Нақлиёти барқӣ: таърих, афзалият ва дурнамо

 14.04.2022

 

Рисунок1

Нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи ягонаи нақлиётии кишвар нақши асосиро мебозад, ки ба он 95% интиқоли борҳои хоҷагии халқ ва мусофирон рост меояд. Дар шароите, ки 93% ҳудуди кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, истифода аз нақлиёти автомобилӣ на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок, балки дар аксар мавридҳо ягона воситаи техникии ҳаракат мебошад.  

Дар баробари ин, фаъолияти нақлиёти автомобилии мавҷуда ба раванди ифлосшавии муҳити зист таъсири назаррас дорад. Манбаҳои асосии ифлосшавии муҳити зист, муҳаррикҳои дарунсӯзи автомобилӣ мебошанд, ки бо сӯзишвории нафтӣ кор мекунанд.

Қисме аз мамолики дунё, аз ҷумла  Россия[1], Ҷумҳурии Беларус[2], Португалия[3],  Ҳиндустон[4], Чин[5], Лаҳистон[6], Олмон[7] ва ғайра[8],[9],[10] барномаҳо ва консепсиҳои рушди нақлиёти алтернативӣ ва инфраструктураи дахлдорро таҳия ва татбиқ карда истодаанд.  

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021  баён доштанд, ки «... бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд".

Яке аз роҳҳои кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист, ин истифода аз сӯзишвориҳои алтернативӣ (газӣ, аз ҷумла гидроген) ва манбаҳои дигари энергия, аз ҷумла энергияи барқ ва ҳавои фишурдашуда мебошад.

Дар баробари ин, бо амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, кишвари мо барои ноил шудан ба Мақсадҳои рушди устувор, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид муайян шудаанд, аз ҷумла, мақсадҳои: 13 -муқовимат бо тағйирёбии иқлим, 3-Таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некӯаҳволӣ, 7- Таъмини дастрасӣ ба энергияи дастрас, боэътимод, устувор ва муосир барои ҳама, 12 - Таъмини шаклҳои устувори истеъмол ва истеҳсолот мусоидат мекунад

Барои таҳлили минбаъда, бодя пеш аз ҳама бояд мафҳуми  нақлиёти барқӣ ё электромобил ва синбандии он шарҳ додан лозим аст.  

Электромобил навъи воситаи нақлиётест, ки бо як ё якчанд муҳаррикҳои барқӣ, ки аз манбаи мустақили қувваи барқ ​​(батареяҳо, ҳуҷайраҳои (элементҳои) сӯзишворӣ, конденсаторҳо ва ғайра) ё дугона - гибрид (муҳаррики барқӣ бо муҳаррики дарунсӯз) кор мекунад. Электромобилро аз троллейбусу трамвайхо, (ба истиснои онҳое, ки манбаи барқи дохилӣ (мухтор) доранд, фарк кардан лозим аст.

Электромобилҳоро чунин синфбандӣ кардан мумкин аст:

  • Автомобили гибридӣ (HEV - Hybrid electric vehicle), ки бо истифода аз муҳаррики барқии аз ҳисоби аккумуляторҳо коркунанда ва муҳаррики дарунсӯз кор мекунад. Гашти чунин автомобилҳои аз ҳисоби аккумуляторҳо хеле маҳдуд буда, онро аз манбаи берунаи барқ заряд додан ғайриимкон аст.
  • Автомобилҳои гибридии плагин (PHEV - Plug-in Hybrid Electric Vehicle), ки якчанд зергуруҳ дорад:
  • Параллелӣ. Онҳо кори якҷояи муҳаррики электрикӣ ва дарунсӯзро таъмин намуда, имкони заряд додани аккумулятор аз шабакаи берунаи барқиро дороянд. Имкони масофаи калонро тавассути манбаи барқӣ тай кардан доранд.
  • Пайдарпайӣ (REEV - Range-Extended Electric Vehicles). Гибридҳои васлшаванда бо "генератор дар бадан", ки дар он муҳаррики дарунсӯз фақат генераторро ба кор дароварда, барои аккумуляторҳое, ки муҳаррики барқиро таъмин мекунанд, заряд диҳад. Аккумулятори ин навъи автомобилро низ аз шабакаи барқии беруна заряд додан мумкин аст.
  • Пайдарпайу параллелӣ. Бартариятҳои ду усули болозикрро истифода мебарад, аммо муҳаррики барқӣ ҳамчун манбаи асосии энергияи механикӣ кор мекунад.
  • Автомобилҳои аккумуляторӣ (BEV - Battery electric vehicle), ки манбаи ягонаи энергияи барқ дар онҳо аккумулятор мебошад ва он танҳо аз шабакаи берунаи барқӣ заряд дода шуда, тавассути муҳаррики барқӣ ба ҳаракат дароварда мешавад.
  • Автомобилҳои барқӣ бо ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ (FCEV - Fuel Cell Electric Vehicle). Дар чунин автомобилҳо барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи гидроген дар нақлиёти автомобилӣ аз усули дигар, яъне ҳуҷайраҳои (элементҳои) сӯзишворӣ (fuel cells) истифода мебаранд. Усули кори элементҳои сӯзишворӣ ба реаксияи электрохимиявӣ асос ёфтааст, ки дар натиҷаи он гидроген бо оксигени ҳаво пайваст шуда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мешавад, ки ҳамчун манбаи энергияи электрикӣ барои ба ҳаракат даровардани муҳҳаррикҳои электрикии воситаи нақлиёт истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки дар ин сурат самаранокии баландтари табдили энергияи сӯзишворӣ (то 60%) ба даст меояд, ки нисбат ба муҳаррикҳои дарунсӯзи муқаррарӣ (20% - 35%) хеле зиёд аст.

