Чаҳор фасли сол, чаҳор нерӯи муъҷизакор, чаҳор бародари тавонову накӯкор аст, ки аҳли башарро ризқу хушрӯзиҳо мебахшанд, замину замонро ободу амон мебахшанд. Гузашти чор фасл, ивазшавии онҳо санъати бузургест, ки Офаридгор онро идора мекунад.
Аз баҳор ёд мекунем, ки бедории табиат, эҳёи арзу само, ибтидои гирудорҳои деҳқон ба хотири фардост. Баҳор эъҷозкор аст, дашту даманро сабзаҷома ва ҳариру пургулу мунаққаш мепӯшонад. Боғистонҳоро чанбари гул ба сар мениҳад, мурғони хушилҳомро ба наво меорад, дилҳоро фараҳу нузҳат мебахшад. Дар миёни ин чаманистон инсони хушдилу сарбаландеро мебинем, ки бовиқор қадам мезанад, камарбаста, синафарох, дурнигоҳ, оламбин асту пайи амал, ҷӯёи ризқи мардум, ба ҷодаи дилёбиву некномӣ ҷадал дорад. Дар ин фасли заррин табиат аз нав эҳё гашта, дар дили пиру ҷавон нишони зиндагии пуршӯру фараҳовар аз нав арзи ҳастӣ менамояд. Рангорангии табиат ба дилҳо қувват мебахшад. Айёми ишқварзии ошиқону дилбохтагон фаро мерасад. Дар ин фасл мо иди милли тоҷикон-Наврӯзро ҷашн мегирем.
Ҳар як қавму миллат расму оин ва идҳои худро дорад, ки дар рушду такомули он ниёгонаш ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар қатори расму оинҳои пешқадами ниёгони мо оди Наврӯзро ном мебаранд ва меписанданд.
Наврӯз аз қадимулайём иди баҳор буд. Ниёгони мо дар рӯзи иди Наврӯз дастархонҳояшонро бо нозу неъмат оро дода, ба рӯйи он 14 навъи неъмат: ҳафтсину ҳафтшин мегузоштанд, ки ҳар кадомаш рамзи худро дошт.
Имрӯз халқи мо анъанаҳои ниёгони худро пос дошта, иди Наврӯзро ҳамчун ҷашни умумихалқӣ бошукӯҳу ботантана истиқбол мегиранд. Омад-омади баҳори хуррамро мардуми мо бо кишти зироату рақсу суруд пешвоз мегиранд. Деҳқон ба замин дона мепошаду ба ризқу рӯзии ояндааш таҳкурсӣ мегузорад.
Дар рӯзҳои наврӯзӣ кӯҳистони мо ҷомаи рангин ба бар гирифта, ба табиат ҳусни тозае зам намудааст. Дар талу теппаҳо гулҳои сияҳгӯш, бойчечак, гули наврӯзӣ ва ғайра пайдо шуда, аз фрорасии фасли баҳор дарак медиҳанд. Дар ин айём бачаҳо гулҳои аввалинро чида, гурӯҳ-гурӯҳ суруд замзама мекунанд:
Баҳор омад, баҳор омад,
Гули савсан қатор омад,
Ба деҳқон вақти кор омад,
Баҳори нав муборак бод!
Ҳакимов Азимҷон Абдувалиевич – донишҷӯи курси 3 гр 430103Б факултети энергетикӣ