МАОРИФ — САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 09.01.2026

МАОРИФ — САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қаблӣ, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад. Бинобар ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, вазорати молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода шуд, ки доир ба ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд. Тибқи таҳлилҳо соли оянда шумораи хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад.
Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем. Ба ин мақсад, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад. Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ таъкид намуданд, “фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад. Дар робита ба масъалаҳои илму маориф мехоҳам иброз намоям, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад”.
Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат даъват намуданд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.
 
Ҳакимзода А.Ҳ – декани факултети технологияи химиявӣ ва металургии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку