КОНСТИТУТСИЯ — РАМЗИ ИФТИХОР ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛӢ

 05.11.2025

КОНСТИТУТСИЯ — РАМЗИ ИФТИХОР ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛӢ

Бо ташаббуси факултети энергетикӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҷиҳати дар амал иҷро намудани бандҳои нақша – чорабиниҳо, маҳфили илмӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Конститутсия — рамзи ифтихор ва ягонагии миллӣ” бо иштироки декани факултет Юсуфзода М.Ю, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шарофзода Э.У., муовини декан оид ба тарбияи факултет Ҳакимов Д, сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
 

Манучеҳр Юсуфзода маҳфилро бо суханони табрикотӣ оғоз намуда, иштирокдоронро ба муносибати 31-умин солагрди қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ибрози назар намуд, ки қабули Конститутсияи соли 1994, баъд аз пошхӯрии Шуравӣ, қадами аввалин ва муҳими Тоҷикистон дар роҳи мустаҳкам кардани истиқлоли давлатӣ буд. Ин ҳуҷҷат ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ тамоми сохтори давлат, мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои байни давлату ҷомеа ва фардро муайян ва танзим мекунад. Конститутсия бори аввал ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро муқаддас ва дахлнопазир эълон кард ва барои онҳо кафолати давлатӣ дод. Ҷомеа тавассути Конститутсия дарк намуд, ки давлат бояд ба манфиати шаҳрвандон хизмат кунад ва мардум манбаи ҳокимияи давлатӣ мебошад.

 
Дар идомаи маҳфил Эраҷ Шарофзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳо аз омилҳои муҳим барои пойдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ва пешрафти давлат аст. Баланд бардоштани сатҳи маърифати конститутсионии аҳолӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониву мулоқот ва суҳбатҳояш иброз намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа, дар замири ҳар шаҳрванд парваридани ҳисси масъулият барои пешрафти мамлакат, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнии миллат, шинохт ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслӣ ва ҳатмии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ҳамкории муосир миёни давлат, ҷомеа ва воситаҳои ахбори умум барои ин ҳадаф калидӣ аст.
2_21_23_27_1

Назад к списку