ИСТИҚЛОЛИЯТ – ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ РУШДИ САНОАТ

 24.12.2021

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина аз буҳрони сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баровардани мамлакат масъалаи асосии дар назди роҳбарияти олии кишвар истода, ба шумор меравад. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ вазъи сиёсӣ хеле дар ҳолати муташанниҷ ва рӯҳияи аҳолӣ дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошт. Барои раҳоӣ аз ин ҳолат эътимоди қавӣ ба ояндаи нек ва рушди босуръати пояҳои асосии иқтисодиёт зарур буд. Бо дарки ин мафҳуми ниҳоят ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшишро ба харҷ дода, заминаи устувори рушди иқтисодиёт – раҳоӣ аз буҳрони сиёсиро фароҳам оварданд. Аз таърихи давлатдорӣ ва давлатсозии ҷаҳон аён аст, ки бо ба даст овардани суботи сиёсӣ дар саросари кишвар масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва зиндагии арзанда ба миён меояд. Бо дарки ин масъулият ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ватанӣ бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ давра ба давра таҳким ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ маҷмӯи маснуоти содиротии саноатӣ хеле зиёд гардид.

Саноати муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои пояи мустаҳками рушдёфта ва аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои техникӣ ва технологӣ рақобатпазир буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад, ки зиёда аз 90 самти истеҳсолот ва бештар аз 150 навъи маҳсулотро муаррифӣ мекунанд. Саноати имрӯзаи кишвар ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.

Пас аз эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар масъалаҳои такмилдиҳии соҳаи саноат ва афзун намудани бақодории он, азнавсозии сохторӣ, рушди бахши хусусӣ дар таъсиси корхонаҳои хусусӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, ҷорӣ намудани навгониҳои техникию технологӣ, истифодаи таҷҳизоти дорои нишондоди баландтехнологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло миқдори зиёди созишномаҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумат ва ширкатҳои дохиливу хориҷии дуру наздикро вобаста ба таъсиси корхонаҳои нави металлургӣ, истеҳсоли семент ва дигар навъҳои маводи сохтмон, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ангишт, нафт ва газ, маҳсулоти кимиёвӣ, мошинсозӣ ва коркарди металл, корхонаҳои нассоҷӣ, ки ба имзо расида, бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд, мисоли равшан мебошанд.

Боиси қайд аст, ки дар давоми танҳо солҳои 2005-2015 ба рушди соҳаҳои саноати кишвар дар маҷмӯъ 3,3 млрд. доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст, аз ҷумла сармоягузории мустақим 2,8 млрд. доллари ИМА ва дигар сармоягузориҳо 474,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2015 ба 12,2 млрд. сомонӣ расонида шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар солҳои 1991-2015 (млн. сомонӣ)

Саноати хӯрокворӣ ва комплекси аграрии Тоҷикистон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим бозида, дар баробари ин, ҷиҳати ҳалли як зумра масъалаҳо, аз қабили таъмини аҳолии мамлакат, махсусан дар деҳот, бо ҷойҳои корӣ, ҳиссагузорӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар аҳамияти басо муҳим дорад.

Шумораи корхонаҳои соҳа аз 300 адади соли 1990 ба 700 адад корхонаҳои бузург ва миёнаву хурд дар соли 2015 афзуд, ки зиёда аз 7,5 ҳазор аҳолии қобили меҳнатро фаро гирифтааст.

Саноати сабук ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат ба шумор рафта, на танҳо мушкилиҳоро вобаста ба таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва ғайра ҳал менамояд, балки дар рушди дигар соҳаҳо низ, махсусан кишоварзӣ мусоидаткунанда мебошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои калони ашёи хоми ғайримаъданӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон буда, дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои пешбарандаро ишғол мекунад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 400 кон бо захираи 30 навъи гуногуни ашёи хом (оҳаксанг, санги хоро, гранодиорит, мармар, оҳаксанги мармарӣ, гаҷ, хок, қуми кварсӣ ва ғайра) ифтитоҳ ва мавриди омӯзиш қарор доранд.

Саноати масолеҳи сохтмон тибқи барномаю консепсияҳое, ки барои то ду маротиба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона карда шудаанд, рушд меёбад. Агар солҳои 90-уми асри гузашта дар саноати масолеҳи сохтмони ҷумҳурӣ 30 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошта бошанд, дар соли 2015 шумораи умумии онҳо ба 450 адад расида, дар онҳо 8431 нафар кор мекунанд, ки назар ба соли 1991 қариб се маротиба зиёд аст.

Шурӯъ аз соли 2005 дар заминаи корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, корхонаҳои коркарди оҳанпораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга таъсис ёфтанд, ки ҳоло шумораашон то ба 33 адад расидааст. Корхонаҳои мазкур аз партови металлӣ асосан арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, симҳои металлӣ, шкифҳои алюминӣ ва ғайра истеҳсол намуда, маҳсулоти тайёрро ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод менамоянд.

Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад ва азхудкунии онҳо барои рушди иқтисодиёти миллӣ яке аз самтҳои асосӣ арзёбӣ мегардад.

Дар соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти саноатиро ба 2,3 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши истеҳсоли металли №1 – 112,5 фоиз ва металли №2 – 143,5 фоиз расонида шуд. Истеҳсоли хокаи сурб ба 60,0 ҳаз. тонна, хокаи руҳ 108,0 ҳаз. тонна, хокаи мис 20 ҳаз. тонна ва хокаи сурма ба 33,5 ҳазор тонна таъмин гардид.

Вобаста ба соҳаи кимиё ва нафту кимиё бояд қайд намуд, ки дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10 корхона арзи вуҷуд дошт, ки нишондиҳандаи мазкур дар соли 2015 ба 45 адад расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои мазкур ба 86 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Соҳаи ихтироҷи ангишт муҳимтарин сохтори комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба ҳисоб рафта, дар коҳиш додани маҳдудияти энергетикӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватанию хориҷӣ метавонад нақши муассир дошта бошад. Бо афзун гардидани талабот ба ангишт дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ истихроҷи он дар соли 2015 ба 1,4 млн. тонна расонида шуд[1].

Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар бо маблағгузории дохилию хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ барқарор шуданд. Тибқи нишондод сарчашмаҳои кушоди маълумотдиҳии оморӣ шумораи онҳо то 3000 адад расида, зиёда аз 80 ҳазор нафар аҳолии мамлакатро ба кори доимӣ таъмин намуда истодааст.

Коллективи факултети технологияҳои инноватсионӣ.

 

[1] prezident.tj


Назад к списку