САДА — ОЙИНИ БОСТОНИИ НУР ВА УМЕД

 31.01.2026

САДА — ОЙИНИ БОСТОНИИ НУР ВА УМЕД

Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ як қатор иду ҷашнҳои бостонии мо, ки ба гӯшаи фаромушӣ рафта буданд, аз нав эҳё гардида, имрӯзҳо дар доираи васеъ истиқбол гирифта мешаванд.
Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин на онқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.
Аксари донишмандони мо бар он назаранд, ки пайдоиши ин ҷашни қадимаи мо бо пайдоиши оташ алоқаманд аст. Дар баъзе аз сарчашмаҳо зикр рафтааст, ки бо пайдо шудани оташ мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб кардаанд. Ин, аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед буда, аз тарафи дигар, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кардааст.
Ҷашни Садаро афрӯхтани оташ шукуҳу шаҳомати дигаре зам мекунад, ки он намоди гармиву рӯшноиро ифода мекардааст, аммо бархе аз муддаиён ва мухолифони ин оин иддао мекардаанд, ки ин ҷашни оташпарастон, яъне ҷашни Садаро хоси дини зардуштӣ медонистанд. Вале фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус аз қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст». Бар илова ҷашни Сада ва соири ҷашнҳои устуравии эронитаборон ғолибан марбут ба ҳеҷ кешу оине набудаанд, балки сирф фалсафӣ, иҷтимоӣ ва эҷоди мардумист, ки сарчашмаҳо низ ин андешаро аксаран тасдиқ менамоянд.
Донишманди тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ оид ба пайдоиши ҷашни Сада дар китоби худ «Ат- тафҳим» овардааст: « Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯз, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номи ӯ Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристондӣ. Чун Афредун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси куҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ӯ нигаранд. Ӯ касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид оянд».
Аз ин гуфтори Берунӣ бармеояд, ки пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун нисбат додааст. Ва дар манбаъҳои дигар ҷашни Садаро ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд, ки албатта, барои мо ворисони эшон пеш аз ҳама маълум гардидааст, ки ҷашни Сада ҷашнест таърихи қадим дошта, решааш дар замонҳои пешдодиён ва асримиёнагӣ об хӯрда, то ба замони мо омада расидааст.
Ифтихор ва болидаруҳии мо аз он аст, ки гузаштагони мо дар шинохти ҳамагуна ҳодисаҳои табиат ва ҷанбаҳои ахлоқиву иҷтимоии инсонӣ ба хубӣ огоҳ будаанд. Аз ҷашнҳои суннатӣ, ҳикматҳо ва рисолаву китобҳои ба ҷой гузоштаи аҷдодон, имрӯз ҳар кадоми мо бояд ифтихор дошта бошем, вале ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки на ифтихори пучу дурӯғин, балки бо диду назари имрӯз баррасӣ ва мувофиқа намуд, то баъдинаҳо низ аз он баҳравар гарданду замимаи ифтихори милливу ҳувияти миллиашон қарор диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Наврӯзу Меҳргон ба таҷлили ҷашни Сада низ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, дар яке аз баромадҳояшон гуфта буданд, ки « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат буд, ки имрӯз ин ҷашни аҷдодии мо чун Наврӯз ва Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад ва суннатҳои қадимаи он зина ба зина эҳё мегарданд.
 
Салимов Ф. Н. - муаллими калони кафедраи
забонҳои ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку