ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ВАРЗИШӢ

 16.10.2025

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ВАРЗИШӢ

Боиси хушнудӣ ва сарафрозист, ки донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-260203-23 – логистикаи факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора Муродов Нурулло Фаррухович, санаи 29-уми сентябри соли 2025 дар доираи бозиҳои кишварҳои ИДМ оид ба теквандо дар ҷумҳурии Озарбойҷон сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

Ин дастоварди назарррас гувоҳи маҳорати баланд ва заҳматҳои пайвастаи Муродов Нурулло Фаррухович мебошад.

Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён садорати факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора, кафедраи иқтисодиёт ва логистикаи нақлиёт, бо ифтихор ин дастовардро ба Муродов Нурулло Фаррухович таҳният гуфта, барояш дар оянда фатҳи қуллаҳои навро дар арсаи варзиш ва илмомӯзӣ таманно менамоянд.


Назад к списку