ДУШАНБЕ — ОИНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИК

 26.04.2026

ДУШАНБЕ — ОИНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИК

Зебогии табиат, бӯи гулҳо ва ҳавои тоза воқеан ба инсон рӯҳу илҳоми нав мебахшанд. Махсусан Тоҷикистони азизи мо бо табиати нотакрори худ, обҳои зулол, водиҳои лолазор ва кӯҳҳои сарбафалаккашидааш биҳишти рӯи замин аст. Ҳангоми гаштугузор дар хиёбонҳои пойтахти азизамон кас худро дар дунёи дигар эҳсос мекунад. Боғу гулгаштҳои ҳамешабаҳору шукуфон ва дарахтону буттаҳои ҳамешасабз ҳусни шаҳрро дилоро ва рангин гардонидаанд.
 
Ҳамаи ин ободонӣ, бунёдкорӣ ва зебоии диёри нозанинамон махсусан пойтахти дилорои мо Душанбешаҳр аз мардуми ботамаддун ва зебоиофари тоҷик дарак медиҳад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, таъкид менамоянд, миллати тоҷик аз қадим зебоиофар, ботамаддун, шаҳрсоз ва зиндадил будаанд.
Ҳамакнун мо, ҷавононе, ки зодаи истиқлолем, бояд ҳамаи ин зебоӣ ва шоҳкориро ҳифз намоем ва дар ободии ватани азизамон саҳмгузор бошем. Мо бояд дар ҳар гӯшаи диёри хеш ҳадди ақал як ниҳол, гул ё донае шинонем ва дар пешрафти он саҳм гузорем. Агар худ натавонем, бояд ба шахсоне, ки чунин иқдомҳоро амалӣ менамоянд, кӯмак расонем.
 
Дар айни замон, бо зиёд шудани истифодаи маводҳои пластикӣ ва дигар маводҳои кимиёвӣ, нигаронӣ оид ба муҳити зист хеле афзоиш ёфтааст. Ин маводҳо хусусияти нопусанда дошта, ҳатто дар хок ва об солҳои зиёд боқӣ мемонанд ва таркиби ҳосилхези хокро вайрон мекунанд. Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи табиат ва зебогии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе — дуруст партофтани партовҳо ба қуттиҳои махсуси коркардшаванда мебошад.
 
Мутаассифона, имрӯзҳо аз ҷониби баъзе наврасон ва ҷавонон риоя нагардидани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва одоби фароғат, махсусан дар шаҳри Душанбе, ба назар мерасад. Тибқи талаботи фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳар шахс ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳо ва дигар маводҳои ғизоӣ бояд партовҳоро ба ҷойҳои махсус партояд. Ҳамчунин, хурдани донагӣ, аз қабили донаҳои офтобпараст, писта ё бодом, одоби худро дорад ва партови онҳо набояд ба замин афканда нашавад.
 
Риояи тозагӣ ва нигоҳдории муҳити зист вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҳар рӯз аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон сайёҳон ба пойтахти мо меоянд ва мо бояд фарҳанги волои шаҳрнишинӣ ва зебоиофарии худро ба онҳо нишон диҳем. Як шахси бефарҳанг метавонад ҳусни шаҳрро халалдор созад, бинобар ин мо, ҷавонон, бояд чунин рафторҳоро дида, бо роҳҳои дуруст ба онҳо фаҳмонем.
 
Бо боварии комил метавон гуфт, ки халқи азизи мо метавонад аз ин ҳам зеботар Ватан бунёд намояд. Мо ҷавонон ҳамеша барои ободонӣ ва тозагии диёрамон кӯшиш мекунем. Хуррамгардонӣ ва сарсабз нигоҳ доштани Ватани азизамон шиори мост.
 
Ҳавоят софу беғубор, дарахтонат пурмеваву сарсабз, обҳоят ҳамеша поку мусаффо бод, Тоҷикистони азизи ман!
 
Содиқзода Шермуҳаммад - мутахассиси бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа
 
 
671447149_1590363286425798_8113975870896867508_n

Назад к списку