ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — МОЯИ ИФТИХОР ВА РАМЗИ МУТТАҲИДИИ ТОҶИКОН

 25.11.2025

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — МОЯИ ИФТИХОР ВА РАМЗИ МУТТАҲИДИИ ТОҶИКОН

 
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллист, ки дар вуҷуди ҳар шаҳрванди кишвар ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор ва масъулиятро бедор месозад. Ин рамзи муқаддас на танҳо нишонаи истиқлолияти давлатӣ аст, балки ҳамчун пайванди таърихию маънавии наслҳо, иродаи қавии миллат ва ормонҳои созандаи мардуми тоҷик арзиш пайдо кардааст.
Парчам бо се ранги худ — сурх, сафед ва сабз — манзараи равшани ҷаҳонбинии миллати тоҷикро инъикос мекунад.
Сурх рамзи матонат, ҷоннисориҳо ва муборизаҳои таърихии халқ аст.
Сафед нишонаи покӣ, адолат, ниятҳои нек ва сулҳу суботи кишвар мебошад.
Сабз рамзи табиати зебо, файзу баракат, меҳнат, пешрафт ва умеди шаҳрвандон ба ояндаи боз ҳам рӯшану обод аст.
Ҳамин се ранг дар якҷоягӣ ба ҳар фарди кишвар паёми равшан медиҳанд: миллате, ки чунин таърихи пурғановат, фарҳанги бостонӣ ва иродаи қавӣ дорад, сазовори пешравӣ ва саодатмандист. Парчам, ҳамчун омили ягонагӣ, мардумро дар гирди ормонҳои миллӣ муттаҳид сохта, барои нигоҳдорӣ ва таҳкими истиқлолият неру мебахшад.
Дар замони муосир Парчами давлатӣ на танҳо дар муассисаҳо, майдонҳо ва биноҳои давлатӣ барафрохта мешавад — он дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ҳар бор, ки парчам дар баландӣ ҷунбиш меёбад, ифтихори миллӣ бедор мешавад ва ҳар шахс худро масъултар эҳсос мекунад. Зеро эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба Ватан, ба таърих, ба дастовардҳо ва ба ояндаи миллат аст.
Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо ҷашни рамзҳои миллӣ, балки ҷашни худшиносиву худогоҳии ҷомеа мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем, барои таҳкими сулҳу субот саҳм гузорем ва бо меҳнати содиқона дар роҳи ободии кишвар қадамҳои устувор бигузорем.
Парчами давлатии Тоҷикистон — рамзи сарнавишти муштарак, рамзи ҳиммати баланд ва рамзи миллати сарбаландест, ки ҳамеша барои якдилӣ, сулҳ, созандагӣ ва пешрафт талош мекунад. Бигузор ин рамзи муқаддас ҳамеша дар фазои кишвар партавафкан бошад ва барои ҳар насли миллат манбаи ифтихор ва илҳоми созанда гардад.
Миллати тоҷик дар ҷараёни таърих борҳо собит намудааст, ки ба қадри рамзҳои миллӣ мерасад ва онҳоро ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа ҳифз мекунад. Аз давраҳои бостон то имрӯз, рамзҳо ва аломатҳои миллӣ мавқеи хосса дошта, барои бедор кардани ҳисси худшиносӣ, ҳувият ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар ин миён Парчами давлатӣ ҳамеша ҳамчунрамзи асосии давлатдорӣ маҳсуб ёфтааст.
Барафрохтани Парчам дар саҳнаҳои байналмилалӣ, аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ то ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар лаҳзаи пурифтихор ва эҳсоси масъулияти баланд аст. Дар ҳар ҷо, ки парчами мо парафшон мешавад, андешаи ягонае моро ҳамроҳӣ мекунад: Тоҷикистон кишвари сулҳ, дӯстиаш анъанавӣ ва ҳақиқати таърихист.
