ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛУ САФО

 25.11.2021

«Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ таҳкими ҳувияти миллӣ, шуури сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон, шинохти асолати таърихӣ ва муаррифии давлату миллат дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро зарур аст, ки зери парчами давлатӣ баҳри пешрафту шукуфоии кишвар ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои устувору созанда гузорем.

Боиси тазаккур аст, ки парчами миллии тоҷикон дар давраи душвору ҳассоси мамлакат ‒ Иҷлосияи XVI-уми тақдирсоз тариқи озмун тасдиқ ва барафрохта шуд. Комиссияи кории рамзҳои давлатӣ ва намояндагони мардумӣ (Иҷлосия) масъулияти таърихии худро дарк карда, парчамро бо тамоми рукнҳои фарҳангию таърихӣ ва худшиносии миллӣ қабул карданд. Ногуфта намонад, ки баъд аз 70 соли Ҳокимияти Шӯравӣ бори нахуст Парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардид.

Давлати навини тоҷикон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро пешбинӣ намудааст. Махсусан, 11-уми декабри соли 1999 (таҳти №892) Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозии андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12-уми майи 2007, таҳти №254) танзим менамояд.

Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд аз давраҳои қадим соҳиби Парчами хеш буданд, ки онро «Диравши ковиёнӣ» ё «Ахтари ковиёнӣ» меномиданд. Фирдавсии бузург дар ҳамосаи безаволаш ‒ «Шоҳнома» онро чунин тасвир кардааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он ба сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард...

Чу он пӯст бар найза – бар дид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Бизад бар сари хеш чун гирд моҳ,

Яке фоли фаррух паяфканд шоҳ.

Фуру ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш “Ковиёнӣ дирафш”

Дар китоби Авесто доир ба истифодаи дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо ишора гардидааст. Дар «Видевдод» аз шаҳри Балх чунин ёд шудааст: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта», инчунин чанд бори дигар доир ба «Дирафши говпайкар» ва дирафшони душманони ориёиҳо дарҷ гардидааст.

Таърихи парчамдории тоҷикон аз замони давлатҳои Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён то ин ҷониб маълум аст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Эҳтирому гиромидошти Парчам масъулият ва вазифаи шаҳрвандии мост. Бигузор то абад Парчами мо дар фазои орому ободи Тоҷикистони биҳиштосо парафшон бошад.

Абдуллоев А.Ш. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.


Назад к списку