КИБЕРҶИНОЯТҲО – ТАҲДИД БА ЗАМОНИ МУОСИР

 23.12.2021

Дар замони муосир ҳаракатҳои гуногуни терористию экстремистӣ, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ҷомеаи ҷаҳониро ноором намуда, ҳазорон нафарони бегуноҳро ба қатл мерасонанд, таҳдиди умумиҷаҳонӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, аз ин зуҳуроти ҷиноятӣ дур монда наметавонад. Бинобар ин ба ҳамаи мо зарур аст, ки нисбат ба ин зуҳуроти номатлуби замон бетараф набуда, ба масъалаи таъмини амният ва сулҳу суботи кишварамон аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

Дар шароити имрӯза технологияҳои иттилоотӣ ва Интернет дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти одамон ба тарзи васеъ истифода бурда мешавад. Технологияи муосир ва Интернет на танҳо бо мақсади пешбурди кор, инчунин бо мақсади ҷинояткорӣ (киберҷиноят) истифода мешавад, ки хатарҳои зиёдеро ба пеш меорад. Яке аз ин хатарҳо гумроҳ намудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба созмону ҳаракатҳои тундраво, экстремистию террористии манъшуда бо истифода аз шабакаҳои Интернетӣ мебошад, ки ин гурӯҳҳо онро ба тарзи васеъ истифода менамоянд.

Фаъолияти ғайриқонунӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ бо истифодабарӣ аз шабакаи Интернет бо мақсадҳои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ истифода бурда мешавад. Ин гуна ҷиноятҳо ба муқобили давлатҳои гуногун, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шахсони алоҳида равона мегарданд. Киберқаллобӣ, терроризму экстремизм, паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, ҷосусии компютерӣ, дастрасии ғайриқонунӣ ба додаҳои шахсӣ, таҳдидҳо ба инфрасохторҳои муҳим (нақлиёт, энергетика, алоқа ва ғ.) ва дигар ҷиноятҳо хатари зиёд ба амнияти давлат мебошад.

Киберҷиноятҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намудан душвор аст, чунки онҳо ба якдигар вобастагӣ доранд, вале дар умум чунин гурӯҳҳои киберҷиноятҳоро ҷудо намудан имконпазир аст:

  1. Киберҷиноятҳои молиявӣ. Киберҷинояткорон шабакаи Интернетро дар ин маврид барои гирифтани манфияти молиявӣ истифода мебаранд.
  2. Киберҷиноятҳо вобаста ба ҳаёти шахсӣ. Киберҷиноятҳо на танҳо ба корхонаҳои муҳими давлатӣ, балки ба ҳаёти шаҳрвандони оддӣ низ бевосита таъсир мерасонанд. Додаҳои шахсии коргарон ва истифодабарони шабакаи Интернет ҳамеша зери хатар аст. Истифодабарони Интернет додаҳои шахсии худро дар он ҷойгир менамоянд, ки метавонад мавриди истифодаи қаллобон гардад. Онҳо аз ин маълумот истифода намуда, амалҳои ғайриқонуниро иҷро менамоянд. Бинобар ин ҳар як истифодабари шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба ҳифзи аккаунти худ ҷиддӣ рафтор намояд ва қоидаҳои таъмини бехатарии иттилоотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ риоя кунад.
  3. Киберҷиноятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Баъзе аз киберҷиноятҳо ба тағйир додани муҳити сиёсӣ ё ин ки зарар овардан ба шахсиятҳои алоҳида ё гурӯҳи одамон равона карда мешаванд. Бадбинӣ оид ба шахсиятҳо ва гурӯҳи одамон дар асоси омилҳои гендерӣ, динӣ, қабилавӣ, маҳаллию миллӣ ва ғайра пайдо мешавад. Масалан, паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ оид ба шахсони алоҳида ва гурӯҳи одамон. Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ фазои иттилоотиро барои тарсонидан, паҳнкунии ақидаҳои худ ва ворид намудани зарарҳо ба IT-инфрасохтор истифода мебаранд.

Қисмати зиёди ҷиноятҳое, ки бо истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ содир мегардад, ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва психотропикӣ низ вобастагӣ дорад. Ғайр аз ин шабакаи умумиҷаҳонӣ ба тарзи васеъ барои тарғиботи ақидаҳо ва ҳаракатҳои гуногуни экстремистӣ истифода бурда мешавад. Киберҷиноятҳо аз ҳудуди давлатҳо баромада, тавсифи байнисарҳадӣ доранд. Барои киберҷинояткорон сарҳад байни давлатҳо вуҷуд надорад.

Мутассифона киберҷиноятҳо характери байналмилалӣ доранд. Таҳдидҳои компютерӣ метавонад ба мо аз дигар давлатҳо расонида шавад, на аз дохили ҷумҳурӣ. Ҷинояткорон метавонанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, вале онҳо имкон доранд, серверҳои дар дигар давлатҳо бударо истифода намоянд. Бинобар ин дар ин маврид ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба ошкор кардани киберҷиноятҳо хеле зарур мебошад.

Барои муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ чунин тавсияҳоро пешниҳод намудан мумкин аст:

  • Истифодаи самараноки воситаҳои техникии муҳофизатӣ;
  • муҳофизат намудани додаҳои шахсӣ;
  • нигоҳ надоштани маълумоти махфӣ дар домени ҷамъиятӣ;
  • мунтазам нусхаҳои эҳтиётии системаро дар серверҳои ҷудошуда аз сегментҳои шабакавӣ нигоҳ доштан;
  • мониторинги амнияти системаҳо:
  • назорати пайдоиши захираҳои хатарнок дар сатҳи шабака;
  • полоиш намудани трафик;
  • баланд бардоштани сатҳи огоҳии муштариён оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ;
  • мунтазам ба мизоҷон қоидаҳои бехатарии истифодабарии Интернетро ёдрас намудан;
  • огоҳ сохтани мизоҷон дар бораи рӯйдодҳои амнияти иттилоотӣ;
  • истифодабарии барномаҳои иҷозатномадор;
  • истифодаи самараноки барномаҳои антивирусӣ;
  • муҳимтарин файлҳоро на танҳо дар диски дурушти компютерӣ, балки нусхаи онҳо дар дискҳои сахти беруна бояд нигоҳ дошта шаванд;
  • истифода накардани рамзҳои оддӣ;
  • рамзҳоро ҳадди аққал як маротиба дар шаш моҳ ё беҳтараш дар муддати кӯтоҳ давра ба давра иваз кардан;
  • зарурати замимаҳое, ки тавассути почтаи электронӣ гирифта мешаванд, аз барномаи антивирус гузаронидан;
  • файлҳоро аз веб-ресурсҳои шубҳанок ё аз дигар манбаъҳои номаълум зеркашӣ намудан мумкин нест ва ғ.

Хулоса ба мушкилотӣ амнияти иттилоотӣ дар сатҳҳои гуногун аҳамияти муҳим бояд дода шавад. Масалан, таъсис додани маркази махсус оид ба таҳлил, ошкор ва бартараф намудани ҷиноятҳои кибернетикӣ. Ин марказ метавонад бо секторҳои давлатӣ ва хусусӣ ҳамкорӣ намуда, таҳлил ва арзёбии ҳолати бехатарии кибернетикиро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ диҳад. Бо мақсади сари вақт ошкор намудани таҳдидҳои кибернетикӣ мониторингӣ ҳолати истифодабарии шабакаи Интернет гузаронида шавад. Инчунин барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони ин соҳа ва таъминоти методӣ оид ба фаъолияти онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамин тариқ, бо мақсади пешгирӣ намудани киберҷиноятҳо пешниҳод менамоем, ки таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ мунтазам баланд бардошта шавад. Ҷорӣ намудани технологияи иттилоотии ҳозиразамон, ривоҷ додани самти қонунгузорӣ дар соҳаи ҷиноятҳои кибернетикӣ ва васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодабарии бехатарии захираҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад.

Назаров А.Ш. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот.

Саидов Н.Б. – ассистенти кафедраи Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот.


Назад к списку