КИСТ ЗАН – МОДАР?

 09.03.2022

Суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занон ва бонувон

  • Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст.
  • Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.
  • Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан – Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши Зан – Модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
  • Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд.
  • Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, Зан-Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.
  • Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
  • Модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд. Зан – Модар масдари наслҳо ва меҳвари ҳар як оила аст.
  • Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ онҳоро парвариш менамоянд.
  • Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
  • Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.
  • Занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд.
  • Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯйи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегарданд.
  • Мо умед дорем, ки занону модарони арҷманди мо рисолати муҳими иҷтимоии худро, чун ҳарвақта, амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
  • Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибонаю одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни Зан – Модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.
  • Умед дорам, ки ҳар як фарди бонангу бономуси Ватан дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита, мақоми Зан – Модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад.
  • Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад. Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст.
  • Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад.
  • Мо, фарзандон, агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, он бо ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад.
  • Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст.
  • Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бо ҷон мекӯшад, ки ӯ бардаму солим ба камол расад, соҳиби илму маърифат шавад, касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.
  • Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан – Модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.
  • Занони кишвари мо низ ба мисли занони давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба зиндагии хубтаре ҳақ доранд ва ман итминони комил дорам, ки ин орзуҳо зина ба зина амалӣ хоҳанд гардид.
  • Зан – Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад.
  • Худованд ба Зан – Модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.
  • Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.
  • Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
  • Имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама, шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мост.
  • Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматнописандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд.
  • Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
  • Шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, раҳму шафқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар мебошад. Эҳтирому меҳрубонии мутақобила ва риояи ҳуқуқи ҳамдигар аз ҷониби падару модар дар зеҳни фарзанд эҳтиром ба шахси худ, эҳтиром ба инсон ва эҳтиром ба ҷамъиятро парвариш медиҳад.
  • Ҳадаф аз тадбирҳои танзими оила, пеш аз ҳама, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад.
  • Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу бономус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.
  • Нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас мебошад. Аз ин рӯ, сол то сол шумораи занон дар низоми хизмати давлатӣ меафзояд.
  • Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
  • Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар, Зан – Модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
  • Яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти кӯдак мавқеи тарбиявии падару модар мебошад, ки тарзи умумии тарбияро муайян менамояд. Роҳи асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдак ба онҳо омӯзондани меъёрҳои ахлоқист. Рафтору муносибатҳои калонсолон метавонанд барои кӯдак чун намуна хизмат кунанд.
  • Дар ситоиши Зан – Модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бо нангу бономус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
  • Бузургии Зан – Модар дар хислати ӯ таҷассум меёбад. Агар чунин намебуд, дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯ оят омадааст, нозил намешуд.
  • Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии Зан – Модар вобаста аст.
  • Дар дини мубини ислом Зан – Модар дар пояи баланд қарор дорад. Китоби осмонии мусулмонони олам – «Қуръон»-и маҷид ба мақоми зан, ҳимояи ҳуқуқ ва қадри иҷтимоии ӯ баробар бо мардон арҷ мегузорад.
  • Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, Зан – Модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо, пеш аз ҳама, худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.
  • Дар ҳар оила, дар тамоми ҷомеа бояд рӯҳияи эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ба вуҷуд оварда шавад, мақоми ӯ ҳамеша баланд бошад, ҳуқуқҳояш ҳаргиз поймол нагарданд. Ин суннати муҳимтарини ҷомеаи мутамаддин аст ва мо бояд ҳатман онро ба ҷо оварем.
  • Занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.
  • Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом «Биҳишт зери қудуми модарон аст» тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат Зан – Модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд.
  • Ҷомеае, ки ба Зан – Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан – Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.
  • Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан – Модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст.
  • Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.
  • Дар ақсои олам сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд. Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу бономус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.
  • Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу бономус мебошад.
  • Модари тоҷик ҳамеша толиби сулҳ аст, аз ин рӯ, ман бовар дорам, ки ӯ барои пойдории сулҳ ва эҳёи Тоҷикистон мудом саҳм мегирад ва ҳидоятгари корҳои неку созанда ба наврасону ҷавонон мешавад.
  • Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки аҳолии ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, осудаву пешрафта мебошад.
  • Ба шарофати модар ҳаёт дар рӯйи замин бардавому пойдор аст ва маҳз ӯ олитарин муқаддасоти башарӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст.
  • Мо – тоҷикон ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми Зан – Модар ва ба қавли бузургонамон олиҳаи зиндагиро баланд қадр мекунем. Ин қадршиносиву муҳаббати бепоён дар ашъори адибони оламшумули мо дар пояҳои баландтарин инъикос ёфтааст. Ва беҳуда нест, ки дар тамоми давраҳои таърихи инкишофи миллатамон занон ҳамеша мавқеи хоса ва нақши барҷаста доштаанд.
  • Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.
  • Мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст.
  • Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.
  • Дараҷаи саводу маърифат ва густариши ҷаҳонбинии нав бошад, танҳо бо роҳи таъмини саводу маърифати Зан – Модар ба даст меояд. Занону модарони эронинажод бояд ифтихор дошта бошанд, ки форсизабонон, аз ҷумла мо, тоҷикон, забони худро забони модарӣ меномем.
  • Мо бояд шукргузори замони осоишта бошем, ки дар ин давра Зан – Модар бори дигар дар ҷамъияти мо ба мақому манзалати воқеӣ молик гардид. Ӯро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ, роҳбару роҳнамои мардум, адибаву муҳандиси номдор, табибу омӯзгори маъруф, коргари ҳунарманду деҳқони асил шинохтаанд.
  • Ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.
  • Занони арҷманди кишвари мо набояд фаромӯш кунанд, ки саломатии наслҳои имрӯза ва оянда, сифати генофонди миллат, ҳифзи фазои сулҳу оромӣ ва таҳкими минбаъдаи ваҳдат, ташаккули ҷаҳонбинии муосир дар шуури насли ҷавон, парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аз онҳо вобастагии зиёд дорад.
  • Дар баробари қадрдонии занон, ба хотири таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа солҳои охир як қатор санадҳои муҳим қабул шуданд, ки ба шарофати ин теъдоди зиёди занон ба корҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Имрӯз соҳае нест, ки занҳо дар он пурсамар фаъолият набаранд.
  • Итминони комил дорам, ки занони тоҷик анъанаи модарони баномуси худро, ки дар тӯли садсолаҳо ҳазорон фарзандони оқилу донишманд ва миллатдӯсту давлатдорро дар домани поки худ парвариш додаанд, минбаъд низ идома медиҳанд ва сарзамини муқаддаси мо – Тоҷикистони азизро нуру зиё мебахшанд.
  • Мо бояд дар симои зан шахсиятро тарбия намоем, то ин ки ӯ дар ҷомеа мақоми шоистаи худро ёфта тавонад. Яке аз талаботи асосии демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамин аст.
  • Бовар дорам, ки занони арҷманди кишвар минбаъд низ рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.
  • Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
  • Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
  • Итминон дорам, ки модарону бонувони арҷманди мо суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд.
  • Дар марҳалаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ истифодаи самараноки неруи созандаи занон яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум мебошад.
  • Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
  • Шубҳае нест, ки занони арҷманди кишвар ба хотири манфиатҳои олии халқу Ватан хизмати шоиста мекунанд ва дурустии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дар ин масъала бо фаъолият ва кордонии худ исбот менамоянд.
  • Боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошанд.
  • Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
  • Занону модарони бонангу бономуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ, мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
  • Занони меҳрубон бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи Зан – Модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
  • Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доим пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд.
  • Муносибати самимона нисбат ба занону духтарон рисолати орому осуда ва солим нигоҳ доштани оиларо таҳким мебахшад ва устувории оила, дар навбати худ, суботи ҷомеаро таъмин намуда, қудратмандии давлатро тақвият мебахшад.
  • Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа пеш аз ҳама муносибати ғамхорона ба Зан – Модар, Зан – Мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст.

Гирдоваранда Самадов Ҳ.Ҳ. – омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.


Назад к списку