РУШДИ ҲАМКОРИҲО

 16.10.2025

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКӢ ВА ТЕХНОЛОГӢ БО ҶДММ «АРВИС»

 
Бо ташаббуси кафедраи технология ва таҷҳизоти саноати нассоҷии факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохӯрии судманде дар корхонаи нассоҷии ҶДММ “АРВИС” бо ишитироки садорати факултет, донишҷӯён ва намояндагони корхонаи нассоҷӣ Одинаев Одинашо менеҷер оид ба банақшагирии стратегӣ, Маҳмудов Ҷамшед сардори департаменти истеҳсолот, Муҳаммад Тариқ мушовир оид ба истеҳсолот ва фурӯш ва дигар намояндагони корхона дар асоси барномаи дуалӣ ва баргузории дарсҳо дар дохили корхона баргузор гардид.
Корхонаи нассоҷии ҶДММ “АРВИС” дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардидааст, ба истеҳсоли матои патдор ва маҳсулоти тайёри патдор, аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол ва дигар номгӯи маҳсулот машғул мебошад.
 
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона дастгоҳҳои муосири нассоҷӣ аз кишварҳои Белгия, Олмон, Туркия, Ҷопон ва Корея харидориву насб шудааст ва онҳо имконияти хуби таъмини сифати баланди маҳсулоту рақобатпазир будани онро доранд. Корхонаи нассоҷӣ дорои коргоҳҳои тортанӣ, суфтакунӣ, бофандагӣ, рангубор, тарроҳӣ ва дӯзандагӣ буда, фаъолияти он ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, роҳандозии раванди пурраи коркарди пахта дар дохили кишвар ва истеҳсол намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.
Дар Корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис” истеҳсоли матоъ, рангубори он, нармкунӣ ва омодасозии маҳсулоти ниҳоии баландсифат роҳандозӣ шудааст. Инчунин дар корхона филиали кафедра ифтитоҳ шудааст, ки донишҷӯён метавонанд минбаъд ба пуррагӣ бо корхона шинос шаванд.557675191_1419045710224224_8967994900188848555_n558693768_1419045660224229_3796848999637316257_n

Назад к списку