Бахшида ба ёдбуди устодон – докторони илм, профессорон Оев А.А., Сангинов О.Қ. ва Турсунов А.А.
Инсоният дар давоми умри худ, хоҳ кӯтоҳ бошад ва хоҳ тӯлонӣ, ташаккул меёбад. Дараҷаи ташаккул ба ҳар шахс гуногун даст меёбад. Шахсе дар умри тӯлониаш он қадар ташаккул мекунад, ки гоҳе аз умри кӯтоҳу ташаккули шахси дигаре пасмонда аст.
Ёд дорам, он рӯз 24-уми майи соли 2014 буд. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи дарҳои кушод ташкил шуд. Пас аз нисфирӯзӣ хабари шуме аввалан тамоми донишгоҳ ва баъдан ҷумҳуриро фаро гирифт. Дар як садамаи нақлиётӣ се нафар устодони донишгоҳ, олимони соҳаи нақлиёт ва роҳ, докторон, профессорон – Оев Абдулҳақ Мансурович, Сангинов Облоқул Қамарович ва Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадович ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардиданд.
Он замон ҳама дар андӯҳ ва илми тоҷик низ садамаи муҳлик бар ҷонаш дид.
Имрӯз он садамаи мудҳишро ҳашт сол мешавад. Шогирдон ҳар рӯз дар тадқиқоти илмиву омӯзишҳо, дӯстон ҳар лаҳза дар гармии суҳбати дӯстона ва ҳамкорон дар ташкили кору пайкор набудани устоду рафиқу ҳамкори худро ҳис мекунанд.
Ҳамкории ман бо ин се абармарди соҳаи илми нақлиёт ва роҳ ҳамчун муовини декан солҳои дароз давом дошт. Ҳар се бо хислатҳои наҷибу инсонпарварона, низоми кориву фаъолият ва ҳалимиву меҳрубонӣ нотакрор буданд. Сахтгирии устодона, раҳму шафқати бениҳояти ҳар яки ин устодон то имрӯз вирди забони ҳамагон аст.
Соли 2005 фаъолияти ман ҳамчун муовини декани факултети Автомобилию роҳсозӣ бо устоди зиндаёд – профессор Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадович оғоз ёфт. Аз ин шахсияти маданиву донишманд таҷрибаҳои аввалини кор дар деканатро гирифтам. Имрӯзҳо дар рафти фаъолияти меҳнатӣ борҳо кӯшидаам, ки аз хислатҳои наҷибонаи ин роҳбари сахтгиру меҳрубон чизе дар зиндагӣ татбиқ намоям. Ҳеҷ гоҳ Абдуқаҳҳор Абдусамадович бо касе туршрӯю хиратабъ салом намекарданд. Бо баробари ба салом даст дароз кардан табассуми ба худи устод зебанда чеҳраи ин шахсияти нотакрорро зеб медод. Кор кардан барои ман бо чунин шахс ифтихор буд ва имрӯз шодам, ки чандин таҷрибаи зиндагиро аз устод омӯхтаам.
Пас аз ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамроҳ намудани Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон факултети Автомобилию роҳсозӣ аз рӯйи ҳаҷму шумораи донишҷӯён ниҳоят калон гардид. Дар заминаи факултети Автомобилию роҳсозӣ ва Донишкадаи нақлиёт факултетҳои Нақлиёт ва Идора ва сохтмони нақлиётӣ ташкил карда шуданд.
Роҳбарии факултети Идора ва сохтмони нақлиётиро доктори илмҳои техникӣ, профессор Оев Абдулҳақ Мансурович ба зимма гирифтанд. Ман ҳамчун муовини декан дар ин факултет фаъолиятамро давом додам. Сахтгириву поквиҷдонӣ, сарсупурдаи кори худ будан, касби худро дӯст доштани Абдулҳақ Мансурович аз хислатҳои наҷиби ин олими донишманд буд. Дар давоми фаъолияти декании ин марди роҳи илм факултет ба нишондиҳандаҳои беназир соҳиб гардид. Фаъолияту меҳнат ва мушкилнописандӣ дар вуҷуди ман дар ҳамин давраи фаъолияти коллективи факултет ҷой гирифт. То ба ин рӯз ман қаноатмандӣ ва ифтихору самимияти худро иброз медорам, ки бо Абдулҳақ Мансурович якҷоя кору меҳнат кардаву роҳи зиндагиро барои ояндаи садҳо шогирдони соҳаи нақлиёту роҳ ва оянда мутахассисони варзида кушодаам ва саҳмгузор ҳастам.
Солҳои баъдӣ роҳбарии факултет ба зиммаи инсони ҳалиму меҳрубон, поквиҷдону хоксор профессор Сангинов Облоқул Қамарович гузошта шуд. Дар давоми фаъолияти корӣ ман дар деканат дигар паҳлуҳои корбариро аз ин шахси наҷиб омӯхтам. Барои мо – муовинон ва умуман кормандони деканати факултет хоксории устоду роҳбари худ намунаи ибрат буд ва мо ҳеҷ гоҳ кӯшише намекардем, ки аз доираи инсонпарваронаи ин олими соҳа берун пой ниҳем, ба он ҳатто фикр намекардем. Ифтихормандам, ки таҳти роҳбарии Облоқул Қамарович барои таҷриандӯзии кориву меҳнатӣ ва ҳаётӣ фаъолият намудаам. Аввалин қадамҳои худро дар тадқиқоти илмӣ ва соҳиби унвони илмӣ гардидан бо роҳбаладии ин олими шинохта гузоштаам.
Ёд дорам, ки устодон Турсунов А.А. ва Сангинов О.Қ. моро дарс медоданд ва мо донишҷӯёни факултет ҳар дарси онҳоро бо бесабрӣ интизорӣ мекашидем. Имрӯз ҳангоми дарсу касбомӯзӣ тамоми шогирдон аз услубу методҳои онҳо истифода мебаранд.
Асарҳои илмиву таълимӣ ва методии устодон имрӯз китоби рӯйимизии на танҳо устодони ҷавони донишгоҳ аст, балки барои тамоми мутахассисони соҳаи нақлиёт ва роҳ ҳидоятгару дастури меҳнатист.
Саволе ҳар замон пайдо мешавад, ки оё чунин шахсон боз пайдо мешаванд? Оё кас мисли онҳо ташаккул ёфта метавонад ва ба ин кумаки кӣ лозим аст?
Албатта, шахс ташаккул меёбад. Аммо бо меҳнати тӯлониву сарсупурдагӣ метавон ба ин мақсад расид. Солҳои тӯлоние лозим аст, ки мисли Оев А.М., Сангинов О.Қ. ва Турсунов А.А. олимон ба воя расанд. Ба ин кумаку роҳбаладии инсонони мисли ин олимон наҷиб лозим аст, ки то ба қуллаи мурод бирасӣ. Меҳнату бедорхобӣ ва аз худ гузаштанҳо лозим аст, ки он ҳама роҳи тайкардаи устодони худро давом дода тавонӣ. Аммо хислати наҷибу инсондӯстонаи устодон нотакрор аст...
Дар ниҳоят аз номи тамоми ҳамкорон, шогирдон ва дӯстон устодони зиндаёд Оев Абдулҳақ Мансурович, Сангинов Облоқул Қамарович ва Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадовичро бо некӣ ёд карда, орзуи онро дорам, ки хонаи охираташон пурнуру ҷояшон биҳишт бошад. Мо шогирдон доимо дар ёди неки онҳо ҳастем ва ифтихор дорем, ки шогирдони чунин устодон мебошем.
Ёдатон ба хайр, устодони зиндаёд!.
Юнусов Ф.М.