 

Бартарият ва норасоиҳои нақлиёти барқӣ

1.     Бехатарии нисбии экологӣ.

2.     Динамикаи хуби ҳаракат.

3.     Таъмирпазирӣ.

4.     Бехатарии конструктивӣ. Аз ҳисоби ҷойгиршавии пасти аккумуляторҳо, маркази вазнинии автомобил низ пасттар мешавад, ки ин устуворияти нақлиётро ба чаппашавӣ зиёд менамояд

 

1.     Захираи маҳдуди гашт.

2.     Нархи баланд.

3.     Ҳассосияти иқтидори аккумулятор  ба ҳарорати ҳаво.

4.     Мушкилот дар самти таъмини воситаҳои ёрирасон бо энергия (микроклимат дар кабина, радио ва ғайра).

5.     Инфрасохтори суст. На ҳар як шаҳр инфраструктураи хуби хизматрасонӣ дар ин самт дорад.

         Албатта, дар солҳои назди аксарияти норасоҳие, ки монеи рушди нақлиёти барқӣ мебошанд, бартараф хоҳанд шуд. Истифода аз энергияи барқ дар нақлиёти автомобилӣ масъалаи нав нест. Дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX автомобилҳои дорои муҳаррикҳои барқӣ ва буғӣ аз рӯи баъзе нишондиҳандаҳо бо муҳаррикҳои дарунсӯзи бензинӣ рақобатпазир буданд. Барои соли 1900 тақрибан автомобилҳои ИМА 40% бо буғ, 38% бо барқ ва 22% бо бензин кор мекарданд.

Электромобил (автомобили барқӣ)  пеш аз автомобили дорои муҳаррики дарунсӯз (44 сол пеш) ихтироъ гардидааст. Электромобили нахустин дар шакли аробаи дорои муҳаррики барқӣ соли 1841 сохта шуда буд. Дар соли  1910 дар Ню-Йорк ҳамчун такси то 70 000 электромобил кор мекард. Инчунин, дар аввали асри XX электромобилҳои боркаш ва омнибусҳои барқӣ (электробусҳо) низ маъмул буданд.

Бо афзудани талаботи экологӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ электромобилҳо боз мавқеи худро аз нав барқарор намуда истодаанд. Онҳо асосан дар шакли автомобилҳои гибридӣ (дурага), яъне муҳаррики дарунсӯз бо муҳаррики барқии дар автомобил насб шуда, вобаста ба талабот ба навбат ё якҷоя кор мекунанд. Инчунин саноати автомобилсозӣ дар замони ҳозира электромобилҳои танҳо бо қувваи барқ ҳаракаткунандаро низ истеҳсол карда истодааст. Мисоли ин гуна электромобилҳо  Kia Naimo,  Citroen Czero,  Nissan NV200, Mersedes Electric eVito Taxi, Renault Fluence Z.E., Tesla Roadster ва ғайра шуда метавонанд.

Ба ғайр аз автомобил ва электромобил боз як навъи дигари аробаи худгард – пневмомобил дар нимаи дуюми асри ХIХ пайдо шуда буд. Чи хеле, ки аз номаш маълум аст, он ба воситаи ҳавои фишурдашуда ба ҳаракат дароварда мешавад. Аввалин бор чунин локомотив дар шахтаҳои ИМА (1875) мавриди истифода қарор гирифт. Баъдан дар охирҳои асри ХIХ дар шаҳри Нанти Фаронса трамвайҳои бо фишори ҳаво коркунанда пайдо шудаанд. Соли 1932 дар шаҳри Лос-Анҷелос якумин автомобили дорои муҳаррики пневматикӣ пешниҳод шуда буд, аммо он аз нуқтаи назари самаранокӣ ба автомобили дорои муҳаррики дарунсӯзи бензинӣ ҳатто наздик шуда наметавонист. Дар бораи масъалаҳои экологӣ он вақт ягон кас фикр ҳам намекард, бинобар ин дар 25- 30 соли баъдина масъалаи истеҳсол ва такмили пневмомобил равнақ наёфт.

