Моҳи феврали соли 2002 дар курси сеюми ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ таҳсил доштем. Ҳама интизори устоди дарсбаранда будем. Ба синфхонаи мо чеҳрае шукуфон бо табассуми ба худ хосе ворид гашт. Пасон донистем, ки ин устод Давлатшоев Доробшо ном доранд, аз ҳамон рӯз ин шахсият ба ман устод, баъдан дӯсту ҳамкасбу ҳамсаф гаштанд.
Устод зодаи деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим буда, зиндагиаш ба дарё шабеҳ дорад. Дарёи пуроби зарбаф. Дарёи орому сокит не, балки дарёи бебоку нағмасаро, дарёи пурталотуми кӯҳистон, дарёе, ки аз кӯҳҳо, аз пиряху чашмаҳо ибтидо гирифта заминҳоро шохсорону боғотро шодоб месозад, дарду иллатҳоро даво мебахшад, оламро хуррам месозад.
Бо нияти таҳсил соли 1960 устод ба шаҳри Душанбе омад ва дили дарёиашро ба уқёнуси беканори ҷаҳонӣ пайваст то дили ташнагони илму донишро шодоб созад.
Роҳи тайкардаи илмӣ – омӯзгории устод шоистаи пайравӣ ва омӯзиш мебошад. Ӯ ба донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, донишкадаи энергетикии ш. Москваро соли 1970 хатм намуд. Аз соли 1970 то имрўз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун дотсент кору фаъолият намуда, дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи энергетика саҳми арзанда гузошта истодааст.
Давлатшоев Доробшо аз ҷумлаи он омӯзгоронест, ки дар пешаи худ кам назир аст. Зеро бо заҳматҳои пайваставу дуди чароғ хӯрдан ва шабро ба рӯз табдил доданҳо ӯ тавонистааст дар миёни ҳамкасбону шогирдон ҷойгоҳи арзандаеро барои худ пайдо кунад.
Устод таҷрибаи бой ва малакаи баланди омўзгорӣ дорад. Дарсҳои ў бо мазмуну дониши амиқ, бо тарзи ба худ хоси методӣ ва дар рўҳияи баланди тарбиявию Ватандўстӣ мегузаранд ва ҳамчун омўзгори сахтгиру боадолат ва инсони хоксор дар байни ҳамкасбону шогирдон обрўю эътибори хоса дорад.
Дар пайвастагии касбии илмию педагогӣ Давлатшоев Доробшо дар “Шабакаҳои барқи ш. Душанбе”, “Маркази гармию барқи ш. Душанбе”, “Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика” ва ба ҳайси сармуҳандиси “КВД Ҷумҳуриявии Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар»” низ фаъолият намудааст.
Дар соҳаи энергетика ва ҳалли проблемаҳои он Доробшо Давлатшоев зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ нашр намуда, дар як қатор конференсияҳои байналхалқии илмию техникӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ маърӯза хондааст. Муаллиф (ҳаммуаллифи) 10 номгӯи китобҳои дарсӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ мебошад.
Бо ташаббуси бевоситаи мавсуф «Луғати истилоҳоти соҳаи энергетика» таҳия ва бо тавсияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расидааст.
Хизматҳои бисёрсолаи Давлатшоев Доробшо дар пешбурду такомули илму техника ва таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва «Унвони фахрии аълочии Барқи Тоҷик» ва бо як қатор раҳматномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
Руҷӯи эҷодӣ ба ин рустоибача имкон додааст, то худро дар олами эҷод бо чандин сифот: дар навиштани шеър ва ҳикоя, завқи баланди қироати шеър, ровии хушбаён муаррифӣ карда тавонад ва фориғ аз дарс шеър ва мақола бинависад. Руҷӯи Ӯ ба назму адабиёт асоси ирсӣ дорад, ки сарчашмаи он ба бобокалонаш шоири халқии Бадахшон Назаршоҳи Ишкошимӣ пайванд мегардад. Бархе аз ин шеърҳо дар шакли китобе бо номи “Барқи бахтафрӯз” соли 2017 рӯи чоп омадааст. Суханаш равон, баҳри тозагӣ ва сафои забони модариаш пайваста кӯшиш дорад. Зебо сухан мечинад, сухани зебо мегӯяд. Ба гӯши шунаванда ҳам фаҳмост, ҳам шунавост, ҳам дилнишин аст сухани устод.
Хусусиятҳои кору фаъолияти Давлатшоев Доробшоро дар ҳаҷми мақолае фаро гирифтан берун аз имкон аст. Ҳаминро мегӯям, ки Ӯ ҳамчун омӯзгор - муҳандис нақши рӯшани худро дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи энергетика гузоштаасту имрӯз низ ин рисолати худро, ки тарбияи кадрҳои муҳандисӣ аст, адо месозад.
Устоди хушзавқу боистеъдод, мунодии фарҳанги техникӣ Доробшо Давлатшоевро, ки дар равияи илмҳои техникӣ то ин дам хидмати мондагор кардааст ва дар ин лаҳзаҳо 75-умин фасли шукуфтанро истиқбол мегирад самимона табрик карда мегӯем:
Гардун, ки дод фурсати некӣ нисорият,
Дорад кунун назораи фурсатшуморият.
Умрат хуҷастбод, ки некӣ ниҳодааст,
Муҳри абад ба рӯзу шабони фирорият.
Қасобов Л.С. – дотсенти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.