ПАРЧАМИ МИЛЛӢ- РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
“Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Тирамоҳи соли 1991 дар сарзамини мо, яъне Тоҷикистон навзоде бо номи Истиқлол чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъди он, ки Тоҷикистон озод гардид, соли 1992 Парчамро қабул намуд. Ва то имрӯз он тифли навзоде, ки буд устуворона қадам мезанад. Парчам се рангро дар бар мегирад ва ҳар гоҳе, ки ба рангҳои ӯ менигарӣ худ ба худ табассум мекунӣ, аҷаб ному ранги дилфиреб дорад. Оре, парчам худ муқаддас аст. Парчам ин рамзи давлатдорӣ мебошад. Аз ин сабаб парчамро муқаддасоти миллӣ гуфтаанд. Ин ҳама дастовардҳо аз истиқлол вобастагӣ дорад. Шукрона мекунем ва фахр аз он дорем, ки тоҷикему соҳибистиқлолем.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчаму истиқлол беихтиёр ба даст наомадаанд. Онҳо заҳмати хеле зиёдеро талаб карданд. Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон сар шуда буд, дар он парчам ҳам ёдрас мешуд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз ҷониби аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудаст. Аввалин парчаме, ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст, ин Дирафши Ковиёнӣ буд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд. Дар асоси ривоятҳои қадима, ки дар Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ оварда шудааст, «Дирафши Ковиёнӣ» дар вақти шуриши эрониҳо бо сардории Коваи оҳангар ба муқобили Заҳҳок пайдо шудааст. Кова пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста, бо ин парчам шуришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард. Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдор ва сангҳои қиматбаҳо ва се ранг - сурх, сафед, нилгун ороиш дода, номи Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ намуд. Дар давраи ҳукумронии «Ҳахоманишиён» парчам шакли дигар гирифта буд. Дар ин парчам уқоби тиллоӣ дар мобайн ва аз паҳлӯҳо матоъҳои секунҷашакли сафед, сурх, сабз тасвир ёфтааст. Дар давраи сулолаи Сосониён, ки онҳо худро қавми ҳахоманишиён мешумориданд, парчами худро «Дирафши Ковиёнӣ интихоб карданд. Инчунин дар ин давра нишонаи давлатии Сосониён моҳи нопурра ба ҳисоб мерафт ва то ҳоло ҳамчун аломати дини ислом то ба давраи мо расидааст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх - озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бисту се масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона баррасӣ ва ҳал гардиданд, санаи 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ-Парчами давлатӣ низ қабул гардид. 3 ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Минбаъд бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ин санаи таърихӣ ҳамчун “Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон карда шуд. Ин сана ҳамасола дар кишварамон ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили Рўзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст. Ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчам эълон доштем. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, барафрохта шуд. Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матоъи рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар мебошад. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамион, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллии Тоҷикистон имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад. Миллати куҳанбунёди тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буд ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намуда, ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад. Эътироф шудани Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби ин диёри куҳанбунёд аст. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Мо, парчамбардорони миллатро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар азму талоши худро баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста равона созем.
Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои кишвар аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Бигзор, Парчами давлатӣ, ки файзи истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати тоҷик аст, то абад партавфишон бошад! Чуноне ки Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд: «Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».
Ҷаҳоноро Шоқурбонова - ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