ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВВАҶУҲ ВА МЕЪМОРИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар замони муосир, ки рақобати зеҳнӣ ва технологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз афзоиш меёбад, нақши ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва меъмори сиёсати созанда аҳамияти калидӣ пайдо кардааст. Ҷавонони болаёқат, донишманд ва эҷодкор метавонанд сарнавишти миллатро ба сӯи пешрафту шукуфоӣ ва рушди ҷоемаи навбунёд раҳнамун созанд. Аз ин рӯ, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони глобализатсия, ки пешрафти техника ва технология нақши ҳалкунанда дар рушди ҷомеа дорад, дастгирии ҷавонон дар ин самт аҳамияти махсус пайдо мекунад. Хушбахтона, дар шаҳри Душанбе ба ин масъала аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, сиёсати пешгирифташуда ба рушди зеҳнии насли ҷавон мусоидат менамояд.
Бо камоли эҳтиром ва ифтихор бояд зикр намуд, ки дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ барои рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ташаббусҳо ва барномаҳои амалӣ гардида, аз ҷумла дастгирии таҳсил, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ, рақобатҳои илмӣ, ташкил намудани озмун ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе, барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаю технология ва инноватсияю ихтироъкорӣ дар фароҳамсозии шароити муосир дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, гувоҳи равшани таваҷҷуҳи пайваста ба насли наврас ва ҷавон мебошанд.
Дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе, махсусан Раиси Шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбати ҷавонон, махсусан дар самти техникаву технология, шоистаи таҳсин аст.
Камина, ҳамчун як муҳаққиқи ҷавон, миннатдории самимии хешро баён менамоям, ки чунин фазои илмомӯзиву эҷодкорӣ ба мо имконият медиҳад, то ормонҳои кучаки қалби хешро худро дар амал татбиқ намоем. Дастгирии пайваста ва ғамхории роҳбарияти шаҳр, боис гардидааст, ки ҷавонон худро нерӯи муҳим ва арзишманд эҳсос намоянд.
Махсусан, рушди инфрасохтори илмӣ, таъсиси марказҳои навоварӣ, китобхонаҳои муосир, IP-паркҳо ва майдонҳои эҷодӣ имконият медиҳанд, ки ҷавонон донишу малакаҳои худро сайқал диҳанд. Ин ҳама тадбирҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати пешгирифташудаи Раиси Шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбати ҷавонон на танҳо ба имрӯз, балки ба фардои дурахшони кишвар алалхусус нигини Осиё Душанбешаҳр нигаронида шудааст.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши барномасозӣ, роботсозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳои инноватсионӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дониш, малака ва маҳорати худро такмил дода, ба сатҳи байналмилалӣ бароянд.
Бо истифода аз ин имкониятҳо, мо ҷавонон вазифадорем, ки бо масъулияти баланд дониш андӯзем, навоварӣ намоем ва барои пешрафти илму фарҳанг саҳм гузорем. Аз ин лиҳоз бо фурсати муносиб миннатдории бепоёни худро ба роҳбарияти шаҳри Душанбе, хоса муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии пайваста, боварӣ ва эътимод нисбат ба қишри ояндасози замон изҳор намоем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин сиёсати дурбинонаи роҳбарияти шаҳр, Раиси Шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, заминаи боэътимод барои ташаккули насли нав, насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва эҷодкор мебошад.
Ҷавонони имрӯз – пояи устувори фардои Ватан!
Шукруллоҳ Бобозода – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ва Барандаи ҷоизаи Раиси ш.Душанбе дар соли 2026