ВОХӮРИИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ 35 СОЛАГИИ ХАТМИ ФАКУЛТЕТ

 16.10.2025

ПАЙВАНДИ НАСЛҲО

Дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии хатми факултаи "Нақлиёт ва инфрасохтори роҳ" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хатмкардагони гурӯҳҳои:
 
1609 – «Автомобилҳо ва хӯҷагиҳои автомобилӣ»
1211 – «Роҳҳои автомобилгард»
1725 – «Иқтисод ва идора дар нақлиёти автомобилӣ»
бо якдигар ва бо донишҷӯёни имрӯзаи донишгоҳ мулоқот намуданд.
 
Меҳмонон нахуст аз осорхонаи донишгоҳ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз боздид карда, аз пешрафту дастовардҳои донишгоҳ изҳори хушнудӣ намуданд.
Дар толори асосӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, декани факултет, устодон ва инчунин собиқ устодон ва ҳамсабақон тариқи онлайн ширкат варзиданд.
Бо суханини ифтитоҳӣ муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Тоҳир Маҷидзода ҳозиринро хайрамақдам намуда., сипас муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Рамазон Абдуллозода ҳозиринро мухтасар бо ҳолати кунунии донишгоҳ ва дастовардҳои он шинос намуданд.
Инчунин декани факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо, Фахриддин Низомзода, ҳозиринро бо таърихи рушд, дастовардҳо ва дурнамои факултет ошно намуд. Қайд гардид, ки имсол донишгоҳ донишҷӯёнро дар ду ихтисоси нави замонавӣ ба таҳсил фаро гирифтааст:
 
«Автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ»
«Дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда»
 
Ҳамзамон устодон Саидраҳмон Назриев, номзади илмҳои техникӣ, собиқ дотсенти кафедраи Истифодабарии техникии автомобилҳо (онлайн), Вячеслав Лигай, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти пешинаи кафедраи Истифодабарии техникии Автомобилҳо, собиқ муовини декани факултет (оид ба таҳсили шабона ва ғоибона), Ёрмаҳмад Холов, хатмкардаи гурӯҳи 1609, собиқ муаалими калони кафедраи Истифодабарии техникии автомобилҳо (с 1990-1998), генерал-майор Маҳмадсаид Саидзода, хатмкардаи гурӯҳи 1211 ҳамсабақи хориҷӣ Ҷаъфар Деҳқонпур (онлайн) суханронӣ намуданд.
Ин вохӯрӣ на танҳо хотираҳои ширини солҳои донишҷӯиро зинда кард, балки барои донишҷӯёни имрӯза низ сабақи хуби пайванди наслҳо ва идомаи анъанаҳои беҳтарини донишгоҳ гардид.
 

Партави ҳусн аст, оре, илму ахлоқу адаб,

Бе адаб, бе илм, беқадр аст, ин набвад аҷаб.

Гар набинад мактабу таълиму устоду адаб,

Кас чу ҳайвон мешавад, гарчи бувад олинасаб.559377619_1425437096251752_7460504854230380207_n558324164_1425437242918404_7822556284077138727_n


Назад к списку