Дар тӯли солҳои истиқлолият, Парчами давлатӣ шоҳиди тағйиротҳои бузург гардид. Он рӯзҳое, ки кишвар пас аз солҳои сахт ба роҳи сулҳу созандагӣ қадам гузошт, ин рамз дар паҳлӯи миллат қарор дошт ва имрӯз низ дар ҳар як иқдоми ободгарона нақши рамзи ваҳдату суботро мебозад. Бо мурури замон Парчам барои насли ҷавон на танҳо аломати давлатӣ, балки мактаби худшиносӣ ва сабақи масъулият гардид.
Парчами давлатӣ моро ба ваҳдат даъват мекунад — ба он ваҳдате, ки бо ҳазорҳо талош ва ҷоннисориҳо ба даст омадааст. Он моро ба меҳнати содиқона, ба таҳсил, ба илму маърифат ва ба ҳифзи Ватан раҳнамоӣ менамояд. Зеро давлатдорӣ танҳо бо рамзҳо маҳдуд намешавад; он аз масъулияти ҳар шаҳрванди худшинос, аз саъю талоши ҳар як ҷавони босавод ва аз меҳнати ҳар як фарзанди Ватан вобаста аст.
Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо эҳтиром ба як матоъ нест — ин эҳтиром ба таърих, ба арзишҳои миллӣ, ба гузаштаи пурифтихор ва ба ояндаи масъулиятбор аст. Парчам ба мо меомӯзад, ки ҳифзи сулҳ ва субот, тақвияти ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷикист.
Дар Рӯзи Парчами миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба худ суол кунад:
— Ман барои Пешрафти Ватан чӣ саҳм мегузорам?
— Чӣ гуна метавонам ба арзишҳои миллӣ содиқ бошам?
— Чӣ гуна метавонем бо ҳамдигар муттаҳид монда, Тоҷикистонро боз ҳам ободтар гардонем?
Ин рӯз на танҳо рӯзест, ки мо ба парчам назар мекунем, балки рӯзе мебошад, ки парчам ба мо назар мекунад — назар мекунад ва моро ба ҷавонмардӣ, росткорӣ, масъулият ва садоқат даъват менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи ҷовидонаи давлатдорӣ, рамзи сарбаландӣ ва рамзи ояндаи дурахшони миллат аст. Бигузор ин парчам ҳамеша дар фазои осудави кишвари мо парафшон бошад ва қалби ҳар фарди кишварро бо неруи ваҳдат, ормонҳои миллӣ ва орзуҳои неки созанда пур созад.
Дар қатори саҳифаҳои пурифтихори таърихи мо, номи Ковиён чун чароғи нуру шараф медурахшад. Онҳо рамзи ҷасорат, нангу номус ва адолати ниёгонанд; наслҳое, ки бар зидди зулму ситам ба по хестанд ва барои ватани худ оташи умедро фурӯзон нигаҳ доштанд.
Аз садои дурдури асрҳо то имрӯз, нидои Коваи оҳангар — он марди мардумӣ, ки байрақи озодиро аз пӯлоди печидаи камарбанди худ сохт — ба гӯш мерасад. Ҳамон байрақ, ки баъдтар ба нишони шоҳони Ковиён табдил ёфт ва дар саҳифаҳои "Шоҳнома" чун рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ сабт гардидааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз бар болои осмони софу беғубори ватани мо ҷилвагар аст, бо худ қисмате аз ҳамин рӯҳи Ковиёнро мебарад — рӯҳи озодӣ, шаъну шараф, ва пайванди ҷовидонаи тоҷик бо гузаштагони нурофаринаш.
Тобиши сурхи парчам — хуни ҷонбозони роҳи озодӣ.
Сафеди он — покии гуфтору рафтор ва тавозӯи мардум.
Сабз — нури зиндагӣ ва кишвари сабзапӯш.
Тоҷи тиллоӣ дар миёна ва ҳафт ситора — рамзи давлатдории соҳибихтиёрона ва адолатеанд, ки аз даврони Ковиён реша мегиранд.
Ҳамин тавр, парчами мо на танҳо рангу шакл аст — ин садои таърих, тантанаи андеша ва идомаи ормони Ковиён дар асри имрӯз аст.
 
Убайдзода Қандил омӯзгори факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идораи
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку