаббуси ӯ осорхонаҳои миллӣ, марказҳои фарҳангӣ ва рӯзҳои таҷлили шахсиятҳои бузург таъсис дода шуданд, ки ҳамагӣ заминаи устувор барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Яке аз комёбиҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 мебошад, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошта, роҳи сулҳу суботи кишварро боз намуд. Дар ин марҳила, худшиносии миллӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунанда ва ваҳдатсоз фаъол гардид. Пешвои миллат борҳо таъкид кардааст, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо созишнома, балки ҷаҳони андешаи навини тоҷикист. Дар солҳои баъдӣ, бо баргузории ҷашнҳои бузурги миллӣ (2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм), эҳёи таърихи қадим ва рушди маърифати миллӣ дар байни ҷавонон, замина барои шинохти амиқи ҳувият ва худшиносии миллӣ фароҳам оварда шуд.
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Пешвои миллат тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани арзишҳои фарҳангист. Барномаҳои давлатии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон ва Барномаи давлатии дарёфт варушди истеъдодҳо далолат бар он мекунанд, ки нақши Пешвои миллат дар шаклгирии худшиносии миллӣ на танҳо сиёсӣ, балки тарбиявию маърифатист.
Дар илмҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таҷрибаи роҳбарони миллӣ дар таҳкими худшиносӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати давлатдорӣ арзёбӣ мегардад. Агар таҷрибаи Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо баъзе кишварҳо муқоиса намоем, мушоҳида мешавад, ки дар баъзе кишварҳо ноустувории сиёсӣ, ва сустии сиёсати фарҳангӣ боиси коҳиши худшиносии миллӣ онҳо гардидааст.
Баръакс, дар Тоҷикистон маҳз сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат дар самти эҳёи таърих, забон, рамзҳои давлатӣ ва шахсиятҳои миллӣ ба ташаккули як пояи устувори ҳувияти миллӣ мусоидат намудааст. Имрузҳо Тоҷикистон яке аз кишварҳои меҳварии минтақа мебошад, ки тавонист баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо истифода аз унсурҳои фарҳангии худ роҳи рушди миллиро интихоб кунад ва насли навро бо ин рӯҳия тарбия намояд. Ин таҷриба метавонад барои кишварҳое, ки ба мушкилоти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳувият рӯ ба рӯ ҳастанд, ҳамчун намунаи амалӣ ва муваффақ арзёбӣ гардад.
Дар ҷамъбаст, метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати давлатдории хирадмандона, фарҳангсолорӣ ва таърихгароӣ тавонист бори гарони эҳёи ҳувияти миллиро ба дӯш гирад ва онро ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлат табдил диҳад. Ин раванд на танҳо ба таҳкими суботи дохилӣ, балки ба муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои таърихи қадима ва фарҳанги ғанӣ мусоидат намудааст. Давом додани ин раванд, хусусан дар миёни насли ҷавон, бо назардошти чолишҳои замони муосир, вазифаи аввалиндараҷаи ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
 
Суфиев Ҷаҳонгир – омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку