Самаранокии истифодаи гази моеъ дар автомобилҳо

 15.04.2022

Самаранокии истифодаи гази моеъ дар автомобилҳои сабукравро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Гузаштан ба сӯзишвории газӣ хароҷоти ибтидоӣ ва муҳлати муайянро барои баргардонидани маблағи сарфшуда, аз ҳисоби истифодаи гази моеъ талаб мекунад. Танҳо баъди ҷуброн кардани хароҷоти ибдтидоӣ истифодаи газ самарнок мешавад. Дар баробари ин таносуби нархи безин ва газ нишондиҳандаи асосии самаранокии истифодаи газ ба ҳисоб меравад. Агар хароҷотро барои васли ТГБ ба назар нагирем, дар ҳолати одитарин бо назардошти истифодаи бензин барои дар ибтидо гарм кардани муҳаррик ва зиёд будани хароҷоти газ аз чунин нобаробарӣ истифода мебарем.

1,      (1)

ки дар инҷо 11– нархи бензин (Сомонӣ/литр ), 12– нархи гази моеъ (Сомонӣ/литр), 13- хароҷоти бензин барои гармкунии муҳаррик (солона ба ҳисоби миёна 10%), 14-хароҷоти барзиёдии газ (22 +/- 0.10 фоиз, дар вақти ҳисоб 25% мегирем).

            Дар натиҷаи ҳалли нобаробарӣ ҳосил мекунем:

2,         (2)

Ҳалли нобаробарӣ нишон медиҳад, ки дар истифодаи гази моеъ танҳо дар сурати то 72% нархи бензин будан, аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошад.

            Муҳлати маблағбаргардониро вобаста ба гашти автомобил тавассути ҳалли нобаробарии зерин муайян менамоем.

3,                  (3)

ки дар инҷо 31– нархи васл ва барасмиятдарории ТГБ (сомонӣ), 32–гашти минималии маблағбаргардонӣ (км), М.-меъёри харҷи бензин (л /100 км).

            Дар натиҷаи ҳалли нобаробарӣ ҳосил мекунем

4.                      (4)

            Аз тарафи дигар , ки дар инҷо 41- меьёри базавии сарфи сўзишворӣ (бензин) барои гашти автомобил, тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ (л/100 км) ва D- зариби таҳрирӣ ба меьёр вобаста ба шароити истифодабарӣ.

            Қиммати  барои истифодабарии автомобилҳо дар роҳҳои истифодаи умум (категорияҳои I, II ва III) дар ноҳияҳои кӯҳӣ, аз ҷумла шаҳрҳо, шаҳракҳо ва ноҳияҳои наздишаҳрӣ дар баландии аз сатҳи баҳр барои 800 м ба 5% ва дар шаҳрҳои дорои аҳоли аз 250 хазор то 1 миллион нафар  то 15 фоизро ташкил медиҳад. Барои шароити шаҳри Душанбе 20 фоизро интихоб менамоем.

            Таносуби нархи газ ба бензинро чунин ишора мекунем

           5     (5)

Онгоҳ (4) чунин шакл мегирад

6     (6)

            Агар нархи бензинро нисбатан доимӣ ҳисоб кунем, онгоҳ аз формула маълум мегардад, ки гашти минималии маблағбаргардонӣ аз ду омили асосӣ, яъне меьёри базавии сарфи сўзишворӣ (бензин) барои гашти автомобил () ва таносуби нархи газ ба бензин () вобаста аст. Формулаи (6) барои муайян кардани вақт каме ноқулай аст, чунки гашти солонаи автомобилҳо вобаста аз самти фаъолият гуногун аст. Аз тарафи дигар

                     7                                         (7)

ки дар инҷо  – гашти шабонарӯзии автомобил (км),  – минималии маблағбаргардонӣ () мебошанд. Онгоҳ формулаи (6) чунин шакл мегирад

8     (8)

            Агар нархи миёнаи бензинро барои соли 2021 ба 81баробар бошад, нархи миёнаи гази моеъ дар ин давра 82 буд, яъне  самаранок (бе назардошти арзиши ТГБ) буд.

            Тибқи формулаи (8) самаранокии истифодаи гази моеъро нисбат ба бензин бо шартҳои ибтидоии зерин муайян менамоем:

  • нархи бензин, 81;
    • арзиши ТГБ 91;
    • меьёри базавии сарфи сўзишворӣ (бензин) барои гашти автомобил дар ҳудуди  93(л /100 км);
    • таносуби нархи газ ба бензин дар ҳудуди 94
    • гашти шабонарӯзии автомобил, 95(барои автомобилҳои хусусӣ) ва 96(барои автомобилҳои такси.    

Ҷадвал

Муҳлати минималии маблағбаргардонӣ баъди васли ТГБ ва истифодаи гази моеъ ()  

(барои автомобилҳои хусусӣ )

Таносуби нархи

газ ба бензин

Меьёри базавии сарфи сўзишворӣ (бензин), (л /100 км)

6

8

10

12

14

16

18

0,6

1,34

1,01

0,81

0,67

0,58

0,50

0,45

0,62

1,61

1,21

0,97

0,81

0,69

0,60

0,54

0,64

2,01

1,51

1,21

1,01

0,86

0,75

0,67

0,66

2,68

2,01

1,61

1,34

1,15

1,01

0,89

0,68

4,03

3,02

2,42

2,01

1,73

1,51

1,34

0,7

8,05

6,04

4,83

4,03

3,45

3,02

2,68

 

Окуп Окуп2

Расми 1. Муҳлати минималии маблағбаргардонӣ баъди васли ТГБ ва истифодаи гази моеъ (сол)

 

Аз  диаграммаҳо бармеояд, ки муҳлати минималии маблағбаргардонӣ баъди васли ТГБ ва истифодаи гази моеъ барои автомобилҳои меьёри базавии сарфи сўзишвориашон баланд ва таносуби пасти нархи газ ба бензин минималӣ мебошад. Дар баробари ин гашти шабонарӯзии автомобил низ нақши асосиро бозӣ мекунад. Масалан барои автомобилҳои таксӣ, ки гашти шабонарӯзиашон аз 100 км зиёд аст, дар аксар ҳолатҳо то як солро ташкил медиҳад.

Хулоса

Аз таҳлили гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст:

  1. Сӯзишвории дизелӣ барои истифодабарӣ дар нақлиёти автомобилӣ, хусусан автобусҳо ва автомобилҳои боркаш бартарӣ дорад, аммо аз сабаби баъзе маҳдудиятҳои экологӣ (садои баланд ва ғайра) истифодаи муҳаррикҳои дизелӣ дар автомобилҳои сабукрав нисбатан маҳдуд аст. Ба ин нигоҳ накарда, солҳои охир бо дарназардошти такмили муҳарикҳои дизелӣ, баланд бардоштани хосиятҳои экологии онҳо истифодаи онҳо дар автомобилҳои сабукрав низ зиёд шуда истодааст.
  2. Бартарии асосии бензин, ин нишондиҳандаҳои суръатии баланди муҳаррик ва дар ҳарорати паст осон ба кор даромадан мебошад.
  3. Истифодаи гази моеъ дар автомобилҳо хароҷоти иловагиро барои насби таҷҳизот талаб менамояд ва танҳо дар сурати то 72% нархи 1 литр бензин будани нархи сӯзишвории газӣ самаранок ҳисобида мешавад.
  4. Муҳлати минималии маблағбаргардонӣ баъди васли ТГБ ва истифодаи гази моеъ аз меьёри базавии сарфи сўзишворӣ (бензин) ва гашти шабонарӯзии автомобил ва таносуби пасти нархи газ ба бензин вобастагии зич дорад.

 

 

  Мамадамон Абдулло

e-mail: mamadamonabdullo@ttu.tj

whatsapp: +992934257775


Назад к списку