АРТИШИ МИЛЛӢ ҲИМОЯТГАРИ ИСТИҚЛОЛ ВА ТАМОМИЯТИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат арзиши олӣ ва муқаддас мебошад. Аммо таърих нишон медиҳад, ки истиқлол танҳо бо эълон кардани санади ҳуқуқӣ устувор намемонад. Он ба такягоҳҳои воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ ва пеш аз ҳама, низомӣ ниёз дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди даст овардани истиқлоли давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаб қарор гирифт. Бӯҳрони сиёсӣ, ихтилофҳои дохилӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ хатари аз байн рафтани давлатдориро ба миён овард. Дар чунин шароит масъалаи таъсиси Артиши миллӣ ба масъалаи ҳаётии давлат табдил ёфт. Тоҷикистон дар оғози истиқлоли комили худ артиши мустақили худро надошт. Қисмҳои ҳарбии дар қаламрави кишвар ҷойгирбуда ба сохторҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тобеъ буданд. Давлат бе заминаи моддӣ-техникӣ, бе кадрҳои пурраи миллӣ ва бе низоми мушаххаси идоракунии ҳарбӣ боқӣ монда буд. Марзҳои давлатӣ, махсусан дар самти ҷануб, таҳти таҳдид қарор доштанд. Дар ҳамин шароити ҳассос зарурати ташкили нерӯҳои мусаллаҳ ба миён омад.
23 феврали соли 1993 ҳамчун рӯзи таъсиси расмии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин сана на танҳо оғози ташкили сохтори ҳарбӣ, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ буд. Таъсиси артиш дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ амалӣ гардид, ки онро ба яке аз душвортарин равандҳои бунёди нерӯи ҳарбӣ дар фазои пасошӯравӣ табдил медиҳад. Дар ин давраи сарнавиштсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва ҳалкунанда буд. Маҳз дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави кишвар масъулияти таъмини сулҳ ва барқарорсозии сохти конститутсиониро ба дӯш гирифт. Бо дарки амиқи вазъият, роҳбари давлат таъсиси нерӯи мудофиавии миллӣ ва таҳкими пояҳои амниятиро ҳамчун самти афзалиятнок муайян намуданд.
Бо ташаббуси роҳбарияти давлат қонунҳои асосии соҳаи мудофиа қабул гардиданд, аз ҷумла қонун «Дар бораи мудофиа» ва қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ». Ин санадҳо пояи ҳуқуқии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро муайян карда, заминаи ташкили сохтори муназзам ва идоракунии марказонидашударо фароҳам оварданд.
Ҳамзамон Консепсияи амнияти миллӣ қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати мудофиавии давлатро мушаххас сохт. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 марҳилаи нави рушд оғоз ёфт. Артиши миллӣ аз сохтори фавқулода ба нерӯи касбӣ ва муназзам табдил ёфт. Таъсиси муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, омодасозии кадрҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи интизом ва такмили сохтори фармондеҳӣ ба баланд гардидани қобилияти ҷангӣ мусоидат намуд. Ин раванд нишон дод, ки бунёди артиш танҳо бо техника не, балки пеш аз ҳама бо инсон, бо рӯҳия ва масъулиятшиносӣ амалӣ мегардад. Дар солҳои минбаъда заминаи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан беҳтар гардид. Инфрасохтори ҳарбӣ навсозӣ шуд, қисмҳои низомӣ таҷдид гардиданд, сатҳи омодагии ҷангӣ боло рафт. Артиши миллӣ ба сохтори муосири мудофиавӣ табдил ёфт, ки аз қӯшунҳои хушкигард, нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва воҳидҳои махсус иборат мебошад. Иштирок дар машқҳои муштараки минтақавӣ ва байналмилалӣ сатҳи ҳамоҳангӣ ва омодагии касбиро тақвият бахшид.
Артиши миллӣ имрӯз на танҳо ҳомии марзу буми кишвар, балки кафили сулҳ ва суботи ҷомеа мебошад. Дар шароити тағйирёбии вазъи геополитикӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, нақши Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам муҳимтар мегардад. Таҷрибаи солҳои гузашта собит намудааст, ки бе Артиши миллӣ ҳифзи истиқлолият ва суботи давлатӣ ғайриимкон аст. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Сиёсати давлатии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба ташаккули ҳисси баланди масъулият, ифтихори миллӣ ва садоқат ба давлат равона гардидааст. Артиш барои ҷавонон мактаби мардонагӣ, интизом ва худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз тавассути тарбияи ватандӯстӣ пояҳои амнияти давлат мустаҳкам мегарданд.
Имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад. Он дар шароити бисёр душвор таъсис ёфта, тавассути сиёсати хирадмандона ва иродаи устувори роҳбарияти давлат ба нерӯи муназзам ва боэътимод табдил ёфт. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд арзиши таърихӣ дорад, зеро маҳз бо роҳбарии стратегӣ ва масъулиятшиносии сиёсӣ пояҳои мудофиавии давлат устувор гардиданд.
Отабек Салимов - донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 430101А1 факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