РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ
Сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифта, яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ба ҳисоб меравад. Ин сафар ба мақсади иштирок дар Саммити минтақавии экологӣ таҳти унвони “Диди муштарак барои ояндаи устувор” баргузор гардида, бо баррасии масъалаҳои стратегии рушди устувор, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст.
Дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд, масъалаи ҳамгироии сиёсати энергетикии кишварҳои минтақа бо дарназардошти талаботи иқтисоди “сабз” ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки рушди энергетикаи устувор дар шароити муосир на танҳо омили рушди иқтисодӣ, балки заминаи асосии таъмини амнияти экологӣ ва энергетикии минтақа мебошад.
Дар суханрониҳо ва мулоқотҳои сатҳи олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳамкории минтақавиро дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-энергетикӣ махсус таъкид намуданд. Зикр гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои имкониятҳои бузурги гидроэнергетикӣ, офтобӣ ва бодӣ мебошанд, ки истифодаи муштарак ва илмӣ асосёфтаи онҳо метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани вазъи экологӣ мусоидат намояд.
Дар идомаи баррасии масъалаҳо, яке аз самтҳои асосӣ рушди энергетикаи «сабз» арзёбӣ гардид. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, метавонанд аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили неруи обӣ, офтобӣ ва бодӣ васеъ истифода баранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ин самт аҳамияти стратегӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи пурраи ин захираҳо метавонад на танҳо талаботи дохилиро қонеъ гардонад, балки имкониятҳои содироти неруи барқро низ афзоиш диҳад.
Дар баробари ин, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун омили муҳим таъкид гардид. Дар шароити гуногун будани захираҳои энергетикӣ миёни кишварҳои минтақа, ҳамкории мутақобилан судманд метавонад ба истифодаи самараноки онҳо мусоидат намояд. Масалан, кишварҳои дорои захираҳои обӣ метавонанд барқ истеҳсол намуда, ба кишварҳои дигар содирот намоянд. Ташкили бозори ягонаи энергетикӣ ва мубодилаи барқ дар ин замина аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон, дар саммити мазкур масъалаҳои татбиқи технологияҳои муосири каммасрафи энергия, ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва рушди инфрасохтори “энергияи сабз” мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ҳамкории илмӣ-техникӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва табодули таҷриба миёни давлатҳои минтақа метавонад дар таҳкими амнияти энергетикӣ нақши калидӣ бозад.
Бахши муҳими саммит ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ бахшида шуд. Дар ин замина, рушди энергетикаи тоза ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар минтақа арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки танҳо тавассути ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ ва энергетикӣ метавон ба ҳадафҳои рушди устувор ноил гардид.
Дар умум, натиҷаҳои сафари корӣ ва иштирок дар Саммити минтақавии экологӣ нишон доданд, ки густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика ва экология ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа буда, ба таҳкими субот, рушди иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Хулоса, ин сафар ҳамчун як қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ ва пешбурди сиёсати рушди устувори энергетикӣ ва экологӣ дар минтақа арзёбӣ мегардад.
Юсуфзода М.Ю. – н.и.т., декани факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