ЛИВОИ ПОДШОҲӢ БАР ТУ ЗЕБОСТ!

 19.11.2025

ЛИВОИ ПОДШОҲӢ БАР ТУ ЗЕБОСТ!

Дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети технологияи химиявӣ ва металургӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Ливои подшоҳӣ бар ту зебост” бо иштироки муовини декан оид ба тарбияи факултет Шарифов Н., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шоҳқурбонова Ҷ.Ш., сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч ва донишҷӯёни факулетет баргузор гардид.
Наҷибулло Шарипов чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ – табрикотӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ду ҷашни бузург ва таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, таъкид дошт, ки дар таърихи миллати тоҷик низ зиёданд афроде, ки бо фаъолияту корнамоияшон ин миллати соҳибфарҳангу тамаддунофарро ба оламиён муаррифӣ кардаанд ва бо ин номи худро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт намудаанд. Яке аз фарзандони фарзонаи ин миллат, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози халқи тоҷик ба арсаи таърих омад ва ин миллатро аз ҷанги хонумонсӯз ва вартаи ҳалокат раҳонид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин шахсияти таърихӣ ва чеҳраи мондагори миллат тавонист дар як марҳалаи бисёр кўтоҳи таърихӣ халқро муттаҳиду сарҷамъ намояд ва арзишҳои миллӣ ва суннати давлатдориро пойдор намуд.
Дар идомаи чорабинӣ маърузачиён зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад, зеро 16 ноябри соли 1992 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи тақдирсоз сабт шудааст. Дар иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ ва дар воқеъ, Сарвари давлат интихоб гардид. Ин интихоби таърихӣ нуқтаи оғози як марҳилаи нави давлатсозӣ ва наҷоти миллат гардид. Ба қавли бисёр таҳлилгарон, агар он вақт чунин шахсияти оқилу ватандӯст ба сари ҳокимият намеомад, эҳтимоли аз байн рафтани давлатдории тоҷикон вуҷуд дошт. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти бузурги давлатдорию давлатсозӣ ва бо иродаи устувори хеш тавонистанд миллатро аз вартаи ҷанг наҷот дода, ҷомеаро ба роҳи сулҳу ризоият ва пешрафт ҳидоят намояд. Аз ин рӯ, рӯзи 16 ноябр, ки оғози давраи нави сулҳу ваҳдат ва давлатдории тоҷикон аст, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Слайд2Слайд3Слайд4Слайд6Слайд7Слайд5
 

Назад к списку