АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ҚУДРАТ ВА СУБОТИ ДАВЛАТ

 26.04.2026

АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ҚУДРАТ ВА СУБОТИ ДАВЛАТ

Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст ва артиши миллӣ дар шароит мусоид таъсис дода бо тамоми имконотҳо фароҳам мешавад, вале Артиши милли Точикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором карор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар қариб ки набуданд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи ҳарбӣ - сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд. Тоқикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллахи худ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вучуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ аз сифр шуруъ гардид.
 
18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд таъсис дода шуд.
 
Ҳамин тариқ 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради харбӣ баргузор гардид, ки ин рӯз расман санаи таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди иқтисодию молиявӣ ханӯз аз марҳилаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсози инфрасохторҳо ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуда буд.
 
Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи харби сиёси дар кишвар барои баркарор намудани сохти конститутсиони, таъмин намудани сулху субот ва фарохам овардани шароити мусоид барои хаёти осоишта мардум ба сангархои оташгир сафарбар мегарданд.
 
Соли 1999 аввалин машқҳои харбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир карда шуд. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, ба техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт.
 
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамон мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неруи обутобёфта, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқадасоти миллӣ рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад.
 
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайваста қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як Давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад, зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Бояд ҳар як ҷавон бо хизмати содиқона, исбот намояд, ки Қуввахои Мусаллаҳи кишвар ҳақиқатан сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулху суботи ҷомеа мебошад.
 
Файзулло Салимов - муаллими калони кафедраи забонҳои ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Назад к списку