ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ШАХСИЯТИ ХАРИЗМАТИК ВА НАҚШИ Ӯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Ин ҷашн арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мебошад, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва беҳбуди ҳаёти мардуми кишвар кардааст. Таҷлили Рӯзи Президент на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба шахсияти роҳбари давлатӣ, балки ба эътирофи дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат низ хизмат мекунад.
Ҳар сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи Президент рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз расман ба ҳаёт ва фаъолияти Ҷорҷ Вашингтон, нахустин Президенти ИМА, бахшида шудааст, ки 22–юми феврал таваллуд шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳамаи Президентҳои Амрико ин рӯзро гиромӣ медоранд ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба институти роҳбарӣ ва хизматҳои давлатӣ таҷлил мекунанд.
Дар ҷазираҳои Маршал Рӯзи Президент 17–ноябр таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1928 нахустин Президенти кишвар, Амато Кабуа, ба дунё омад, ки яке аз асосгузорони истиқлолашон ба шумор меравад. Дар Ботсвана низ Рӯзи Президентро душанбеи сеюми моҳи июн ҷашн мегиранд. Ин рӯз ба ифтихори Серетсе Кхама, аввалин роҳбари кишвар (1966–1980), таҷлил мешавад. Дар зодгоҳаш ӯ ҳамчун муборизи зидди фасад ва ислоҳталаб эътироф мешавад.
Таърих нишон медиҳад, ки шахсиятҳои беназир дар шароити мураккаб ва тақдирсоз нақши муҳиме дар сарнавишти миллати худ мебозанд. Масалан, В.И.Ленин ва И.В.Сталин дар давлати Шӯравӣ, Франклин Рузвелт дар ИМА дар давраи депрессияи бузург, Дэн Сяопин пас аз даҳшати “Инқилоби маданий”-и Чин, Ликуаню дар шароити саноаткунонии Сингапур ва Нурсултон Назарбоев дар наҷоти Қазоқистон аз эҳтимолияти тақсимшавӣ дар давраи гузариш. Ин шахсиятҳо бо қабилияти худ ва роҳбарии муассир тавонистанд миллат ва давлати худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти барҳам надодан ва ҳифзи якпорчагии кишвар, таъмин намудани ваҳдати миллиро ба душ гирифтааст. Ӯ ҳамчун шахсияти харизматик — яъне инсоне бо қобилиятҳои фарқкунандаи худодод — бар асоси хирадмандӣ, шуҷоат ва муқаддасӣ дар назари пайравонаш соҳиби обрӯ ва эътибор шудааст. Калимаи «харизматик» аз юнонии “харизм” гирифта шуда, маънояш туҳфаи Худо ё худодод мебошад.
Ҷиҳати дигаре аз қобилиятҳои ӯ дар солҳои аввали фаъолияти корӣ ва роҳбарии савхоз ба номи Ленин зоҳир гардид. Соли 1987 Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи директори савхоз пешбарӣ шуд ва онро ба таври муассир ба по хезонид. Натиҷаи ин дастовардҳо буд, ки соли 1991 оммаи васеи халқ ӯро дар қатори даҳ номзад дар ҳавзаи интихоботии №172 ҳамчун номзади арзанда ба вакили мардумии Шӯрои Олӣ пешбарӣ намуд. Бо вуҷуди фишор ва пешниҳоди бозпас гирифтани номзадӣ, ӯ номзадиашро ихтиёран нагирифт, чунки мардуми одии заҳматкаш пуштибониаш буданд.
Қобилияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бор дигар дар сесияи Шӯрои Олӣ таҷассум ёфт, вақте ки баромадҳояш ҳамеша тарафдори манфиатҳои халқ буданд. Ҳамин тавр, дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Дар симои ӯ мо шахсиятеро мебинем, ки соҳиби обрӯ ва эътибори байналмилалӣ, қобилияти мантиқӣ, сафарбаркунандагӣ, муттаҳидкунандагӣ ва ваҳдатсозӣ, сулҳофарӣ ва пешбарандагӣ мебошад.
Муносибати Президенти кишвар бо мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла бо пиронсолон ва ҷавонон, ҳамеша намунаи олии масъулият ва ҳамдардӣ мебошад. Эътибор ва таваҷҷуҳ ба рушди иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳ ва оромӣ, субботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисод, нишондиҳандаи сиёсати оқилона ва хирадмандона мебошад. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти наҷотбахш, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллии тоҷикон мебошад. Ӯ ҳамчун Пешвои эътирофшудаи умумимилли Тоҷикистон ба манфиати миллат ва давлат пайваста кор мекунад ва таҷрибаи роҳбарии ӯ дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардидааст.
Гумон мекунам, ки роҳбарии давлати Тоҷикистон мисли офтобест, ки равшанию гармӣ мебахшад ва тамоми сокинони кишварро ба сӯи пешравӣ ва муваффақиятҳо раҳнамун месозад. Муҳаббати Ватан-модар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ моро водор месозад, ки фаъолияти худро самараноктар гардонем ва барои таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ ва рушди устувори иқтисод ва зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем.
Ҳайдаров Мухамадхон ва Убайдзода Қандил– омӯзгорони факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идораи ДТТ
ба номи академик М.С.Осимӣ.