МЕҲРГОН – ОИНАИ ФАРҲАНГУ ЗАБОН

 17.10.2025

МЕҲРГОН – ОИНАИ ФАРҲАНГУ ЗАБОН

 
Бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон силсилачорабиниҳои илмӣ – маърифатӣ дар ҳамоҳангӣ бо садорати факултетҳо бо иштироки донишҷӯён доир гашта истодааст.Санаи 17 октябри соли равон дар факултети энергетикии Донишгоҳии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки декани факултети энергетикӣ Юсуфзода М.Ю., сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шарофзода Э.У., муовини декан оид ба тарбияи факултет Ҳакимов Д ва донишҷӯёни курсҳои аввал семинари илмӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Меҳргон – оинаи фарҳангу забон” баргузор гардид.
 
Кори семинарро Манучеҳр Юсуфзода бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷашни Меҳргон дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, №538, ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи октябр баргузор гардида, ифодаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат мебошад.
 
Дар идома Эраҷ Шарофзода вобаста ба моҳият ва аҳамияти таърихии ин ҷашни аҷдодӣ андешаронӣ намуда, зимни суханронӣ таъкид дошт, ки меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд. Ҳамин тариқ, ҷашни Меҳргон на танҳо як анъанаи куҳани фарҳангист, балки ҷашни сарҷамъӣ, заҳмат, қадршиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки гузаштагони мо ин рӯзро ҳамчун иди табиат, фаровонӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои офариниш таҷлил менамуданд. Ин иди шукргузорӣ на танҳо намоиши неъматҳои бо арақи ҷабини деҳқон рӯёндашударо фаро мегирад, балки як майдони омӯзиш ва табодули таҷриба барои кишоварзон низ ҳаст. Дар доираи баргузории он, деҳқонон ва мутахассисони соҳа метавонанд аз навъҳои гуногуни зироат, хусусиятҳои иқлимӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ маълумот пайдо намоянд.2_11_1IMG_4502

Назад к списку