Тавре ки ҳамагон огаҳем, ҳамасола аз тарафи Пешвои муаззами миллат ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон паёми солона расонида мешавад, ки муҳтавои он бурду бохти кишварамон дар соли сипаригардида мебошад. Камина хостам, то паёми навбатии Пешвои миллатро, ки санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ ироа гардид, каме васф намуда бошам.
Паёме, ки ин навбат Пешвои муаззами миллат ба аҳли зиё ва мардуми шарифи Тоҷикистон расониданд, кулли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиҳатии мо – насли ҷавонро то илму забономӯзиамон фаро гирифта, бурдборию камбудии онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян сохт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бурду бохт, музаффарияту муваффақиятҳои 30 соли даврони Истиқлолиятро ҷамъбаст карда, барои 10 соли ояндаи кишвар нақшаҳоро тарҳрезӣ намуданд ва мо ҷавононро ба он водор месозад, ки барои амалӣ намудани ин нақшаҳои роҳбари давлат баҳри таъмини зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистон аст, саъю кӯшиш намоем.
Пешвои миллат дар ин паёми хеш ҳамаи пешравиҳо ва камбудиҳои соҳаҳои мухталиф, ба монанди тандурустӣ, маориф, савдо, энергетика, сайёҳӣ, варзишро ба риштаи сухан кашида, аз мо ҷавонон талаб намуданд, ки барои пешрафти Тоҷикистон аз дилу ҷон хизмат намоем. Инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд, ки бевосита барои боз ҳам пешрафт намудани соҳаҳои номбаршуда мусоидат намоянд. Чуноне Ҷаноби Олӣ дастур доданд: “Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм дар самти ташкили низоми самараноки тайёр намудани мутахассисон ва бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, оид ба таъсиси маҷмааҳои саноатии илмӣ, аз ҷумла паркҳои инноватсиониву технологӣ чораҷӯӣ намоянд. Бо ин мақсад, ҳамасола шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад.”
Паёми Пешвои миллатро тамоми хурду калони кишвар тариқи оинаи нилгун тамошо карданд. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ паёмро донишҷӯён ва омӯзгорон тамошо намуданд. Банда, ки дар ин чорабинӣ иштирок доштам, як ҷаҳон таассуроти наверо касб намудам. Дар паём аз ҳама чизи ҷолиб барои ман ин мушкилот, роҳҳои бартараф намудан ва дурнамои соҳаи энергетика буд, ки аз ҷониби Пешвои миллат чунин баён гардид: “Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт-соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500-киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст. Соли ҷорӣ неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард. Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500-киловолта аз неругоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда», ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд”.
Инчунин Сарвари давлат қайд намуданд, ки дар солҳои оянда ба забономӯзӣ ва касбомӯзии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шавад. Чуноне иброз намуданд: “Ман ба ҷавонон ҳамчун падар, ҳамчун дӯст таъкид менамоям, ки ба илм, ҳунар, дониш, касб ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ рӯ оваред, ки бо ин роҳу восита метавонем мо таҷрибаҳои давлатҳои абарқудратро аз худ намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, иқтисоди мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшиш намоем.”
Агар сафаҳоти таърихро бингарем ва гузаштаро бо имрӯз муқоиса намоем, мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем. Мо халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорем ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонем иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддасу азизи худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем. Ва вақте чунин як Сарвари оқилу доно, заковатманду соҳибмаърифат Пешвои тамоми тоҷикони дунё худро дӯсту бародари ҳар як ҷавони ин миллат меҳисобад ва ба мисли падар барои ободонии ояндаи мо маслиҳату насиҳатҳои муфид медиҳад, пас чӣ гуна мо насли ҷавон дар пайи пайравӣ аз ӯ накунем. Ман боварии комил дорам, ки дигар ҷавонони мамлакат низ аз ин суханҳо илҳоми тоза гирифта, бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тамоми саъю кӯшиши худро барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон равона месозанд ва барои ободию шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми хешро мегузоранд.
Дил ба ғами Ватан фигор мо накунем, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем, кӣ мекунад?
Худойназаров Б.А. – донишҷӯйи курси 3-юми факултети энергетикӣ, гурӯҳи 430101А2.