МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ

 16.10.2025

ИҚБОЛИ МИЛЛАТ АЗ СОЛИМИИ МИЛЛАТ

 
Таҳти чунин унвон субҳи 11 октябри соли ҷорӣ, бо иштироки устодону кормандони факултети технологияи рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими неруи ҷисмонӣ ва боло бурдани руҳияи ҳамкориву дӯстӣ миёни устодон роҳандозӣ шудааст.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳамчун як қисми тарзи зиндагии солим метавонанд асоси нерӯи ҷисмонӣ ва равонии мардумро такомул диҳад, ки барои иҷрои корҳои гуногун аз кори ҳаррӯза то пешбурди иқдомҳои бузург муҳим аст.
Ояндаи миллат ба рафтор ва ҳолати имрӯзаи мардум ва умуман ба сифати зиндагии онҳо вобаста аст. Агар мардум имрӯз саломатӣ ва рӯҳияи хуб дошта бошанд, имкониятҳои беҳтаре барои рушду инкишофи ҷомеа ва кишвар дар оянда фароҳам меоранд.558427630_1425132952948833_3255990274184243016_n561618327_1425132999615495_1131628257636388878_n

Назад к списку