БАРДОШТҲО АЗ ПАЁМ

 09.01.2026

БАРДОШТҲО АЗ ПАЁМ: АҲАМИЯТИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо як суханронии солона, балки роҳнамо барои рушди минбаъдаи кишвар аст. Маҳз дар Паём самтҳои афзалиятноки рушди иқтисод, иҷтимоиёт, маориф, амният ва идоракунии давлатӣ муайян мешаванд. Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабр ироа гардид, ба ҳамин маънӣ як “харитаи роҳ” мебошад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар кадом самтҳо бояд суръати рушдро бештар кунад ва бо кадом механизмҳо натиҷа ба даст орад.
Яке аз мавзӯъҳои марказии Паём рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Дар ҷаҳоне, ки бисёр кишварҳо идоракунӣ, хизматрасонӣ ва ҳатто иқтисоди худро ба сатҳи рақамӣ мегузаронанд, Тоҷикистон низ бояд қадамҳои устувор гузорад. Дар Паём Пешвои миллат таъкид намуданд: “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд”. Ин сухан ба мардум як паёми оддӣ дорад: технология фақат барои “зебоӣ” нест, он барои зиёд кардани даромад, тезондани кор ва осон кардани зиндагии шаҳрвандон лозим аст.
Аммо рушди рақамӣ танҳо бо таҷҳизот ё интернет анҷом намеёбад. Барои рақамисозии воқеӣ қонунгузорӣ, меъёрҳо ва низомҳои расмӣ низ бояд ҳамқадам бошанд. Барои ҳамин дар Паём Президенти кишвар таъкид карданд, ки: «Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд». Яъне бояд қонунҳо ва қоидаҳо тавре таҳия шаванд, ки хизматрасониҳо ба таври шаффоф, ҳифзи маълумот таъмин ва истифодаи технология масъулиятнок бошад.
Дар ҳамин замина, дар Паём ба масъулин аз ҷониби Сарвари давлат супоришҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат қайд намуданд, ки Хадамоти алоқа вазифадор аст лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040»-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Ин маънои онро дорад, ки рушд бояд барномавӣ бо дарбаргирии интернети босуръат, хатҳои нави телекоммуникатсионӣ, зиёд шудани имкониятҳои байналмилалӣ ва дастрасии беҳтари мардум ба хизматрасониҳо бошад.
Ба масъалаи кадрҳо низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Дар ҷараёни ироаи Паём Президенти кишвар супориш доданд: «…талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд». Ин нуқта бисёр муҳим аст, зеро агар мутахассис набошад, дастрасӣ ба технология бефоида мегардад. Яъне донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддат бояд ҷавононро ба касбҳои муосир омода кунанд, то онҳо ҳам дар дохил кор ёбанд, ҳам дар хориҷ рақобат кунанд.
Вале ҷанбаи аз ҳама ҳассоси Паём — пайванди рақамисозӣ бо кам кардани “омили инсонӣ” ва баланд бардоштани шаффофият аст. Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд: «Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро коҳиш диҳем». Яъне ҷойҳое, ки пеш бо дафтару коғаз ва вобаста ба шахс ҳал мешуд, бояд ба низоми дақиқ ва назоратшаванда гузарад. Дар чунин ҳолат ҳам шаффофият таъмин карда мешавад, ҳам суръатнокӣ ва дастрасӣ осонтару қулайтар мегардад. Яъне чун мақоли халқии тоҷикӣ “бо як тир” на ду нишон балки чандин нишонро метавонем ба даст орем.
Барои исботи манфиати аслии чунин чораҷӯиҳо, дар Паём мисоли равшан оварда шуд. Пешвои миллат гуфтанд: “то ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ 30–40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард”. Баъд аз ислоҳот бошад, “100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад”. Ин мисол нишон медиҳад, ки рақамисозӣ на танҳо кори идораҳоро осон мекунад, балки ба адолат, ҷамъоварии ҳаққи хизмат ва кам шудани талафот ҳам таъсир мерасонад.
Дар Паём ҳамчунин ба масъалаи пардохтҳои ғайринақдӣ ишора шуд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки зиёд кардани ҳиссаи чунин пардохтҳо ва ҷорӣ намудани онҳо дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ масъалаи муҳим аст. Барои мардум ин чӣ маъно дорад? Вақте пардохт ғайринақдӣ мешавад, ҳисобу китоб равшантар мегардад, баҳс кам мешавад, шаффофият баланд мешавад ва хизматрасонӣ босуръат мегардад.
Хулоса, нуқтаи асосии Паём дар ин бахш ҳамин аст: Тоҷикистон бояд идоракуниро муосир созад, хизматрасониро зудтар ва шаффофтар гардонад ва иқтисодро ба дониш ва технология пайванд диҳад. Ҳамаи ин пешниҳодҳо идомаи сиёсати давлатӣ мебошанд, ки солҳои охир барои беҳтар кардани идоракунӣ, зиёд кардани самаранокӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум роҳандозӣ мешаванд. Агар ин самтҳо бо масъулияти баланд иҷро гарданд, рақамисозӣ ба фоидаи ҳам давлат ва ҳам ҳар як шаҳрванд хизмат хоҳад кард.
ЧИЛАХОН Бадарғаев – сармутахассиси раёсати тарбияи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

ЧИЛАХОН Бадарғаев – сармутахассиси раёсати тарбияи
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку