Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.

 02.04.2022

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Халқиятҳои Осиёи Марказиро таърихи куҳан, тамаддуни қадим, фарҳанги воло ва умимияти оинҳои диниву мазҳабӣ ба ҳам мепайвандад ва онҳо солҳои тӯлонӣ бо ҳам паҳлӯ бо паҳлӯ дар фазои дӯстиву бародарӣ зиндагӣ доранд.

Нооромӣ ва ҳодисаҳое, ки чанд рӯзи охир дар кишвари ба мо дӯсту бародар Ҷумҳурии Қазоқистон ба миён омадааст, боиси нигаронӣ ва таассуф аст. Мутаассифона баъзе аз нохалафон баҳонае пеш меоранд ва бо роҳи сунъӣ ба оромии давлат, халқият ва дар маҷмӯъ ба ягонагии кишвари Қазоқистон халал ворид карда, бо мухолифати номуайян ба даргириҳову харобкориҳо даст зада, ба раванди пешрафти давлатдорӣ халал ворид месозанд. Аз эҳтимол дур нест, ки вазъи баамаломада дар Қазоқистон ин танҳо ба манфиати як гурӯҳ шахсиятҳои алоҳида равона мебошад.

Сухан ва гуфтор маънои калонеро ифода менамоянд. Сухан метавонад халқҳоро ба ҳам пайваст, муттаҳид ва дар баъзе ҳолатҳо аз ҳам ҷудо намояд. Бародарони азизи қазоқистонӣ! Аз суханони ҷудоисоз дурӣ биҷӯед!

Фазои ором ва босуботи ҷомеаи давлати худро танҳо ба дарки дурусти маъно ва вазъ Шумо – бародарони қазоқ таъмин карда метавонед. Оқибатҳои ногувори ин раванд ба тамаддуни бисёрсолаи халқияти кишвари Шумо таъсирҳои зиёди маънавиву моддӣ мерасонад. Мураккабшавии вазъ аз овардани эҳтимоли пайомадҳои нохубе ба ягонагии кишвар ва кулли мардуми осоиштаи он дур нест.

Мо бовар дорем, ки ҳалли масъалаи пешомад бо роҳи ҳушёрию зиракӣ, ақлу хирад амалӣ мешавад ва ба ин бояд ҳамаи халқиятҳои Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин раванд бетарафӣ накунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаёт барои инсон аз ҳама чизи гаронарзиш аст. Чӣ хеле ки мегӯянд, инсон барои хушбахтӣ ва парранда барои парвоз офарида шудаанд. Муҳтарам халқи шарафманди Қазоқистон, дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳамдигарро бифаҳмед, дар паҳлӯи роҳбарияти кишвари худ бошед, ба эҳсосот дода нашавед ва фирефтаи гурӯҳҳои иғвогар нагардида, бо ҳам дӯстона ва хушбахтона зиндагӣ намоед.

Сонияе басанда аст, ки ҳаёти инсон ба пуррагӣ тағйир ёбад ва зиндагиаш хароб гардад. Аммо солҳои тӯлоние зарур аст, ки як хонаро, як давлатро обод сохт. Мо бовар дорем, ки парвардигори олам ба халқияти Қазоқистон иродаи қавӣ ва устуворе додааст, ки бо ин васила ғолиби душвориҳо мешаванд.

Дотсент Қасобов Л.С.


Назад к списку