ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПАРАДИГМАИ МУОСИРИ СИЁСАТИ ГЛОБАЛИИ ОБ

 26.04.2026

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПАРАДИГМАИ МУОСИРИ СИЁСАТИ ГЛОБАЛИИ ОБ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳайси як воҳиди комили сиёсӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ташаккул ёфта, тадриҷан аз мақоми иштирокчии оддӣ ба субъекти ташаббускор ва таъсиргузор табдил ёфтааст. Ин раванд, аз нигоҳи сиёсатшиносӣ, нишондиҳандаи болоравии сатҳи давлатӣ ва қобилияти шаклдиҳии рӯзномаи байналмилалӣ мебошад. Дар ин замина, сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои бисёрсамтӣ, прагматизм ва ҳамкории созанда рушд намуда, масъалаҳои об ва муҳити зистро ба яке аз меҳварҳои калидии худ табдил додааст.
 
Дар доираи таҳлилҳои муосири сиёсатшиносӣ, об ҳамчун як захираи стратегии фаромиллӣ баррасӣ мегардад, ки метавонад ҳам омили ҳамкорӣ ва ҳам манбаи ихтилоф гардад. Аз ин нуқтаи назар, сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ҳамчун шакли муассири «дипломатияи об» арзёбӣ мешавад. Ин навъи дипломатия ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои кишварҳо, пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ ва ташаккули механизмҳои муштараки идоракунии захираҳо равона шудааст.
 
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин сиёсат – табдил додани масъалаҳои экологӣ ба унсури таркибии амнияти миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар адабиёти сиёсатшиносӣ ин раванд ҳамчун «секьюритизатсия» маъруф аст. Суханрониҳои Пешвои миллат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, махсусан дар шаҳри Остона, далели равшани ин равиши назариявӣ дар амал мебошанд.
Аз нуқтаи назари геополитикӣ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари болооб дар низоми гидрологии Осиёи Марказӣ мавқеи стратегӣ дорад. То 60 фоизи захираҳои обии минтақа дар ҳудуди кишвар ташаккул меёбанд, ки ин ба Тоҷикистон имконияти иҷрои нақши «таъминкунандаи амнияти обӣ»-ро медиҳад. Дар чунин шароит, об ба инструменти муҳими «қувваи нарм» табдил ёфта, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ беидуни истифодаи фишангҳои сахт (hard power) тақвият бахшад.
 
Ҳамзамон, сиёсати Тоҷикистон дар самти об бо институтсионализатсияи ташаббусҳои байналмилалӣ тавсиф мешавад. Ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва пешниҳоди ташаббусҳое, ба мисли Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», намунаи равшани дар сатҳи глобалӣ мебошанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавонистааст, масъалаҳои миллӣ ва минтақавиро ба сатҳи масъалаҳои ҷаҳонӣ бардорад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба онҳо ҷалб намояд.
Дар ин замина, баргузории конфронсҳои сатҳи баланд, аз ҷумла ҳамоиши Ню-Йорк (2025), ҳамчун платформаи муҳими дипломатияи бисёрҷониба хизмат мекунад. Ин гуна ҳамоишҳо на танҳо барои баррасии масъалаҳо, балки барои ташаккули консенсуси сиёсӣ ва таҳияи механизмҳои муштараки амал аҳамияти калон доранд.
 
Масъалаи Баҳри Арал дар сиёсати минтақавӣ ҳамчун як мавриди (кейси) классикии «амнияти ғайрианъанавӣ» баррасӣ мешавад. Буҳрони экологӣ дар ин минтақа натиҷаи норасоии ҳамоҳангии сиёсати давлатҳо ва истифодаи ғайримуассири захираҳои об мебошад. Аз нуқтаи назари сиёсатшиносӣ, ин ҳолат зарурати гузариш ба модели «идоракунии муштарак» -ро нишон медиҳад, ки дар он манфиатҳои миллӣ бо манфиатҳои минтақавӣ ва глобалӣ мутобиқ карда мешаванд.
Таҳдидҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла коҳиши пиряхҳо, зиёдшавии хушксолӣ ва афзоиши фишор ба захираҳои об, метавонанд ба ноустувории сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонанд. Ин раванд дар назарияи «экологияи сиёсӣ» ҳамчун таъсири мутақобилаи омилҳои табиӣ ва сиёсӣ баррасӣ мегардад. Пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати идома ёфтани чунин тамоюлҳо, минтақа метавонад бо афзоиши муҳоҷирати «иқлимӣ» ва пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ру ба ру шавад. Дар чунин шароит, сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардидааст. Пешниҳоди ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ дар доираи ҳамин мантиқ қарор дошта, кӯшиши пайвастани рӯзномаи амниятӣ бо рӯзномаи рушд ва экология мебошад. Аз нуқтаи назари назариявӣ, ин сиёсатро метавон ҳамчун намунаи «комплексии амният» арзёбӣ намуд, ки дар он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ ба таври ҳамгиро баррасӣ мешаванд. Ин равиш ба ташаккули як модели нави идоракунии глобалӣ мусоидат мекунад, ки дар он ҳамкорӣ, эътимод ва масъулияти муштарак ҷойгоҳи марказӣ доранд.
 
Дар маҷмуъ, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки давлатҳои миёнаҳаҷм низ метавонанд дар шаклдиҳии низоми байналмилалӣ нақши фаъол дошта бошанд, агар онҳо тавонанд захираҳои худро ба таври стратегӣ истифода баранд ва ташаббусҳои созандаро пешниҳод намоянд. Сиёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва экология намунаи равшани ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ бо манфиатҳои глобалӣ буда, метавонад ҳамчун модели назариявӣ ва амалӣ барои дигар кишварҳо хизмат намояд.
 
Қаландарзода И.И. – н.и.т., дотсент, декани факултети ММТ ДМТБ-ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ
 
 
 
 

Назад к списку