ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶӮҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 19.11.2025

ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶӮҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати тарбия бо ташаббуси бахши кор бо занон дар факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора мизи мудаввар таҳти унвони “Занон дар меҳвари таваҷҷӯҳи Пешвои миллат” бо иштироки раиси занони ноҳияи Шоҳмансур Ализода Фарида, сармутахасиси шуъбаи кадрҳои ноҳияи Шоҳмансур Хоҷаева Насиба, д.и.ҳ., профессор Раупова Манзура, мудири бахши кор бо занон Норкулова Гуландом, муовини декан оид ба таълими факултет Саидзода М, муовини декан оид ба тарбия Убайдзода Қ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро Қандил Убайдзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, ҷашнест, ки мақоми Роҳбари давлатро ҳамчун рамзи Ваҳдати миллӣ, суботу амният, пешрафти иқтисодӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон таҷассум менамояд. Ин рӯз на танҳо эҳтироми мардум ба Президенти маҳбуби кишвар, балки арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хиради сиёсӣ, иродаи матин ва ҷасорати давлатсозии худ саҳифаҳои наву тақдирсози таърихи миллатро навиштаанд.
Фарида Ализода, Насиба Хоҷаева, Манзура Раупова ва Гуландом Норкулова дар идома суханронӣ намуда, бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ чорабиниро шукуҳи дигар бахшиданд.
Таъкид гашт, ки аз нигоҳи мо, занони тоҷик, Рӯзи Президент як лаҳзаи хотирмонест, ки имконият медиҳад то ба ёд оварем чӣ қадар ва чӣ гуна Пешвои миллат барои барқарории давлат, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва рушди ҷомеа заҳмат кашидааст. Ҳамзамон, ин рӯз моро ба вафодорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва фарҳангсозӣ, инчунин ба дастгирии сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат ҳидоят мекунад.
Ҳамин тавр, аз нигоҳи занону бонувони тоҷик, Рӯзи Президент на танҳо ҷашн аст, балки рамзи ваҳдат, хизмат ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳар дастоварде, ки имрӯз дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, пайвандгари заҳматҳои Пешвои миллат ва талошҳои ҳар як фарди ватанпараст мебошад. Ба шарофати сиёсати оқилона ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Тоҷикистон на танҳо давлати соҳибистиқлол ва устувор аст, балки ҷомеае сохта мешавад, ки дар он ҳар фарди кишвар, ба вижа занону ҷавонон эҳтиром ва дастгирӣ меёбанд.
photo_2025-11-10_15-31-10photo_2025-11-10_15-31-12 (2)photo_2025-11-10_16-47-32photo_2025-11-10_16-47-33 (2)photo_2025-11-10_16-47-33 (6)photo_2025-11-10_15-31-12 (4)

Назад к списку