Соли 1991 конструктор Гая Негре ширкати Motor Development Internation-ро (MDI) ташкил дода, баъди даҳ сол муҳаррики сохташ нави пневматикиро сохт. Ин муҳаррик ҳам бо бензин, ҳам бо ҳавои фишурдашуда кор мекард. Он дар автомобили Citroen AX мавриди озмоиш қарор гирифта буд. Сарфи сӯзишворӣ дар ин ҳолат ҳамагӣ 3  литр дар 100 км буд. Аз ин муваффақияти худ илҳом гирифта, муҳандисони ин ширкат пневмомобили томро сохтанд, ки фақат бо фишори баланди ҳаво кор мекард. Номи он Taxi Zero Pollution буд. Аммо ин пневмомобил дар давлатҳои пешрафта талабгор пайдо накард. Талабгори он Мексика шуд, ки пойтахташ Мехико аз ҳама шаҳри аз ҷиҳати экологӣ ифлостарин дар дунё маҳсуб меёфт.  Аз соли 1997 сар карда, иваз намудани таксиҳои Мехико ба пневмомобилҳо сар шуд. Аз ҳама пневмомобили калон ин  MDI - CityCAT2[11] бо кузови минивен барои шаш ҷои нишаст мебошад.

Ширкатҳои Tata Motors (Ҳиндустон) ва Motor Development International (Люксембург) дар Люксембург якҷоя аввалин прототипи пневмомобили аз ҷиҳати тиҷоратӣ қобили таваҷҷуҳдоштаро дар ҷаҳон таҳия карданд, ки OneCAT[12] ном дорад.

Ҳамин тариқ, пешбинӣ кардан мумкин аст, ки дар оянда автомобилҳои барқӣ ё гибридӣ бо муҳаррики пневматикӣ-барқӣ автомобилҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯзро марҳила ба марҳила иваз хоҳанд кард.

Дар марҳилаи аввал бояд ба рушди нақлиёти гибридӣ (PHEV - Plug-in Hybrid Electric Vehicle) ва барқӣ бо ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ (FCEV - Fuel Cell Electric Vehicle) диққати ҷиддӣ дода шавад. Чунки истеҳсол ва истеъмоли энергияи барқ дар кишвари мо характери мавсимӣ дорад, яъне тобистон истеъмол каму имкони тавлид зиёд бошад, дар фасли зимистон ҳолати баръакс мушоҳида мешавад.

Барои нақлиёти гидрогенӣ (FCEV - Fuel Cell Electric Vehicle) ташкили инфрасохтори махсуси истеҳсоли гидроген ва нуқтаи таъмини автомобилҳо бо сӯзишвории гидрогенӣ зарур аст. Дар сурати ташкили чунин инфрасохтор кишвари мо метавонад, энергияи барзиёдии барқро дар тобистон ба истеҳсоли гидроген равона намояд ва автомобилҳои барқӣ бо ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ (FCEV) имкон пайдо мекунанд, ки новобаста аз мавсими сол аз он истифода баранд.

                            Мамадамон Абдулло

 

e-mail: mamadamonabdullo@ttu.tj

whatsapp: +992934257775

[1] http://static.government.ru/media/files/bW9wGZ2rDs3BkeZHf7ZsaxnlbJzQbJJt.pdf

[2] https://greenstartpoint.ru/wp-content/uploads/2021/04/kompleksnaya-programma-razvitiya-elektrotransporta-v-belarusi-2021-25-g.pdf

[3] Pinto M. C., Reis L., Neves T. J. MOBi. E.-The Portuguese Programme for Electric Mobility //European Transport Conference. – 2010. – Т. 2010.

[4] Gupta S., Saini P. Electric Mobility in India: Potential and Policy Imperatives //International Conference on Recent Advances in. – 2018.

[5] Altenburg T., FENG K., SHEN Q. Electric mobility and the quest for automobile industry upgrading in China //Green Industrial Policy. – 2017.

[6] Lis A., Szymanowski R. Greening Polish transportation? Untangling the nexus between electric mobility and a carbon-based regime //Energy Research & Social Science. – 2022. – Т. 83. – С. 102336.

[7] Ma S. C., Xu J. H., Fan Y. Characteristics and key trends of global electric vehicle technology development: A multi-method patent analysis //Journal of Cleaner Production. – 2022. – С. 130502.

[8] https://e-cars.tech/analitika/skolko-elektromobiley-v-mire-svodnaya-analitika-na-konets-2021-goda/

[9] https://www.eanet.asia/wp-content/uploads/2019/05/Session-R10_1_Accelerating-Electric-Mobility-in-Asia-Pacific_UN-Enviornment.pdf

[10] World Bank, International Association of Public Transport. Electric Mobility and Development. – 2018.

[11] https://ecoteco.ru/?id=1203

[12] https://www.popmech.ru/vehicles/53904-energiya-vozdukha/


Назад к списку