НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ОМАД

 29.04.2026

НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ОМАД

Мужда, эй дуст, ки Наврӯзи Аҷам меояд,

Аз сари пушта ба роҳи хами хам меояд.

Чеҳраи Юсуфии фасли баҳорон дида,

Ҳарфи нонавиштаи ман нӯги қалам меояд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми эронитабор, аз он ҷумла, миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Чи тавре ки аз маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои адабӣ бармеояд, пайдоиши ҷашни Наврӯзро ба замони Шоҳ Ҷамшед алоқаманд медонанд. Вақте ки Ҷамшед ҷашни Наврӯзро кашф намуд, дар ибтидо онро дувоздаҳ рӯз ҷашн мегирифтанд, ки дар ин муддат расму оинҳои зиёде анҷом дода мешуданд.

Наврӯз ин яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи зиёда аз сеҳазорсола мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо омада расидааст.

Тавре, ки аз номи Наврӯз бармеояд маънояш «рӯзи нав» буда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав мебошад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, бедоршавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад.

Дар бораи таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ  аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти муфассал зикр гаштааст.

Соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуда, он ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Бояд таъкид намуд, ки дар амалӣ шудани ин пешниҳод ба ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО кӯшишу заҳматҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Проезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст ва ин ифтихори миллати тоҷик ҳам аст. Ҳамзамон дар соли 2010 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Наврўз”, рӯзҳои 21-24-уми мартро иди байналмилалии Наврӯз эълон намуданд.

Мардуми тоҷик аз замонҳои пеш Наврузро ҳамчун оғози фасли баҳор, эҳёи табиат, баробар шудани шабу рӯзро чун оғози соли нав қабул мекард.

Махсусан, Наврӯз дар замони Сомониён бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Шоҳону амирон дар ин рӯз маросиму русуми идона ташкил мекарданд.

Имрӯз бошад Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азиз бо тантана таҷлил карда мешавад. Дар қаламрави ватани азизамон барномаҳои фарҳагӣ, мусобиқаҳои миллӣ (гӯштингирӣ, футболу волейбол, дави Наврӯзӣ ва ғ.), намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои суннатӣ баргузор мегарданд.

Наврӯз барои мардуми тоҷик на танҳо ҷашни баҳор, балки рамзи ваҳдат, эҳёи фарҳанги миллӣ ва пайванди наслҳо маҳсуб мешавад.

Маълум аст, ки ҷашни Наврӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо расму ойинҳои гуногун таҷлил мегардад, гарчанде ки моҳияти ҷашн як аст, яъне истиқболи фасли баҳор ва соли нав аст.

Дар Тоҷикистони азизи мо баъзе ойинҳо умумии наврӯзӣ вуҷуд доранд, ки дар ҳама гӯшаю канори ватанамон мардум онҳоро то ба имрӯз нигоҳ доштаанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.

Яке аз ин расмҳои наврӯзӣ хонатаконӣ мебошад, ки қабл аз ҷашн хонаро тоза мекунанд. Дигар ойини наврӯзӣ оростани дастархони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ мебошад.

Аёдати хешу табор ва одамони калонсол, оштӣ кардан бо ҳам аз ҳамин гуна ойинҳои наврӯзӣ мебошанд.

Мехостем дар бораи баъзе расму ойинҳое, ки дар Бадахшон то ба имрӯз ҷорӣ ҳастанд, изҳори назар кунам, ки хусусияти хоси фарҳангӣ доранд.

Ҳар яке аз ин суннатҳо дорои рамз ва маънои махсус буда, дар маҷмуъ орзую армонҳои поки мардуми пеш ва имрӯзро ифода мекунанд.

Расми хонатаконӣ-хонабаророн мавҷуд аст, ки асосан кадбонуҳои хона пеш аз ид хонаҳоро пурра тоза мекунанд ва чӯбҳои шифти хонаи бадахшониро бо орд гулкорӣ мекунанд, ки ба гуфтаи мӯйсафедон, орд рамзи покӣ ва рӯзгори осуда мебошад.

Бегоҳии рӯзи ҷашни Наврӯз Аловпарак ташкил намуда, ҳар як узви хонавода аз болои оташ парида, риштаеро аз ҷома гирифта, ба даруни оташ меандозанд. Мегӯянд, ки оташ гуноҳсӯз аст ва гуноҳҳои кардаи соли куҳнаро тоза менамоянд ва инчунин нишонаи равшанӣ ва оғози зиндагии нав мебошад.

Ҳамчунин тайёр кардани таомҳои наврӯзии бадахшонӣ ба ин ҷашн хос аст, мисли суманак, атола, кулча, нони бо донаи чормағз пухташуда ва ғайра.

Баъзе бозиҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки асосан ба ҷашни Наврӯз бештар иртибот доранд. Яке аз ин бозиҳо, ки танҳо хоси ҷашни Наврӯз мебошад, “Килоғузғуз” ном дорад. Вақте ки дар рӯзи ҷашн хонаро тоза мекунанд, бегоҳӣ ҳамин бозӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон ташкил карда мешавад.

Хонаҳои бадахшонӣ равзан доранд ва бачаҳо аз равзани хона омада, яке оромона, бо овози на он қадар баланд байти наврӯзиро қироат мекунаду рӯймолчаи сурхро ба хона кашол мекунанд ва ба аҳли хонавода ҷашни Наврӯзро табрик мегӯянд. Баъд чизи оддиро талаб мекунанд. Қоида ин аст, ки бо эҳтироми хоса сухан мекунанд ва аҳли хонавода низ ба онҳо ҷавоби рад намегӯянд.

Зикр бояд кард, ки дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашни Наврӯз сол то сол бо шукӯҳу шаҳомати бештар таҷлил карда мешавад ва як василаи ваҳдат, бародарию дӯстӣ барои миллати соҳибфарҳанги тоҷик мебошад. Одамон дастархони идона ороста, таъомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва хурду бузург хурсандона эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо меоранд ва ба зиндагии бофароғат, ватани амну осоишта, ба Тоҷикстони ободу ором шукргузрӣ мекунанд ва бо як шукуҳи хоса дар сатҳи баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

Равшанов Ч.Б. мудири кафедраи Информатика ва техникаи ҳисоббарори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ;

Мирзоҳасанов М.Л, муаллими калони кафедраи Информатика ва техникаи ҳисоббарори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ.

 


Назад к списку