РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 09.01.2026

РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”
Эмомалӣ Раҳмон
 
Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи илму маориф мувофиқи меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи башаррӣ роҳандозӣ карда шудааст. Махсусан, Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш нисбати ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои асосии рушду инкишофи кишвар ҳисобида, нисбати ин самти афзалиятноки ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2001 то ба имрӯз, яъне 21 маротиба натиҷаи фаъолияти давлату ҳукуматро тавассути Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудааст, ки дар ҳар як Паём дастовардҳои хеле муҳим зикр карда мешванд. Албатта ҳар як Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва барномаи рушд дар ҳамаи соҳаҳои кишвар ва махсусан дар соҳаи маориф нақши муосир ва ҳалкунанда дорад, зеро Пешвои миллат дар ҳар як Паём дастовардҳо ва вазифаҳои муҳим ва заруриро барои солҳои минбаъда бозгӯи менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар ва махсусан дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Тадбирҳои амалигардида махсусан дар соҳаи маориф барои халқи тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол возеҳу равшан аст: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад”.
Тавре дар Паём ироа карда шуд, дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Дигар тадбирҳои амалигардида, ки аз Паёмҳои солҳои гузаштаи Президенти мамлакт ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ин эълон намудани солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф», озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки имрӯз хурду бузурги кишвар дар ин озмӯнҳо иштирок намуда, як қатор чеҳраҳои нав дар самти адабиёти миллӣ кашф шуданд.
Дигар аз тадбирҳои амалишудаи муҳим дар соҳаи маориф ин масълаи музди меҳнати кормандон, омӯзгорон ва стипендияи донишҷӯён мебошад, ки ҳар сол баланд бардошта мешавад. Гӯвоҳи ин гуфтаҳо дар Паёми охирини Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад: “Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд”.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат зимни ироаи Паём имконияти васеи дастрасии аҳли ҷомеаро ба таҳсил таъкид намуда, қайд карданд, ки Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Яъне бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии калон дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
Дар умум, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат таҳлили муқоисавии солҳои истиқлолияти давлатиро дар бар гирифта, дурнамои тамоми соҳаҳоро инъикос менамояд. Вобаста ба иҷрои таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки дар байни ҷавонон – донишҷӯён чорабиниҳои муҳиммеро роҳандозӣ намоем, ки ба таълиму тарбияи маънавии онҳо таъсири мусбӣ расонанд.
 
Шарофзода Э.У. - н.и.т., дотсент мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку