САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

 26.04.2026

САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Сафари кории Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки масъалаҳои экология ва иқтисод ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ табдил ёфта, аҳамияти махсуси стратегӣ дорад. Ин сафар дар доираи ҳамоиши байналмилалии таҳти унвони «Осиёи Марказӣ дар масири рушди устувор: ҳамоҳангии экология ва иқтисод» баргузор гардида, ҳамчун платформаи муҳими ҳамкории минтақавӣ баромад намуд.
Зарурати ҳамоҳангии экология ва иқтисод дар шароити тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ ва афзоиши талаботи иқтисодӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбур мебошанд, ки сиёсати рушди худро дар асоси тавозуни манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист ба роҳ монанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад, дар ин раванд мавқеи калидӣ дорад.
Сафари Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки масъалаҳои муҳими зерин баррасӣ шаванд: истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ; рушди «иқтисоди сабз»; ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи тоза; таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти ҳифзи муҳити зист.
Тоҷикистон ва ташаббусҳои глобалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон, аз ҷумла эълон гардидани солҳои байналмилалии марбут ба об, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд. Дар ҷараёни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон таъкид гардид, ки ҳамоҳангии сиёсати экологӣ ва иқтисодӣ на танҳо барои рушди устувори миллӣ, балки барои суботи тамоми минтақа муҳим мебошад. Ҳамкории минтақавӣ омили калидии рушди устувор муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир тамоюли рушди устуворро нишон медиҳанд.
Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодиёти пешрафтаи минтақа ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои гидроэнергетикӣ метавонанд ҳамкории мутақобилан судмандро тақвият бахшанд. Дар доираи ин сафар, масъалаҳои зерин мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд: густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ; татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика; мубодилаи таҷриба дар соҳаи экология; таҳкими ҳамкории илмӣ ва технологӣ.
Натиҷа ва дурнамо сафари кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва пешбурди сиёсати рушди устувор арзёбӣ мегардад. Ин сафар нишон дод, ки танҳо тавассути ҳамкории зич ва ҳамоҳангии манфиатҳои иқтисодӣ ва экологӣ метавон ба рушди устувори минтақа ноил гардид.
Дар маҷмӯъ, мавқеи фаъолонаи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои глобалии обу иқлим ва ташаббусҳои созандаи роҳбарияти кишвар, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро фароҳам меорад.
 
 
ЧИЛЛАХОН Бадарғаев - сармутахассиси раёсати тарбия ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Назад к списку