ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

 19.11.2025

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

Агар ба таърихи начандон дури Ваҳдати миллӣ назар афканем мебинем, ки аҳдномаи ризоияти ҷомеъаи Тоҷикистон бузургтарин рӯйдоди таърихии давронсозонаи миллати моро ба амал овард. Он дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки тоҷикон зимни иродаи модарзодии хеш сари мизи гуфтушунид нишастанро аз бар карданд ва аз баҳри тафаккури дастнигар гузашта, ба фикри мустақилонаву созандаи хеш оромона даст ба даст доданро ҳифз карданд. Ба таҳаммул пеш омадани тоҷикон, чуноне ки маълум мегардад. Дар андак вақту замоне ба амал напайваст, балки лаҳза ба лаҳза дар натиҷаи иқдоми пайгиронаи ҳарду ҷониб ва пеш аз ҳама зимни иродаи қотеъонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуна нишасти дурбинонаву ҳадафгирона амалӣ гардид. Натиҷагирӣ аз чунин нишастҳо ва гуфтушунидҳо ба он анҷомид, ки фарзандони сиддиқӣ миллати мо бо таҳаммул, пеш аз ҳама бо таҳаммули сиёсӣ манфиати халқу кишварамонро дар маркази ҳадафи хеш қарор дода, ба ризоияти миллӣ даст ёфтанд. Ин гуна муносибат, ки ҳанӯз аз соли 1994 то 1997 идома дошт, баробари ба вуқӯъ пайвастани ризоияти миллӣ он ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар таърихи миллати мо сабт гардид. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки то имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ роҳбарияти Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва мислаш дар таърих дида нашударо аз сар гузаронид.
Барои ба даст овардани сулҳ ба роҳбарияти давлат лозим омад, ки дар давоми чор сол ҳашт даври музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмиро анҷом диҳад. Ҳама сайъу кӯшиш ва мақсаду мароми сарвари давлатамон таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчи тезтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллати парешони тоҷик буд. Бе иҷрои ин мақсади бузург мо наметавонистем дар бобати барқарор намудани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ё ин ки фаъолияти мақомоти маҳалли ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қушӯнҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол кореро ба сомон расонем.
Бояд эътироф намуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, аз парокандаги наҷот додани миллат, тақсимшавии кишвар ва нобудии давлат, бартараф кардани харобиҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, дарки стратегии проблемаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бузург аст.
Дар арафаи Ҷашни Рӯзи Президент як бор ҷиддан ҷанги шаҳрвандӣ, омилҳо ва оқибатҳои онро беғаразона, объективона таҳлил кунем. Кӣ бурд кард? Аз он чӣ ҳосил шуд? Кӣ соҳиби обрӯ шуд? Кӣ бадном ва ангуштнамои мардум гардид? Ин қадар талафоти ҷонӣ ва молӣ ба кӣ манфиат овард? Мо тоҷикон, чаро садсолаҳо аз давлатдорӣ маҳрум будем, ҳарчанд гузаштагонамон қувваи пешбарандаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳокимону сулолаҳои дигар буданд (Низомулмулкро ба хотир оред). Мутаассифона, барои мо, тоҷикон агар ба таърих назар кунем, баъд аз Сомониён ва қисман баъд аз Ғуриён ҳамин миллат хеле равшану мушаххас гуфта шудааст ва бо ин камбудиҳо муборизаи шадид бурда мешавад. Аз ин гуна хислатҳо абарқудратҳо ҳам озод нестанд. Табиати инсонро дигар кардан душвор аст. Ҳамаи камбудиҳо дафъатан дафъ карда намешаванд, вақт ва тарбияи солими кадрҳо ва, инчунин, дараҷаи зарурии баланд шудани сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ лозим аст.
Дар соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани низоми нави иҷтимоӣ ва ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард. Барои қотеъона ҳал кардани масъалаҳои муҳимтарини сиёсиву иҷтимоӣ тарзи идораи президентӣ мусоидат намуд. Президенти Тоҷикистон дар шароити хеле хатарнок мулоқоту гуфтушунидҳои зиёде бо гурӯҳҳои гуногун анҷом доданд, ки баъдан натиҷаи хуб дод. Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо дар шароити орому пешравӣ не, балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба сари қудрат омада мисли дигар сарварони сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар мансабу вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ кор накарда буданд, зеро сиёсатмадори ҷавон буданд. Вале ба арсаи сиёсӣ бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуда, чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд.
27 июни соли 1997 марҳалаи дар ҳақиқат таърихӣ буд. Зеро имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз як тараф ҷамъбасти гуфтушунидҳои зиёд ва душвори чандсолаи тоҷикон ва аз тарафи дигар, ба гуфтаи президенти кишвар, оғози марҳалаи боз ҳам душвортар буд. Акнун мебоист ҳуҷҷатҳои сарнавишсози ба имзо расида амалӣ мешуданд. Ваҳдати сухан ва амал исбот мешуд. Олимону адибон ва рӯзноманигорони бедордили миллат дар ин бора асарҳои ҷолиб низ иншо кардаанд, ки ифодагари орзую омоли халқи ваҳдатҷӯи мо аст. Сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд, вале тавре маълум аст, боз кӯшишҳои табаддулот ва такрори воқеаҳои солҳои навадум ба мушоҳида расиданд, амалҳои террористӣ сурат гирифтанд, ҲНИ аз тактика ва стратегияи барҳам додани давлати дунявӣ дар Тоҷикистон даст накашид. Ва дар натиҷа мақом ва эътибори худро дар саҳнаи сиёсат аз даст дод, аз боварии халқу давлат баромад, боз ҳам дастнигари дигарон гардид.
Ҷаҳони муосир басо мураккаб ва печида аст, раванди ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳонигардонӣ ҳушёрию бедорӣ ва дурандешии сиёсиро тақозо мекунад. Махсусан, ҷавононеро, ки дар шароити сулҳу ваҳдат ба камол расидаанд, дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандорӣ, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ парварданд ва аз ҳар гуна ақидаҳои ифротию тафритии сиёсию динӣ онҳоро ҳифз кардан, ба меҳнати суботкорона раҳнамун кардан ҳарчанд душвор, вале зарур аст. Вазифаи ҳар фарди Ватани азизамон аст, ки ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, ба қадри Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ расем ва аз он ҳамеша ифтихор дошта бошем, то ки пеши роҳи нақшаҳои имконии тахрибгаронаи низоангезон бо неруи ваҳдату хиради халқамон гирифта шавад.
Бо мақсади ҳарчи бештар таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ-ин дастоварди бузурги таърихии халқамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ислоҳи камбудиҳое, ки дар ҷомеа ва сохторҳои гуногун ҷой доранд, дастаҷамъона кӯшиш намуда, Ватани соҳибистиқлоламонро ободтар, рӯзгори ҳар хонадони мардуми шарифамонро ободтар гардонем. Ин гарави ваҳдати миллӣ ва сарбаландии умрбоди миллати тоҷик ва таҳкими давлату истиқлол буда, наслҳои ояндаи кишварро аз ҳар гуна хатару бадбахтиҳои замона эмин хоҳад дошт ва дар айни замон боз як имтиҳони ҷиддӣ дар шароити ҷаҳонисозии муосир хоҳад буд.
Эраҷ Шарофзода - н.и.т., дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку