Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_262c9p0h542p4pnhl0df6953tk in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_262c9p0h542p4pnhl0df6953tk): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_fuh7j6be74b0scpgir0j677aku in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_fuh7j6be74b0scpgir0j677aku): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_lpnrmge4opq8anoa27fip4hek2): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_pch5q8gov7n87p9djmjk71j0q1 in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_pch5q8gov7n87p9djmjk71j0q1): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20
МАҲФИЛИ ШОҲНОМАХОНӢ

МАҲФИЛИ ШОҲНОМАХОНӢ

 30.10.2025

ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД...

 
Бо ташаббуси роҳбарияти литсейи техникии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, дар ҳошияи роҳандозӣ гардидани иқдоми неки фарҳангпарварона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба мардуми тоҷик, маҳфили “Шоҳномахонӣ” доир карда шуд, ки дар он хонандагони литсей ҷалб карда шуданд.
Дар маҳфил хонандагон аз достонҳои Шоҳнома порчаҳо қироат намуда, ҳамчунин саҳначаҳои ҷолибро низ иҷро карданд. Таъкид гашт, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар синни 35-солагӣ пас аз он, ки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» дар бораи гузаштаи халқҳои Эрон маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ «Шоҳнома» шурӯъ намуд. Сар то сари он ба ҳимояи чунин давлат ва ягонагии мардум бархоста, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ барин волотарин хислатҳои инсониро тарғиб намудааст.
 
Шоҳнома - ин достонест, ки Фирдавсиро дар олам машҳур кардааст. Фирдавсӣ зиёда аз сӣ соли ҳаёти худро барои навиштани "Шоҳнома" сарф кардааст. Муқаддимаи «Шоҳнома» аз бобоҳои «Оғози китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад», гуфтаҳоро дар офариниши олам, мардум, «Ситоиши паёмбар ва ёронаш» фароҳам омадааст. Достон аз се фасли асосӣ иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён бахшида шудааст. Мобайни фасли дуюму сеюм дар бораи таърихи Ашкониён низ сухан меравад. Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшоҳони Эронзамин (аз Каюмарс то Яздигурди III) таркиб ёфтааст, қайд гардид дар идомаи маҳфили Шоҳномахонӣ.
 
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории чунин маҳфилҳо, ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи шоҳномахонӣ миёни ҷавонону наврасон ва ба ин васила таҳкими ҳувияти миллӣ миёни онҳо, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши ҳамаҷонибаи корнамоиҳои аҷдодони хеш дар дарозои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва дар ин замина огоҳӣ пайдо намудан аз саҳми миллати куҳанбунёду соҳибхиради тоҷик дар ташаккули тамаддуни насли башар, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар “Шоҳнома”-и ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, ба ҳисоб меравад.

Назад к списку