ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҚОСИДИ СУЛҲ

 19.11.2025

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҚОСИДИ СУЛҲ

Таҳти чунин унвон дар факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки декани факултет Юсуфзода М.Ю., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шарофзода Э.У., мудири бахши кор бо занон Норкулова Г.Р., омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро Манучеҳр Юсуфзода бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ намуда, қайд дошт, ки Рӯзи Президент рамзи садоқат, ваҳдат ва эътимоди халқ ба Роҳбари давлат мебошад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнест, ки мардум бо ифтихор таҷлил мекунанд. Он рамзи арҷгузорӣ ба шахсияти Сарвари давлати хирадманд, бунёдгузори сулҳу субот ва кафили пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин рӯз ифодаи қадрдонии миллат аз хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, ваҳдатофарӣ ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар аст.
Дар идома маърузачиён зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвари мо шахсияте ҳастанд, ки тавассути сиёсати дурбинонаи он кас давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷомеа боз як бор ба қаҳрамониҳои сиёсии Пешвои маҳбуби миллат, хидматҳои беназир ва саҳми тақдирсози ӯ дар таърихи давлату миллат назар афканад. Ин хизматҳои мондагор ҳамчун саҳифаҳои тиллоии таърихи навини тоҷикон боқӣ монда, барои наслҳои оянда сарчашмаи худшиносиву ифтихор хоҳанд буд.
 
Ҳар нафас озод мегӯям сухан,
Шукри Пешвои муҳаббатофарин.
Пешво бо Тоҷикистон зинда бод!
Мо дуогӯем, ки озоре набин.
1_32_33_34_2

Назад к списку