ДАВРИ АВВАЛИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН.

 02.09.2025

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН.

Санаи 17 - уми март дар толори китобхонаи рақамии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Дар озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, директори китобхонаи рақамӣ, омӯзгорон, магистрантҳо ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Кори озмунро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдуллозода Р. Т. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор додаанд, ки ҳамасола дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ташкил ва баргузор мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 - январи соли 2025 таҳти рақами АП - 709 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.

Сипас дар фарҷоми суханронӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия аъзои ҳакамонро ба ҳозирин ва иштирокдорон муаррифӣ намуда, ба кори озмун барору комёбӣ ва ба иштирокчиён забони буро, ҳушёриву қавииродагӣ ва иштироки фаъолро таманно намуданд.


Назад к списку